Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путини "нодон". Ё чаро акнун Русия ба Тоҷикистон таъна зада наметавонад?


Раҳбарони Тоҷикистону Русия. Шаҳри Душанбе, 27-уми феврали 2017

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Аслан соли 2008 ҳам Путин ҳеч куҷо нарафта буд. Танҳо барои чаҳор сол курсии президентиро ба Медведев ба орият супурд. Аммо ба сарвазир аз президент дида, ваколати бештар дод.

Бо вуҷуд, он вақт гуфтем, ки ин як қадами рамзӣ ба муқобили стратегияи “кафшери қудрат” аст, ки дар баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Осиёи Миёна ба миён омад ва хеле аз онҳоро “инқилобҳои рангин” ё марги раҳбарон барҳам зад. Инқилобҳое, ки чашми Путин ва стратегияи абарқудратталабии ӯро тарсонд. Шояд аз ҳамин ҷост, ки мегуфтанд ВВП дар маҳдудаи собиқ СССР пеши “роҳбарони дарозумр” шарт мондааст: на худатон ва на ягон пайвандатон акнун набояд аз ин пас дар раҳбарии ҳукуматҳо монед!

Ҳадсу гумонҳое зада мешаванд, ки як мавзӯи носозгориҳои байни Душанбе ва Кремл аз ҳамин масъала бархоста ва Путин номзадии Рустами Эмомалиро, ки элитаи ҳукмрон мехоҳад, напазируфтааст.

Ин гуфтугузорҳо махсусан пас аз нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки 28-уми сентябри соли 2018 дар Душанбе баргузор шуд, авҷ гирифт. Он замон, ҳарчанд дар сафи пеши мақомоти тоҷик, ки Путинро пешвоз гирифтанд, сарвазир Қоҳир Расулзода меистод, нафари дувуми қатор шаҳрдори Душанбе буд ва пас аз салом бо нафари сеюми ин рада, ки нафаре аз мақомоти тоҷик буд, Путин дасти худро боз ҳам болои китфи Рустам монд. Инро дар маҳфилҳои сиёсӣ чунин рамз доданд, ки президенти рус гуфтанист: “Ҳоло барвақт аст!”

Аммо соли 2008 ба кишварҳои пасошӯравӣ, ки аксаран худро шарики стратегии Русия мехонанд, Путин як паёми ҷиддӣ ва умедворкунанда ба арзишҳои демократӣ дод. Шояд аз худ Вашингтони дуюм сохтанӣ шуд. Барои онҳое, ки намедонанд, маълум бод, ки президенти аввалини Амрико ва асосгузори ин давлат аз пешбарии худ ба мақоми президентӣ барои дафъаи сеюм худдорӣ кард. Ҳарчанд, гуфта мешавад, аз ӯ дархост карда буданд, ки ба Қонуни асосии кишвар тағйирот ворид кунаду ба таври истисно дафъаи севум номзад шавад, посух дод:

“Агар ман Қонуни асосиро як бор вайрон кунам, нафароне пайдо мешаванд, ки онро даҳҳову садҳо бор ба манфиати худ истифода мекунанд”.

Дар таърихи Амрико, дар ҳақиқат, танҳо як бор ва он ҳам пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳон президент Рузвелт буд, ки маротибаи сеюм ба курсии президентӣ нишаст. Дигарон танҳо як ё ду бор...

Путин ҳам соли 2008 гуфт, ки қонунро шикастан намехоҳад, агарчӣ “оқсақолоне” аз Осиёи Миёна дар мисоли Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов ба наздаш омадаву “хостгорӣ” кардаанд, то ба Қонуни асосӣ дигаргунӣ ворид намояд ва маротибаи сеюм курсии президентиро соҳиб шавад.

Вале ибтидои соли 2020, ки Путин паём медод, якбора ҷонибдории худро сӯи ислоҳоти конститутсионӣ бурд. Дуруст, он замон гуфт, ки намехоҳад ба талаботи асосии Қонуни асосии кишвараш тағйирот ворид намояду онро аз нав таҳия созанд. Мисле гап мезад, ки гӯё мехоҳад нақши ҷомеаи шаҳрвандиро бештар намояд, Шӯрои давлатӣ ва Думаи давлатиро ҷойгоҳи дигар диҳад. Ба қавле ба арзишҳои демократӣ арҷ гузорад, ки аз сӯи Ғарб ва созмонҳои байналмилалии он доим накӯҳиш мешунавад.

Дере нагузашта дар ин моваро масоили дигар авлавият касб карданд. Акнун мегӯянд, пас аз ин ислоҳоти конститутсионӣ бояд интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ барпо шавад ва ҳоло масъалаи ҳечониш ба сифр баробар кардани ҳамаи замони дар қудрат будани Путин якум шудааст.

