Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба манотиқи наздик ба марзи Тоҷикистон чашм дӯхтаанд


Боздошти гуруҳе аз тундравон дар Ҷалолободи Афғонистон дар рӯзи 10-уми апрел
Боздошти гуруҳе аз тундравон дар Ҷалолободи Афғонистон дар рӯзи 10-уми апрел

Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон ба канораҳои шимолии шаҳри Қундуз дар наздикии марзи Тоҷикистон ҳамла кардаанд ва қасд доранд, чанд ноҳияи онро тассаруф кунанд.

Ҳамла як рӯз баъд аз он шуруъ шуд, ки Толибон гуфтанд, амалиёти баҳорӣ ба зидди неруҳои ҳукуматиро оғоз мекунанд. Ҳуҷуму хунрезӣ дар рӯзи 13-уми апрел дар замоне сурат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош дорад, Толибонро ба музокироти сулҳ ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон моил кунад.

Қарор аст, даври нави гуфтугу бо аъзои ин гуруҳ охири ҳамин моҳ дар дар Қатар сурат бигирад. Наим Мангал, сартабиби бемористони марказии вилояти Қундуз ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар натиҷаи ҷангҳо дар атрофи шаҳр 8 нафар кушта ва 62 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Толибон ҳамчунин ба чанд ноҳияи Вилояти Бадахшони Афғонистон ва ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон ҳамла кардаанд, вале мақомот мегӯянд, ба ҳадафи худ нарасиданд. Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи волии Бадахшон ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, Толибон аз рӯзи 13-уми апрел ҳамалоти густурдаеро ба ноҳияҳои Зебок, Курон, Манҷон ва Ҷурм оғоз карданд, вале ба муқовимати неруҳои давлатӣ рӯ ба рӯ шуда, ақибнишӣ карданд.

Ба гуфтаи ӯ, неруҳои давлатӣ 15 ҷангҷӯи Толиб аз ҷумла ду хориҷиро куштанд ва шаш нафари дигарро маҷруҳ карданд. Дар ин ҷангҳо 6 сарбози афғон ҳам захмӣ шудаанд. Ба қавли Некмуҳаммад Назарӣ: “Дар миёни кушташудагон як фармондеҳи умдаи Толибон низ ҳаст.”

Теъдоде аз вакилони маҷлиси Вилояти Бадахшон ба хабарнигори Радиои Афғонистон Озод гуфтаанд, агар ҳукумат неруҳояшро дар минтақа тақвият набахшад ва ба ҳолати ҳуҷум нагузарад, баҳори имсол барои мардуми минтақа “бадтарин баҳор” хоҳад буд. Абдулло Сиддиқӣ узви маҷлис мегӯяд: “Мо аз ин ҳамалоти Толибон сахт нигарон ҳастем. Мутаасифона давлат аз ҳолати дифоъ набаромадааст. Мо ҳамеша ба давлат гуфтем, ки аз ҳолати дифоӣ баромада ба ҳолати таҳоҷумӣ гузарад. Агар давлат ба ҳамин минвол бимонад, мо шоҳиди ҳодисаҳои бисёре мешавем.”

Баъди эълони амалиёти баҳорӣ бо номи “Ал-фатҳ” Толибон ҳамчунин ба дигар шаҳру минтақаҳои Афғонистон ҳамла карданд. Дар Кобул ба як идораи пулис норинҷак андохтанд ва як нафарро кушта, шаш тани дигарро маҷруҳ карданд. Дар вилояти Ғур дар як ҳамлаи ғофилгиронаи Толибон камаш 7 сарбози афғон кушта шуданд. Дар Нангарҳор ва дигар вилоятҳои ҷанубии Афғонистон ҳам ҳамлаву хунрезӣ мушоҳида шуд.

Ҳарчанд Толибон ҳамлаву бомбгузориҳоро тамоми сол идома медиҳанд, аммо ҳар баҳор аз амалиётҳои баҳорӣ ва густурда эълон медиҳанд. Онҳо рӯзи 13-уми апрел бо нашри баёнияе бо 5 забон гуфтанд, ки ҷангро то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар нараванд, идома медиҳанд.

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, ки чанд дафъа бо Толибон дар бораи музокироти сулҳ гуфтугу кардааст, эълони Толибонро “бемасъулиятона” номид. Толибон ҳукумати Афғонистонро “дастнишонда”-и Ғарб номида, аз музокирот бо он худдорӣ мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ҳамвора аз зиёд шудани ноамнӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад, чун бим дорад, ки бесуботии кишвари ҳамсоя метавонад, ба Тоҷикистон ҳам сироят кунад.

XS
SM
MD
LG