Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар: "Писари беморамро ба артиш бурданд." Додситонӣ: "Таҳқиқ мешавад"

Дӯстмуроди Ҳамроқул баъди бозгашт аз Русия ба артиш бурда шудааст
Дӯстмуроди Ҳамроқул баъди бозгашт аз Русия ба артиш бурда шудааст

Ҳамроқул Маъруфов аз шаҳри Истаравшан қариб ду моҳ боз талош дорад, ки писари, ба гуфтаи ӯ, беморашро аз хидмати сарбозӣ халос кунад.

Дӯстмуроди 25-сола моҳи май, ҳангоми бозгашт аз Русия, ба артиш бурда шуда, ҳоло дар яке аз қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Деваштич қарор дорад. Падараш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ бемор аст” ва пизишкон дар гузашта “ба хидмат ношоям дониста буданд”.

“Соли 2024 бо хоҳиши худаш ба хидмати ҳарбӣ рафтанӣ буд. Аз Истаравшан гардонданд. Соли 2025 ҳам бурданд, вале ҷавоб доданд. Ҳамин сол оварда, ба қисми ҳарбӣ супориданд,” – гуфт Ҳамроқул Маъруфов.

Кӯшиши мо барои гирифтани назари масъулон дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан натиҷа надод. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 6-уми июл бе зикри номаш гуфт, “барои дақиқ кардани вазъи саломати навсарбоз кумисюн таъсис дода шудааст.”

Наздикони Дӯстмуроди Ҳамроқул мегӯянд, писарашонро барои табобат ба Русия фиристода буданд, вале ба сабаби нарасидани пул дигарбора ба Тоҷикистон оварданд. Модараш, Манзура Маъруфова, гуфт, вазъи саломати Дӯстмурод дар қисми низомӣ “бадтар шудааст”.

Ӯ афзуд: “Чи хеле дар коғаз навишта шудааст, бемории кӯррӯда дорад. Рӯйи шуш ва ҷигараш парда гирифтагӣ. Нафаскашияш душвор."

Ҳамроқул Маъруфов бо ҳамсараш Манзура Маъруфова
Ҳамроқул Маъруфов бо ҳамсараш Манзура Маъруфова

Ин хонадон дар номае ба мақомот аз рафтори кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан шикоят кардаанд. Додситонии ҳарбӣ дар посух ба номаи онҳо гуфтааст, “масъала ҳамаҷиҳата баррасӣ хоҳад шуд”.

“Талаби мо ҳамин аст, ки чораи қонунӣ бинанд. Агар солим бошад, хидмат кунад. Лекин чанд боре, ки ба диданаш ба қисми низомӣ рафтем, ақаллан либоси ҳарбӣ напӯшидааст. Дар якҷо нишастааст. Дар шуъбаи табобатӣ. Мисле, ки дар қафас нигоҳ медоранд,” – гуфт Ҳамроқул Маъруфов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Писарам бемор аст, аз хидмат ҷавоб диҳед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳе бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест.

Пайвандони Тойчибек Қойчуманов, ки бо вуҷуди барои хидмати ҳарбӣ ношоям буданаш ба артиш бурда шуда буд, моҳи майи имсол гуфтанд, ки танҳо пас аз гузориши Радиои Озодӣ фармондеҳонаш ӯро барои муолиҷа ба назди табибон фиристоданд.

Аз он пеш, моҳи феврал, наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурдаанд.

Моҳи декабри соли 2025 хонаводаи Исо Исозода, сарбози як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб, гуфтанд, ки писарашон бемории саръ ё эпилепсия дорад, аммо ба артиш фиристода шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар ин кор низомиёнро танқид мекунанд, ки барои иҷрои нақша вазъи саломати ҷавононро ба назар намегиранд. Намояндагони ҳукумат як дафъа ва он ҳам дар соли 2016 аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буданд, ки гуё онҳо дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд нафари мариз иҷозаи хидмат додаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG