Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аҳволи соҳибкоронро ҳам бад кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Норасоии нерӯи барқ на танҳо кори хадамоти умумиро ба ҳам задааст, балки аҳволи тоҷиронро ҳам дар Тоҷикистон бад кардааст.

"Пули иҷораро диҳем ё зиндагӣ кунем?"

Зубайдулло Раҷабов дар сартарошхонае дар канори Душанбе кор мекунад. То замони маҳдуд шудани интиқоли барқ рӯзона то ба 15 муштарӣ хидмат мерасонд. Ҳоло рӯзона фақат 3 ё 4 муштарӣ мегирад, чун дар шабонарӯз то шаш соат барқ дорад. Пулеро, ки ҳоло ба даст меорад, намедонад, аввал барои кӣ ё чӣ харҷ кунад.

“Пули иҷораи корхонаро диҳем, патент гирем, зиндагӣ кунем? Зарари камбуди барқ, албатта, мерасад,” – гуфт Зубайдулло Раҷабов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҷойи кори Зубайдулло бояд 9 сартарош кор кунад, вале ҳоло танҳо ӯ кор мекунад ва он ҳам ҳам бо қайчӣ. Батареяҳои дастгоҳҳои барқии сартарошӣ фақат барои ду соат мебаранд, дигар не.

“Якум, барои рушноӣ. Дувум, бояд фенҳо кор кунанд. Севу, барои гарм кардани об. Мизоҷ мегӯяд сар мешӯям, риш мегирам. Ҳамин масъалаҳо. Будани барқ шарт ва зарур аст,” – гуфт ӯ.

Норасоии нерӯи барқ на танҳо кори хадамоти умумиро дар Тоҷикистон ба ҳам задааст, балки аҳволи тоҷиронро ҳам бад кардааст. Дӯкондорону мағозадорон ба сабаби вайрон нашудани баъзе молу маҳсулот, хариду фурӯши онҳоро камтар кардаанд.

Тоҷир Абдуманнон Шораҳматов гуфт: “Таъсири кабуди барқ мерасад. Муштариҳо кам мешаванд. Барқ бошад, шабона ҳам муштарӣ омада чизи даркориашро мехарад. Маҳсулоти даркориашро мегирад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Камбуди барқ кори соҳибкорони тоҷикро душвор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

"Агар вазъ чунин идома ёбад..."

Боздиди мо аз маҳаллаҳои атрофи Душанбе нишон дод, ки баъзе аз коргоҳҳои истеҳсолӣ бо далели қатъи нерӯи барқ ё кор намекунанд ё аз генератор истифода мебаранд. Дар чанде аз ин коргоҳҳо аз бими пеш омадани мушкил дар корашон аз суҳбат худдорӣ намуданд.

Яке аз соҳибкорон бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, барои харидани сӯзишвории генератор моҳе бештар аз ду ҳазор сомонӣ харҷ мекунад. “Агар вазъ чунин идома ёбад, ба ғайр аз зарар дигар чизе намегирем,” – гуфт мусоҳиби мо.

Нигарониҳо аз маҳдудияти интиқоли барқ ба иқтисод дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои охир барномаҳои гуногуни рушди соҳибкорӣ ё саноатисозиро қабул кардааст.

Иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев гуфт: “Мушкили бебарқӣ, албатта, ба амалӣ намудани стратегияи рушди иқтисодӣ, стратегияи рушди инноватсионӣ, стратегияи рушди сайёҳӣ, ҳатто стратегияи рушди саноат дар ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи шадид мезанад. Аксар шаҳрвандон метавонанд, фаъолияти соҳибкории худро дар берун аз ҷумҳурӣ идома диҳанд. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорӣ ғайриимкон шуда истодааст.”

Дар Тоҷикистон расман мавсими “лимит” ё маҳдудияти барқ эълон нашудааст, вале дар тамоми гӯшаҳои кишвар мардум аз моҳи сентябр ба ин сӯ барқи кам мегиранд. Мақомот вазъро дақиқ шарҳ надодаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат хостааст, ки мақомот мондани панелҳои офтобиро дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳоро бо шабакаҳои барқии кишвар биомӯзанд. Маълум нест, ин тасмим кай амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG