Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи ворис. Рамазон Қодировро кӣ иваз хоҳад кард?

Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Ворисӣ ба тахт дар Русия ҳеч гоҳ сода набудааст. Дар Чеченистони тобеи он аз он ҳам печидатар. Ин мавзуъ дар пасманзари гуё бад шудани вазъи саломати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, доғ шуд. Қодиров ҳанӯз 50-сола нест ва зиёда аз бист сол боз Чеченистонро идора мекунад.

Вай овозаҳоро дар бораи беморияш рад карда, зоҳиран мехоҳад, ҷилави қудрату сарватро дар Чеченистон дар дасти пайвандонаш бигузорад. Дар айни замон, рақибони ӯ камин гирифтаанд, то оилаашро "саркӯб" ё ҳадди ақал онҳоро аз баъзе аз ваколатҳо маҳрум кунанд.

Рамазон Қодиров пас аз Дар ҳамлаи террористӣ кушта шуд, Аҳмад Қодиров, дар соли 2004 қудратро дар Чеченистон ба даст овард ва бист сол боз ин ҷумҳурии Қафқози Шимолиро бо мушти сангин, поймоли фаровони ҳуқуқи инсон ва қонунҳои нонавиштааш раҳбарӣ мекунад. Ӯ дар ин муддат фарзандону хешовандони худро ба вазифаҳои калидии давлатӣ таъйин карда, соҳиби амволи зиёд гаштааст ва артиши нимахусусии худро дорад.

Бар асоси қонун, раҳбари Чеченистон бояд касе шавад, ки 30-сола бошад. Ҳеч яке аз фарзандони Рамазон Қодиров ба ин талабот посухгӯ нестанд. Духтари калонии ӯ ҳамагӣ 27 сол дорад. Писари калонияш Аҳмад 20-сола аст ва Одам аз он ҳам хурдтар. Ҳамагӣ 18-сола. Вай моҳи январи имсол дар Грозний ба тасодуфи нақлиётӣ дучор шуд ва дар бемористон аст.

Дар чунин шароит, агар вазъи саломати Рамазон Қодиров воқеан бад шавад, кӣ метавонад ҷойи ӯро бигирад? Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолии тахтнишин дар Чеченистонро тартиб дод.

АҲМАД ҚОДИРОВ

Аҳмад Қодиров
Аҳмад Қодиров

Аҳмад Қодиров писари калонии Рамазон Қодиров аст. Ӯро ба хотири бобояш чунин ном гузоштаанд. Вай дар ҳоли ҳозир бист сол дорад.

Ин писари Қодиров дар 18-солагӣ муовини вазири варзиш, вазири корҳои ҷавонони Чеченистон ва раиси бошгоҳи футболи "Аҳмад" буд. Дар соли 2023, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, бо президенти Русия Владимир Путин дар Кремл мулоқот кард. Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ бовар доштанд, ки ин ба маънои тасдиқи ворисии ӯст.

Аҳмад Қодиров дар соли 2024 вазири варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва дар моҳи январи соли 2026 муовини сарвазири Чеченистон таъйин шуд.

ОИША ҚОДИРОВА

Оиша Қодирова
Оиша Қодирова

Оишаи 27-сола, духтари калонии Рамазон Қодиров, то ин дам мақомҳои намоён, аммо начандон муҳим кор кардааст. Дар соли 2020 ноиби аввали вазири фарҳанг ва пас аз се соли он муовини аввали сарвазир дар умури иҷтимоӣ гардид.

Қодирова соҳиби хонаи мӯди "Фирдавс" низ ҳаст, ки дар Чеченистон ва гӯшаҳои дигари Русия либосҳои занона ва мардонаро ба бозор ироа медиҳад. Вазорати молияи Амрико дар соли 2022 Оиша ва толори мӯди ӯро таҳрим кард.

Духтари Рамазон Қодиров моҳи феврали соли 2025 аз кораш дар ҳукумати Чеченистон истеъфо дод ва изҳор дошт, ки "кори давлатӣ бештар барои марди қавӣ муносиб аст".

ОДАМ ҚОДИРОВ

Одам Қодиров
Одам Қодиров

Одам, писари сеюми Рамазон Қодиров, дар наврасӣ аз ҷониби падараш ба мақомҳои баланд пешбарӣ шуд. Ҳоло 18-сола аст. Дар 15-солагӣ бо латукӯби Никита Журавел, шаҳрванди Русия, ки ба сӯзондани Қуръон муттаҳам шуда, барои муҳокима ба Чеченистон фиристода шуда буд, машҳур гашт. Дертар Одам Қодировро сардори хадамоти амнияти президенти Чеченистон таъйин карданд.

