Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Музокираи мушкил, вале пурмаҳсул"-и ҳайатҳои Украина ва Амрико


Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико (чап) бо Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина (рост). Флорида, 30-юми ноябри 2025
Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико (чап) бо Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина (рост). Флорида, 30-юми ноябри 2025

Стив Виткофф, фиристодаи раисҷумҳури Амрико дар масъалаи Украина, рӯзи дуюми декабр дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин тарҳи сулҳи Украинаро баррасӣ хоҳад кард. Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков гуфт, Путин дар ҷаласаи пӯшидае бо зердастонаш омодагиҳоро ба ин гуфтушунид баррасӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи душанбе барои музокирот бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба Порис сафар кард.

"Мо на фақат хоҳони поёни ҷангем"

Ин мулоқот дар ҳоле барпо мешаванд, ки 30-юми ноябр дар аёлати Флорида мақомоти баландпояи Амрико ва Украина даври нави гуфтушунидро ба поён расониданд. Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ин нишастро “пурмаҳсул” номид ва афзуд, ки барои таҳияи нақшаи хатми ҷанги Русия дар Украина ҳамоно талошҳои бештар зарур аст.

Ӯ гуфт: “Мақсади мо хатми ин ҷанг аст, вале ин чизе бештар аз хатми ҷанг аст. Мо на фақат хоҳони поёни ҷангем, балки мехоҳем, ки ба Украина кумак кунем, то ҳамешагӣ амн бошад ва ҳаргиз бо ишғолгарии дигаре рӯбарӯ нашавад. Баробари ин ва муҳим ин аст, ки мо мехоҳем, онҳо ба як марҳилаи шукуфоии воқеӣ ворид шаванд”.

Рубио дар идома бе овардани номи Русия гуфт, дар ин музокираҳо як ҷониби дигаре ҳам барои “эҷоди тавозун” вуҷуд дорад. “Мо дар бораи мавқеи онҳо ҳам фаҳмиши хубе дорем”, -- афзуд ӯ.

Рустам Умаров, дабири Шӯрои амният ва раҳбари ҳайати Украина дар гуфтушуниди Флорида низ ин муколамаҳоро “пурмазмун ва муваффақиятомез” номид, вале аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ намуд.

Умаров дар Телеграм навишт, “муколамаи мушкил, вале пурмаҳсулеро дар Флорида ба анҷом расонидем. Мо барои эҷоди сулҳи воқеӣ ба пешрафти назаррас даст ёфтем”.

Дар пайи ин, оҷонси "Франс Пресс" бо такя ба як манбаи беноме дар ҳайати украинӣ гуфт, ки “музокира осон набуд” ва “ҷустуҷӯи мафҳуму роҳҳалҳо идома дорад”.

Суҳбат “барои ҳамоҳанг кардани мавқеъҳо”

Президенти Украина Владимир Зеленский баъди ин ҳамоиш навишт, “ҷониби амрикоӣ бархӯрди созандае ба намоиш мегузорад ва дар рӯзҳои наздик имкони мушаххас кардани роҳҳои ба таври шоиста хотима додани ҷанг вуҷуд дорад”. Зеленский инчунин гуфт, “барои ҳамоҳанг кардани мавқеъҳо” бо раҳбарони Кумисюни Аврупо ва НАТО ҳам суҳбат кардааст.

Баъди он ки маъмурияти президент Доналд Трамп як нақшаи хатми ҷанг дар Украинаро иборат аз 28 банд таҳия намуд, Киев ва ҳампаймонҳои аврупоиаш талош доранд, тарҳи алтернативии худро омода кунанд, то аз талаботи сангини Маскав раҳо шаванд. Барои бархе украиниҳо баъди қариб чор соли ҷанг, ки шумори маҷрӯҳону кушташудагонаш аз ҳарду тараф беш аз 1 миллион нафар ҳисоб шудааст, нақшаи мазкур баробар бо таслимшавии комили Украина мебошад.

Зеленский, ки гуфта мешавад, аз ин нақша ба хашм омада буд, бо Рубио суҳбат карда, тарҳро то 19 банд коҳиш дод. Нигаронии асосии Украина ин аст, ки Русия мехоҳад минтақаи азими Донбассро таҳти тасарруфи худ дароварда, нақшаи узвияти Киевро дар НАТО бекор кунад ва артиши Украинаро ҷиддан коҳиш диҳад.

Даври навбатии музокироти сулҳи ИМА ва Украина дар Флорида барпо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00
XS
SM
MD
LG