Ҳамсари Асадулло Бобоев, узви зиндонии як созмони мухолиф, мегӯяд, пас аз ҳабси шавҳараш дар Тоҷикистон ба ӯ низ хатари ихроҷ ё депортатсия аз Олмон ба Душанбе таҳдид мекунад.
Мастона Файзуллоева рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "мехоҳанд, маро ҳамроҳи духтари беморам ба Тоҷикистон фиристанд. Моро дар онҷо муҷозот хоҳанд кард."
Асадулло Бобоев, шавҳари Мастона Файзуллоева, моҳи июни имсол аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуд ва дар он ҷо бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, тундгароӣ дар интернет ба 17 сол зиндон маҳкум гашт. Пайвандонаш бо ҳукм розӣ нестанд.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ба саркӯби мухолифон дар дохилу хориҷ танқид мешавад, норозиёнро аксаран бо ҳамин банди қонун ҷазо медиҳад.
Бобоев узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамроҳи хонаводааш аз соли 2017 дар Аврупо мезист. Вай ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ихроҷ шуданаш ба Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мақомоти Олмон ӯ ва писари 19-солааш Муҳаммадро бо сабаби камбуд дар ҳуҷҷати будубош дастгир кардаанд.
Ҳамсараш, Мастона Файзуллоева, мегӯяд, “мақомоти Олмон баъд аз ду моҳи ба Тоҷикистон берун кардани шавҳар ва фарзандам маро дар бораи ихроҷ огоҳ карданд. Гуфтанд, ки омода шавед, бо ҳавопаймо аз Мюнхен ба Душанбе фиристода хоҳед шуд.”
Дар ним соли охир бори дувум аст, ки ин зан ба чунин вазъият дучор шудааст. Мақомоти Олмон 18-уми майи имсол низ ӯро ҳамроҳи духтараш ба фурудгоҳ бурда буданд, то ба Тоҷикистон фиристанд, аммо аз он пешгирӣ шуд. Файзуллоева мегӯяд, духтари 22-солааш бемории рӯҳӣ дорад.
Ҳоло ӯ бо ҳадафи пешгирӣ аз фиристода шуданаш аз Олмон ба Тоҷикистон ба Ҳолланд кӯчидааст ва дар ин кишвари аврупоӣ қарор дорад. “Намояндагони пулиси Ҳолланд ба наздам омада, гуфтанд, ки бар асоси талаботи созишномаи Дублин бояд ба Олмон баргардонида шавам. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки ба ҳар куҷое хоҳед меравам, аммо на ба Олмон,” – нақл кард ӯ.
Вай афзуд, барои ҳимояи худ вакили мудофеъ гирифтааст, то ба мақомоти Ҳолланд фаҳмонад, ки фиристода шуданаш ба Олмон ва ихроҷаш аз онҷо ба Тоҷикистон пайомади сангин хоҳад дошт.
Талошҳои мо барои тамос бо мақомоти умури дохилии Ҳолланд натиҷа надод.
Бино ба созишномаи Дублин, ҳар паноҳҷӯ бояд то замони дарёфти санад дар кишваре, ки бори аввал тавассути он ба хоки Аврупо ворид шудааст, бояд мунтазир бимонад. Пештар баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик барои нақз ё поймоли ҳамин созишнома аз Аврупо ронда шудаанд. Дастикам як нафари дигар, Саидтаиб Саидмамудов, фаъоли ҷомеаи помириҳо, бо ҳамин гумон дар боздоштгоҳе дар Олмон аст.
Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.
Ба маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дошта, 27 нафар ба Душанбе ронда шудаанд. 1074 нафари дигар вазифадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафар таҳдид дорад.
Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифонро ба Тоҷикистон рондаанд.
Аз ҷумла, Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯи тоҷик, соли 2024 ва баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.
Гуфтугӯ