Ин ҳама аз чӣ бозгӯӣ мекунад?

Оре, Путин аз ҷумлаи диктаторҳои беақл нест. Ӯ одат кардааст, ки дар ҳар сухан ва иқдомаш муаммо ҷӯянд: ҳоло бубинед, президенти рус кадом кори ғайриқобили пешгӯӣ анҷом медиҳад!

Фарқи Путин аз диктаторҳои дигар, ки тавони коркарди иттилоъро надоранд, дар ҳамин аст. Ба ҳар сурат, президенти ҳозираи рус, ки якбораву ғайримунтазира барои бисёриҳо аз аввали соли 2000 қудрати сиёсиро аз Елтсин гирифт, намояндагӣ аз яке аз созмонҳои иктишофиву ҷосусии муҳими дунё – КГБ-и СССР мекунад. Ӯ метавонад иттилоъро хуб коркард намояд ва дигаронро ба муаммои навбатӣ водор созад. Диктаторҳои дигар, бахусус осиёӣ, ҳатто ин тавонро надоранд...

Онҳое, ки тезисҳои сиёсиро хуб дарк мекунанд, барои ҳамин мегӯянд: Путин ҳоло аз рӯи сенарияи “Намесӯзем!” бозӣ дорад. Яъне, вариантеро ҷустуҷӯ дорад, ки дар ҳар ҳолат ба манфиати ӯву элитаи ҳукмронаш бошад.

Аз рӯи ин сенария ду лоиҳаи бозӣ пешбинӣ мешавад. Яке гурӯҳи “Шӯрои давлатӣ”, дигаре “Думаи давлатӣ”, ки дар он Ҳизби “Русияи воҳид” мисли пешин курсиҳои бештарро соҳиб мешавад.

Барои ҳар ду лоиҳа барномаҳое рӯи даст доранд. Агар, бӯҳрони фарогири коронавирус, ки ҳатман стратегияи вижаеро пажӯҳишгоҳҳои муҳими дунё дар заминаи он тарҳрезӣ кардаанд, пеш биёяд, Кремл бояд омода бошад. Путин дар бӯҳрони Шарқи Наздик, аз ҷумла қазияи Сурия исбот кард, ки метавонад бозигари ҷиддӣ бошад. Ҳоло ҳам бо пеш омадани коронавирус гаштҳои дигар анҷом дод: ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ аз ОПЕК берун шуд, ки ҷаҳони пул ва нафтро бо муаммои дигаре рӯ ба рӯ кард.

“Сешанбеи сиёҳ”, ки мушкили дигаре дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Русия пеш овард, ҳатман Путинро ба нақшаи дигари худ сар ба сар мекунад. Аммо он чист? Ҳоло ҳатто тахмин карданаш душвор...

Ӯ ҳоло барои “осуда” намудани дигарон мегӯяд, “ҳама чиз пас аз соли 2024 маълум мешавад”.

Онҳое, ки мегӯянд Путин кафолати устувори ҳифзи давлатдории Русия аст, барои як суоли асосӣ ба ҳар диктатор посухи мушаххас надоранд: Тасаввур кунед, ки он замон ӯ 72-сола мешавад!

Он замон ӯ мисли Брежнев мешавад, ки пас аз солҳои аз ҳад зиёди сари қудрат будан, забон гапашро намегирад, ё мисли Елтсин, ки шаби пеш аз соли нав генералитет водораш менамоянд: “меравӣ, ё равон кунем?”

Путин ин ҳамаро медонад. Онро ҳам, ки “кафшери ҳукумат” ҳеч гоҳ ба хубӣ анҷом наёфтааст. Номаълум барои ин кадом нақшаву сенарияҳоеро омода кардааст. Вале ҳоло, агар нияти боз ҳам дар сари қудрат истодан дорад, дар пеши “роҳбарони дарозумр”-и осиёӣ, ки онҳоро бесаводе беш намедонист, мисли як талабаи духон намудор мешавад: “Соли 2008 гуфта будем-ааа”.

Бар илова, акнун таҳлилгарони наздик ба Кремл дигар давлатҳое мисли Тоҷикистонро таъна зада наметавонанд. Соли 2016, вақте дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи Пешвои миллат”-ро тарҳрезӣ карданду онро қабул намуданд, яке аз ин таҳлилгарон навишт:

“То замоне ки Русия дар Тоҷикистон нуфуз дошт, ин кишвар ба низоми ҷумҳурият эҳтиром намуд. Мо, ки рафтем, онҳо чун пеш аз Инқилоби октябр ба феодализм рӯ оварданд”.

Акнун худи Русия куҷо равон аст ва ин ба минтақаи мо чӣ таъсир мерасонад?

Ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ин кишвар аз ҳамин дидгоҳ барои мо муҳим аст...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG