Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия афви муҳоҷирони рондашударо баррасӣ кардаанд. ВИДЕО


Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон умедвор аст, ки ваъдаи афви такрории муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия амалӣ мешавад. Масъулони вазорат гуфтанд, ин масъаларо моҳи гузашта бо як гурӯҳи корӣ аз Русия баррасӣ карданд. Вале баъзе аз муҳоҷирони ихроҷшуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба иҷрои ин ваъда чандон бовар надоранд. Беш аз 270 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд.

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми феврал гуфт: "Дар мавриди ин масъала кор мекунем. Дар оянда метавонем аз натиҷаҳои ҷаласаи муштарак хабар диҳем."

Мавзӯи афви муҳоҷирони ихроҷшуда дар соли гузашта ду дафъа дар мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Ҷониби Маскав то ба ҳол нагуфтааст, ки барои афви муҳоҷирони рондашуда омода ҳаст, ё не.

Русия омодааст 270 ҳазор муҳоҷири тоҷикро афв кунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим

Мақомоти Русия дар соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода буданд, ки санадҳояшонро қонунӣ кунанд ва садҳо нафар ҳам имкон пайдо карданд, дигарбора ба он кишвар баргарданд.

Дар ду бозори мардикорон дар Душанбе асосан муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия меистанд. Сафар Расулови 49-соларо дар дар яке аз ин бозорҳо ёфтем. Ӯро соли 2019 аз Русия рондаанд, ҳарчанд мегӯяд, қонунӣ ва аз ҷониби идораи шуғли аҳолии Тоҷикистон ба кор рафта буд.

Тоҷикистону Русия авфи муҳоҷирони рондашударо баррасӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Сафар Расулов падари се фарзанд аст ва таъмини волидони солхӯрдааш ҳам ба дӯши ӯст.​ "Аз соли 2015 ба муҳоҷират рафта, меомадам. Маош ҳам бад набуд, аммо соли гузашта ихроҷ карданд ва сабабшро ҳам нагуфтанд", --нақл кард ӯ. Ин муҳоҷири собиқ мегӯяд, "тасмими афв хуб аст", аммо ба иҷрои пурраи он эътимод надорад.

Давлат, муҳоҷири 32-солаи дигар, ки чаҳор сол пеш барои вайрон кардани қоидаи будубош аз Русия ихроҷ шуда буд, гуфт, кашолкорӣ дар ин масъала онҳоро нигарон кардааст: "Аз аввал ҳамин хел ваъда буд. Тобистони соли гузашта мақомоти тоҷик гуфтанд, ки то охири сол ҳал мешавад, лекин ҳоло мегӯянд, талош мекунем. Мисли ин ки мо ангушти шашум ҳастем ва ба касе лозим нестем."

Масъулони Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфтанд, то замони ҳал шудани масъалаи афв ба муҳоҷирони ихроҷшуда дар кишвар кумак мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 21 ҳазор аз муҳоҷирони ихроҷшуда дар идораҳои муҳоҷирати кишвар сабтином шудаанд.

"Дар доираи як барномаи нав аз аввали соли 2019 кумакҳои бебозгашт ҷудо шудааст, ки барои муҳоҷирони ихроҷшуда дода мешавад. Ин кумакҳо ҳам барои кишоварзӣ ва ҳам барои касбомӯзӣ аст", -- гуфт як масъули Вазорати меҳнату муҳоҷират.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз муҳоҷирони ихроҷшуда мегӯянд, аз чунин имтиёзҳо ё хабар надоранд ваё бебаҳраанд. Сафар Расулов, қаҳрамони гузориши мо гуфт: "Ба ман гуфтанд, ба касбомӯзӣ ҷалб мекунем ва диплом мегирӣ. Ҳатто пули дипломро додам. То имрӯз аз диплом хабаре нест."

То ним сол пеш саффи муҳоҷирони тоҷике, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, 250 ҳазор нафар буд, вале шумораи ин гурӯҳ дар шаш моҳи дигар ба 20 ҳазор нафар бештар шудааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муҳоҷирони тоҷик бештар ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ мешаванд.

Дар ин миён зиёданд муҳоҷироне, ки мегӯянд, бегуноҳ ва дастҷамъӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд.

Мақомоти Русия аксари муҳоҷиронро ба муҳлати аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд маҳрум мекунанд. Бархеҳо аз 10 то 17 сол низ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, насупурдани пули телефон, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳои хурд сабаб шудааст, ки дастгир ва сипас ихроҷ шаванд.

Таҳлилгарони масоили муҳоҷират мегӯянд, мақомоти тоҷик бояд талош кунанд, то муҳоҷирон барои қонуншикании ночиз ба феҳрасти “рондашудаҳо” наафтанд. Зеро онҳо як гуруҳи бузурге ҳастанд, ки кумакашон ба иқтисоди Тоҷикистон ва буҷаи оилаҳо зиёд аст.

Гулрӯ Ҷабборзода
Гулрӯ Ҷабборзода

Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, мегӯяд, "бояд мафҳуми ихроҷро аз берункунии маъмурӣ фарқ кард. Қарори ихроҷ аз сӯи мақомоти ваколатдори давлатӣ содир мешавад ва берункунии маъмурӣ бо қарори додгоҳ ба амал меояд. Мо бояд инро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, барои сабукӣ додан ба ин низом пешниҳодҳои худро фиристем."

Тибқи омори Вазорати меҳнат шумораи муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия ҳудуди 600 ҳазор нафар будаанд, ки беш аз 70 ҳазорашон занон ҳастанд. Ҷониби Русия ин рақамро тақрибан 1 миллион ва манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар шумурдаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки нисбат ба як соли аз он пеш 6,6 дарсад зиёд будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG