Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия дар бораи "муоинаи тиббӣ"-и муҳоҷирон созиш имзо карданд


Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои муҳоҷират “дар фазои созанда пеш меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои муҳоҷират “дар фазои созанда пеш меравад”.

Тоҷикистон ва Русия ба созиш расидаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират дар ватанашон “муоинаи тиббӣ” шаванд.

Пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд. Ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ меорад.

Созишнома дар ин бора рӯзи 9-уми октябр пас аз мулоқоти Владимир Путин, президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар Душанбе имзо шудааст.

Инчунин, мақомоти ду кишвар созишномаи соли 2019 дар бораи “ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия”-ро тағйир додаанд.

Ҷузъиёти ин созишномаҳо ҳанӯз шарҳ дода нашудааст, вале дар як созиши дигар ду ҷониб эълон кардаанд, ки дар мавриди “мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират” низ ба созиш расидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон созишҳоро "созанда" гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфтааст, ки ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои муҳоҷират “дар фазои созанда пеш меравад” ва санадҳои имзошуда дар ин самт “заминаи ҳуқуқӣ” барои рушди ҳамкориҳо дар ояндаро фароҳам месозад.

Президенти Тоҷикистон инчунин гуфтааст, ки бо Путин дар бораи “амнияти минтақа” низ гап задааст.

“Вазъи минтақа муфассал баррасӣ гардида, ба таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд,”—гуфтааст президенти Тоҷикистон.

Дар ин сафари Владимир Путин миёни Тоҷикистон ва Русия 16 санад имзо шудааст.

Созиш бо ширкати таҳримшуда

Дар миёни созишҳои иқтисодиву низомӣ дида мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “БТК Групп” созишномаи нав дар бораи “ташкили кластери саноати сабук” имзо кардааст.

Ин ширкат аз соли 2022 кор дар Тоҷикистонро оғоз карда буд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар моҳи октябри соли 2022 нишон дода буд, ки ширкати “БТК Групп” дар давоми ду соли охир 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.

“БТК Групп”-ро Таймураз Боллоев, яке аз ёрони наздики Владимир Путин, президенти Русия, таъсис додааст ва Иттиҳоди Аврупо моҳи июни соли 2024 Боллоевро таҳрим кард. Дар махзани бози таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аз Боллоев ба унвони шахсе ёд шудааст, ки “бо афроди тасмимгиранда дар Русия робитаи наздик дорад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG