Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Pamir Inside": Муҳаммади Султон озод, ҳукми Улфатхоним кам шуд

Акси Муҳаммади Султон ва Улфатхоним Мамадшоева
Акси Муҳаммади Султон ва Улфатхоним Мамадшоева

Муҳаммадсултон Мавлонназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги мустаъфии амният, ки баъди танқидҳои паёпай аз кори мақомот дастгиру зиндонӣ шуда буд, бар асоси қонуни нави афв аз маҳбас раҳо гардидааст.

"Pamir Inside", расонае, ки мавзуъҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар ин бора рӯзи 2-юми июл хабар дод. Ду манбаи Радиои Озодӣ иттилоъро тасдиқ карданд. Мақомот ягон гузориш надоданд.

Муҳаммади Султонро моҳи июни соли 2022 дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон бо иттиҳоми "даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет" ва "таҳқири намояндаи ҳукумат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ" боздошт ва ҳафт сол зиндонӣ карда буданд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои давлатиро дар вилояти Бадахшон "безарар кардани гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ" донистанд, Муҳаммади Султон онро саркӯби эътирозгарон ва қасос аз мардуми озодихоҳ номида буд.

"Pamir Inside" дар ҳамин рӯз бо такя ба манобеаш навишт, ки се сол аз ҳукми Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли зиндонӣ кам шудааст.

Мамадшоеваи 69-соларо низ соли 2022 боздошт ва "бо гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон" ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш ҳамаи иттиҳомҳоро сохтаву бофта медонанд ва худаш ҳам чанд соат пеш аз боздошт ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гуноҳ надорад.

Рамзӣ Вазирбеков
Рамзӣ Вазирбеков

Манобеи "Pamir Inside" хабар додаанд, ки ҳукми зиндони Рамзӣ Вазирбеков, фаъоли помирӣ ва блогер Хушом Ғуломов низ яксолӣ кам шуд.

Рамзӣ Вазирбеков бо иттиҳоми “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо зӯрӣ гирифтани ҳокимият ё тағйир додани сохти конститутсионӣ дар интернет” 13 сол ва Хушом Ғулом бо иттиҳоми “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” 8 сол зиндонӣ шуданд. Чизе, ки худашон ва наздиконашон намепазиранд.

Хушом Ғулом
Хушом Ғулом

Дар бораи афв шудан ё нашудани фаъолони дигари Бадахшон иттилое дар даст нест.

Аз поёни соли 2021 то нимаи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ сокинон чанд бор эътироз карданд ва мақомот тазоҳуроти онҳоро саркӯб намуданд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо тақрибан чил нафар кушта шуда, мақомот даҳҳо нафарро бо гумони даст доштан дар нооромиҳо боздошту зиндонӣ карданд.

Қонуни нави афв, ки рӯзи 16-уми июни имсол эълон шуд, зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, беш аз 11 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои зиёда аз 6 ҳазор тани дигар кам мегардад. Вале ин қонун нисбат ба баъзе аз мухолифон ва фаъолони маданӣ, ки бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла хиёнат ба давлат дар зиндон ҳастанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG