Ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки бо дарёфти 100 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт аз Бонки ҷаҳонӣ, дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ гузаронад. Аз ҷумла баҳри таъмини рақобат дар кишвар бояд қонуни алоҳида қабул шуда, барои ҳама соҳибкорон шароити баробари кор фароҳам шавад.
Бонки ҷаҳонӣ 1-уми июл дар гузорише эълон кард, ки барои дастгирии ислоҳот дар бахшҳои иқтисоди рақамӣ, ҳавонавардӣ ва энергетика, ба Тоҷикистон 100 миллион доллар грант медиҳад.
Ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ҳадаф аз додани ин маблағ ба Тоҷикистон, "бунёди иқтисоди кушода ва таъсиси шумораи бештари ҷойҳои кории дорои музди меҳнати баландтар" аст.
Дар хабарномаи ин созмони молӣ омадааст, Тоҷикистон то ҳол аз интиқоли маблағ ва сармоягузориҳо аз хориҷ вобастагии калон дорад.
Гаэл Раббаланд, намояндаи доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, интизор доранд, ки тарҳи нав барои "беҳбудиҳои воқеӣ дар зиндагии мардум ва вусъатдиҳии имкониятҳо барои соҳибкорӣ" кумак мекунад.
Тарҳи Бонки ҷаҳонӣ пурзӯр кардани рақобат дар бахши алоқа бо ҳадафи поён бурдани нархи интернет ва беҳтар кардани хадамоти фурудгоҳҳо барои ҷалби бештари ширкатҳои ҳавопаймоиро пешбинӣ мекунад.
"Ҷолибтар гардонидани бахши энергетика барои сармоягузориҳои хусусӣ, таъмини кӯмаки иҷтимоии бештар мақсаднок ва инчунин боло бурдани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии корхонаҳои давлатӣ", аз ҳадафҳои дигари ин тарҳ гуфта шудааст.
Дар иваз ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки барои таъмини шароити баробар барои ҳама соҳибкорон, ҳаҷми ёриҳои давлатиро коҳиш дода, барои "таҳкими назорати бозор" қонуни нави рақобатро қабул мекунад.
Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон интиқод карда гуфтаанд, ин раванд шаффоф нест ва танҳо ширкатҳои "худӣ ва наздик ба ҳукумат" аз имтиёзҳо бархурдор мешаванд. Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, ин гуна танқидҳоро рад карда гуфтанд, Тоҷикистон “ширкати угай надорад” ва имтиёзҳо ба ҳама баробар дода мешавад.
Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун дар шароити иқтисоди бозорӣ миёни ширкатҳо рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва аз тарафи дигар буҷаи кишвар аз даромад маҳрум мемонад.
Тарҳи нави Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин корхонаҳои давлатии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, ки бо ҳадафи таъмини шаффофият, дар бораи корашон бештар маълумот пахш кунанд.
Бузургтарин корхонаҳои давлатии Тоҷикистон ба монанди ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Тоҷик Эйр" борҳо фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст карда, миллионҳо сомонӣ қарздор ҳастанд.
Феълан рӯшан нест, ки баъди талаби Бонки ҷаҳонӣ, дар кори ширкатҳои давлатии Тоҷикистон чӣ тағйирот пеш меояд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин тарҳи нави Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Бонки ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин маблағгузорони Тоҷикистон аст. Ин созмони молӣ дар гузориши ахираш гуфтааст, феълан 25 лоиҳаро дар ҳаҷми қариб 2 миллиард доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.