Хабари нав

"Чизе тағйир наёфт." Талаби раҳоии 5 фаъоли зиндонӣ дар Тоҷикистон

Дар акс: Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Фаромуз Иргашев, Далери Имомалӣ ва Манучеҳр Холиқназаров
Дар акс: Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Фаромуз Иргашев, Далери Имомалӣ ва Манучеҳр Холиқназаров

SOS-Defenders, пойгоҳи байнулмилалии ҳомиёни ҳуқуқ, панҷ фаъоли зиндониро дар Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонии боздоштҳои ғайриқонунӣ шомил ва таваҷҷуҳро ба сарнавишти онҳо ҷалб кардааст.

Инҳо фаъолони маданӣ, ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон – Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Манучеҳр Холиқназаров, Далери Имомалӣ ва Бузургмеҳр Ёров – буда, чунин иқдом нисбат ба Тоҷикистон бори нахуст анҷом мешавад.

Се нафари аввал намояндагони ҷомеаи мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд ва пас аз саркӯби мардуми норозӣ дар солҳои 2021 ва 2022 дар ин минтақа боздошту зиндонӣ шудаанд.

Модарам ҳамоно аз фишори баланди хун ва панкреатит азоб мекашад, мушкили сахти дандон дорад ва биноияш то рафт бадтар мешавад.
Зарастин Холбаш

Улфатхоним Мамадшоеваро моҳи майи соли 2022 боздошт ва бо иттиҳоми ташкили эътирозҳо ба 21 сол зиндон маҳкум карданд. Ӯ ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз боздошт шуданаш дар Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро рад карда буд.

Ҳуқуқдон Фаромуз Иргашев, ки мехост дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад, вале ба сабқат роҳ наёфт, ба 30 сол ва раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир Манучеҳр Холиқназаров ба 16 сол зиндон маҳкум шудаанд. Созмонҳои байнулмиллӣ борҳо боздошту ҳабси онҳоро беасос хондаанд. Ҳардуи онҳо узви “Комиссияи 44” буданд, ки пас аз эътирозҳо дар Хоруғ дар моҳи ноябри соли 2021 ташкил шуда буд.

Далери Имомалӣ, хабарнигор ва блогер, соли 2022 ва баъд аз таҳияи чанд гузориши танқидӣ аз фаъолияти мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум гардид. Мақомот ӯро, аз ҷумла, дар ширкат дар созмони мамнӯъ гунаҳкор карданд, аммо худашу наздиконаш иттиҳомро напазируфтанд.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, ки инак 11 сол боз паси панҷара мебошад, моҳи сентябри соли 2015, замоне ки аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят мекард, боздошт ва сипас ба 29 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ҳеч гоҳ иттиҳомҳоро напазируфта, боздошту ҳабсашро ба фаъолияти касбии худ пайванд додааст.

Созмони “SOS-Defenders” дар эъломияе гуфт, “мо барои ҳимоят аз ҳаққи онҳо ҳамкорӣ мекунем.” Радиои Озодӣ барои шарҳи бештари мавзуъ ба созмон муроҷиат кард, аммо то ҳанӯз посух нагирифт.

Пойгоҳ ё платформаи SOS-Defenders дар бораи ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ дар гӯшаҳои дунё маълумот гирд оварда, талошҳои ҷомеаи шаҳрвандиро барои озодии онҳо ҳамоҳанг мекунад.

“Аз чанд дард ранҷ мекашад”

Парвандаи ин панҷ нафар ҷудогона баррасиву муҳокима шудааст. Аммо умумияте, ки ҳамаи онҳо доранд, ин аст, ки номашон дар гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ба мисли Дафтари комиссариати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон (OHCHR) ва Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ба унвони маҳбуси сиёсӣ ёд мешавад. Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол ягон даъвати озод кардани онҳо ва таъмини тафтишоту муҳокимаҳои одилонаро ба эътибор нагирифтаанд.

Зарастин Холбаш, духтари Улфатхоним Мамадшоеваи 69-сола, рӯзноманигор ва омӯзгори пешини Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди шароити модараш дар зиндони занонаи Норак чизе тағйир наёфтааст. Ӯ гуфт, модараш “ҳамоно аз фишори баланди хун ва панкреатит азоб мекашад, мушкили сахти дандон дорад ва нерӯи биноияш то рафт бадтар мешавад.”

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Зарастин Холбаш, “модараш ба занони зиндонӣ дарси забони англисӣ дода, бо хондан ва ширкат дар корҳои иҷтимоии маҳбас машғул аст. Қонуни афв, ки тобистони имсол қабул шуд, ба ӯ ҳам дахл карда, аз ҳукмаш гуё се сол кам шудааст”.

Ёфтани маълумот дар бораи вазъи ҳозираи Бузургмеҳр Ёрови 55-сола, ки аз поёни соли 2015 дар пушти панҷара ба сар мебарад, феълан имкон надорад. Чанде пеш бародараш Ҷамшед Ёров, ки ҳамчунин ҳуқуқшинос асту дар хориҷа паноҳ ёфтааст, дар паёми кӯтоҳе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “қонуни афв нисбат ба Бузургмеҳр татбиқ нашуд.”

Вазъи саломатии хабарнигор Далери Имомалии 38-сола, ки чор сол боз дар зиндон аст, бино ба гуфтаи наздиконаш, “чандон хуб нест”. Яке аз пайвандонаш, ки чанде пеш бо ӯ дар зиндон дидор кардааст, гуфт, “Далер аз чанд дард ранҷ мекашад ва барояш дору мебарем”. Ба нақли мусоҳиби мо, ки хост, номаш зикр нашавад, “Далер аз он ҷо нигарони тарбияву зиндагии фарзандонаш аст. Аз либосу хӯроки онҳо нигарон аст, чун ягон пуштибони молӣ надорад, то ба онҳо ёрӣ кунад. Аз ин чизҳо бисёр дилаш зиқ мешавад."

Радиои Озодӣ натавонист назари наздикони ду ҳуқуқшиноси дигар – Фаромуз Иргашеви 35-сола ва Манучеҳр Холиқназарови 49-соларо бифаҳмад, ки онҳо низ чор сол аст дар пушти панҷара қарор доранд. Маълум нест, онҳо мавриди афв қарор гирифтаанд ё на.

Дар ҳамин ҳол, Ҳю Вилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, рӯзи 10-уми ноябр бо нашри изҳороте гуфт, аз Тоҷикистон тақозо шудааст, ки барои ҳимояти ҳуқуқи инсон ва хатми саркӯбҳои мухолифону мунтақидони ҳукумат билофосила иқдом кунад. Ӯ мегӯяд, ин даъват 5-уми ноябр дар ҷараёни баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милал садо дод, вале ба қавли ӯ, “Тоҷикистон ошкоро ин машваратҳоро нодида мегирад ва ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш осеб мерасонад”.

Талаби нав барои раҳоии панҷ фаъоли зиндонии тоҷик

Феълан кор намекунад

​
XS
SM
MD
LG