Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пой ва сутунмӯҳраи муҳоҷирон шикаст. Аз тарси милиса аз табақаи дуввум париданд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав мақомоти интизомӣ тафтиши амалкарди ду маъмури милисаро оғоз кардаанд, ки ба сӯистифода аз мақом ва бадрафторӣ бо муҳоҷирон муттаҳам мешаванд.

Ба гуфтаи шоҳидону ҳомиёни ҳуқуқ рӯзи 20-уми сентябр ду афсар вориди хонаи иҷораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шудаанд ва аз тарси онҳо ду муҳоҷири узбек худро аз тиреза берун андохтаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирони ҷабрдида ва ҳомиёни ҳуқуқ, ҳангоми ҳодиса кормандони пулис, либоси мулкӣ доштанд ва маст будаанд. Онҳо ба хонаи муҳоҷирон даромада, пул талаб кардаанд.

Баъди латукӯби бераҳмона ба муҳоҷирони узбек бо туфанг таҳдид кардаанд ва ду нафар аз тарс худро аз ошёнаи дуввум поин андохтаанд. Ба гуфтаи табибон, яке аз онҳоро пой ва дигариро сутунмӯҳрааш шикастааст. Илҳом Холматов, яке аз муҳоҷирони ҷабрдида мегӯяд: “Соатҳои 10 ба 11-и шаб хӯрок мехӯрдем. Ногаҳон ду муфаттиш бо либоси мулкӣ омаданд ва ба латтукӯби бачаҳо оғоз карданд. Вақте навбат ба ман расид, якеаш таппончаро берун овард ва гуфт, ки мепарронад. Дигар чизеро дар хотир надорам. Вақте ба худ омадам, рӯи замин бо пойи шикаста мехобидам.”

Пой ва сутунмӯҳраи муҳоҷирон шикаст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Ҳарду муҳоҷир беш аз як соат дар рӯи замин мондаанд ва ҳеҷ яке аз афсарон табибонро ҳам даъват накардааст. Баръакс ба гуфтаи муҳоҷирон, ба латукӯби онҳо дар хона идома додаанд ва 10 ҳазор рубл талаб кардаанд. Элёрбек Умаров, муҳоҷири қирғиз мегӯяд: “Мисли бозпурсӣ буд. Ҳатто ҳуҷҷати худро нишон надоданд. Аз ман пурсиданд, ки аз куҷоям. Гуфтам аз Қирғизистон. Вақте ба суолҳо посух медодам, ногаҳон ба рӯям сахт торсакӣ зад.“

Як меҳмони беҳуш дар рӯи замин хобидаро ҳамсари соҳибхона баъди як соат ва баъди бозгашт аз мағоза дида, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардааст. Бо шунидани садои мошини табибон афсарони муттаҳам ба ғорат онҷоро тарк кардаанд ва баъдан кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ ба беморхона омада, аз ҷабрдидаҳо талаб карданд, ки зери баёноте имзо гузоранд, ки бар тибқи он, гӯё ҳарду ҷанҷол карда ва аз тиреза паридаанд.

Биное, ки муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд.
Биное, ки муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд.


Муҳоҷирон зоҳиран аз тарс ҳуҷҷатро нахонда, имзо гузоштанд, аммо ҳодиса аз назари ҳомиёни ҳуқуқ дур намондааст. Ботурҷон Шерматов, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекунад, мегӯяд: “Милисаҳо таҳдид карданд, ки муҳоҷирон метавонанд, дучори мушкил шаванд. Метавонанд, аз онҳо маводи мухаддир пайдо кунанд. Баъди ин ман ба навбатдори додситонии вилояти Маскав занг задам. Ӯ ба ман рақами телефони Кумитаи тафтишотии Маскавро дод, он ҷо занг задам ва аризаи маро қабул карданд. «

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ҳам барои тафтиши қазия муроҷиат кардааст ва ҳамзамон ба муҳоҷирони боқимондаи ҷабрдида, ки дар хона монда буданд, дар навиштани ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак кардааст. Ӯ гуфт: «Маъмурони пулис дунафара баргаштаанд ва ба латтукӯби шаҳрванди Қирғизистон Умаров идома додаанд. Вақте муҳоҷир меафтод, фармон медодаанд, ки бархезад ва боз мезаданд. Аз ӯ 10 ҳазор рубл талаб кардаанд.”

Шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Маскав қазияро ба нашрияи «Подмоскове Сегодня» чунин шарҳ додааст: ”Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, ва тамоми паҳлӯҳо омӯхта мешавад. Дар сурати ошкор шудани айби милисаҳо, онҳоро аз кор ронда ва бар асоси қонун ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо муҳоҷирони ҷабрдида аз тарси такрори бадрафторӣ ва аз бими ба “мушкил дучор” нашудан ба хонаи дигар кӯчидаанд. Маъмурони муттаҳам ба бадрафторӣ бо муҳоҷирон айни ҳол дар озодӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG