Як муҳоҷири афғонистонӣ, ки аз вилояти Суғд ба Афғонистон ихроҷ шудааст мегӯяд, тамоми сармоя ва тиҷораташ дар Тоҷикистон монд ва онҳоро бозпас гирифта наметавонад.
Абдураҳим Ҷелонӣ аввали моҳи май ҳамроҳ бо шаш узви хонаводааш аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шуд ва ҳоло дар вилояти Парвон зиндагӣ мекунад.
Ҷелонӣ мегӯяд, тамоми дороӣ ва асбоби рӯзгораш дар Тоҷикистон монд ва ҳеҷ роҳе барои бозгашт надорад, то тавонад сармояашро баргардонад.
Абдураҳим Ҷелонӣ панҷ сол пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон кӯчида, пас аз сабти ном шуданаш дар Созмони Милал ба ҳайси паноҳанда дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард. Ӯ корҳои гуногунро анҷом медод, то тавонад зиндагиашро пеш барад.
“Ангишт оварда мефурӯхтем, ҳамонҷо намояндагӣ доштем ва акнун бист ҳазор долларам дар дасти тоҷикҳо мондааст. Тамоми васоил, пул, шиноснома ва асноди зарурии мо ҳамон ҷо монда ва иҷоза надоданд, ки онҳоро бо худ биёрем. Мо дар Тоҷикистон корти сабз ва сипас корти сурхи Созмони Милал доштем ва онро тамдид мекардем. Корти мо ҳанӯз панҷ моҳи дигар муҳлат дошт”, - гуфт ин муҳоҷири афғонистонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Барои Абдураҳим Ҷелонӣ, ки падари панҷ фарзанд аст, идомаи зиндагӣ бо дастони холӣ бисёр душвор аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслӣ аз муҳоҷират ба Тоҷикистон, фароҳам кардани шароити таҳсил барои фарзандонаш буд.
Ӯ гуфт, яке аз духтаронаш дар синфи 10 мехонд, аммо акнун дар Афғонистон дигар наметавонад дарсашро давом диҳад. Дар ҳоли ҳозир танҳо чор фарзандаш тавонистаанд ба мактаб раванд.
“Мо ба хотири таҳсили фарзандонамон рафта будем, то он ҷо дарс хонанд. Вазъияти Афғонистон ба ҳама маълум аст, фақр ва бекорӣ вуҷуд дорад. Дар ин 25 рӯзе, ки ба Афғонистон баргаштем, аз хоҳару бародар қарз мегирем, то тавонем зиндагии худро пеш барем”, - мегӯяд Абдураҳим.
Бар асоси гузоришҳо, ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 250 хонаводаи муҳоҷир ва паноҳҷӯро дар моҳи майи имсол ба Афғонистон бозгардонд. Бештари ин хонаводаҳо пас аз бозгашти Толибон ба саи қудрат дар Афғонистон, ба шимоли Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.
Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезагон (UNHCR) 15-уми май дар посух ба номаи Радиои Озодӣ навишт, аз аввали сол то ҳоло 882 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шуда, 540 нафари онҳо гуреза ва паноҳҷӯёне будаанд, ки аз тарафи ҳукумат ба қайд гирифта шудаанд.
Мавҷи нави ихроҷи паноҳҷӯён аз вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат дар аввали моҳи май ба дунболи боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо иттиҳоми куштор сар шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 3-юми май дар сомонааш навишт, Раҳмони Муҳаммадумари 22-сола ба куштори Азиза Воҳидоваи 29-сола гумонзад аст. Назари ин ҷавон ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Абдураҳим Ҷелонӣ, паноҳҷӯи афғонистонӣ, мегӯяд, ҳамроҳ бо хонаводаи ӯ, 45 хешовандаш низ аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва онҳо низ вазъи хубе надоранд.
Ӯ талош кардааст барои ҳалли мушкилаш ба Раёсати муҳоҷирин дар Парвон дархост диҳад, аммо ба ӯ гуфта шудааст, ки дархости худро бояд ба Вазорати муҳоҷирин дар Кобул фиристад.
Абдураҳим Ҷелонӣ аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва мақомоти Тоҷикистон ва Толибон мехоҳад, барои баргардондани амвол ва сармояи муҳоҷирони афғонистонӣ ҳамкорӣ кунанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, то замони нашри ин гузориш ба тамосҳои бахши дарии Радиои Озодӣ дар ин бора посух надод.
Бар пояи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз нуҳ ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар моҳҳои ахир гузоришҳое аз ихроҷи даҳ ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Эрон ва Покистон ҳам расонаӣ шудааст.