Вай дар тобистони соли 2025 бо набераи Одам Делимхонов, яке аз ёрони наздики падараш, хонадор шуд. Дар аввали моҳи январи соли 2026 корвони мошинҳои Одам дар Грозний тасодуф кард, ки дар натиҷа писари дӯстдоштаи Қодиров ҷароҳати вазнин бардошт ва барои табобат ба бемористони Маскав бурда шуд.

ОДАМ ДЕЛИМХОНОВ

Одам Делимхонов
Одам Делимхонов

56-сола аст ва узви хонаводаи Рамазон Қодиров. Наберааш бо писари раҳбари Чеченистон издивоҷ кардааст. Аз соли 2007 ҳампаймони наздики Қодиров ба шумор меравад.

Намояндаи Чеченистон дар Думаи давлатӣ аст, вале муносибаташ бо баъзе аз доираҳои ҳоким дар Русия чандон хуб нест. Делимхонов ба монандаи Қодиров ба поймоли сершумори ҳуқуқи башар муттаҳам мебошад.

Мақомоти Дубай ӯро ба куштани Сулим Ямадаев, рақиби калидии Рамазон Қодиров, дар соли 2009 гумонбар донистанд. Ин иттиҳом пас аз сафари Қодиров ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз байн рафт. Ҳамон сол Қодиров дар мусоҳибае изҳор дошт, ки Делимхонов "дӯсти наздиктарин ва ҳатто наздиктар аз бародар" ва вориси бартари ӯст. Писарони Қодиров дар он вақт ҳанӯз хурд буданд.

МУҲАММАД ДОВУДОВ

Муҳаммад Довудов
Муҳаммад Довудов

Муҳаммад Довудови 45-сола, маъруф бо лақаби "Лорд", аз моҳи майи соли 2024 сарвазири Чеченистон аст. Тибқи Қонуни асосӣ, пас аз марги Қодиров ӯ иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Чеченистон хоҳад шуд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар вайро ба даст доштан дар одамрабоӣ, шиканҷа ва инчунин нақши намоёнаш дар таъқибу озори ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон айбдор мекунанд. Пеш аз таъйин шуданаш ба мақоми сарвазир, аз соли 2015 раиси порлумон буд.

АПТИ АЛОУДДИНОВ

Апти Алоуддинов
Апти Алоуддинов

Апти Алоуддинови 52-сола фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Аҳмад" аст, ки аксар вақт бо номи "нерӯҳои ТикТок" маъруфанд. Ин генерал-майори пулис соли 2011 муовини сардори Вазорати корҳои дохилии Чеченистон шуд, вале соли 2021 мақоми худро аз даст дод. Гуфта мешавад, муддате дар Маскав буд.

Пас аз оғози ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 бахти Алоуддинов "омад кард". Вай ба нерӯҳои русӣ, ки дар Украина меҷангиданд, ҳамроҳ шуд ва фармондеҳи баталйони "Аҳмад" гашт.

РУСЛАН ЭДЕЛГЕРИЕВ

Руслан Эделгериев
Руслан Эделгериев

Руслан Эделгериеви 51-сола сарҳанг ё полковники Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ӯ аз соли 2012 то 2018 сарвазири Чеченистон буд ва ёвари Владимир Путин ва фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар мавриди иқлим ва захираҳои об.

АБУЗАЙД ВИСМУРОДОВ

Абузайд Висмуродов
Абузайд Висмуродов

Абузайд Висмуродов 50 сол дорад. Дӯсти кӯдакии Қодиров ва раҳбари собиқи хадамоти амниятии ӯст. Аз соли 2020 ба ҳайси муовини сарвазири Чеченистон кор кардааст. Писараш бо духтари Қодиров издивоҷ кардааст.

ИБРОҲИМ (ЯЪҚУб) ЗАКРИЕВ

Иброҳим Закриев ва Рамазон Қодиров
Иброҳим Закриев ва Рамазон Қодиров

Иброҳим Закриеви 35-сола, ҷияни Қодиров ва шаҳрдори собиқи Грозний, пойтахти Чеченистон аст. То моҳи марти соли 2021 ҳамчун раиси дастгоҳи ҳукумати Чеченистон кор мекард.

XS
SM
MD
LG