Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Дар Тоҷикистон занеро муҳокима мекунанд, ки чанд моҳ пеш аз зиндони Пули Чархии Афғонистон овардаанд. Олима Камоловаи 31-сола ба иштирок дар ҷангҳои "бегона" гумонбар аст, аммо пайвандонаш бовар доранд, ӯ дар ҳеч даргирӣ иштирок накарда, "қурбонии хостҳои шавҳараш шудааст".
Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ аст. Тоҷирон мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.
Муовини раиси ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Пештар президенти Тоҷикистон гуфта буд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила надоранд, аммо барои ҳалли танишҳо бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.
Бо гузашти қариб якуним моҳ, тақдири 143 низомии афғон, ки ба иттилои манобеи расмӣ "бо се ҳавопаймо ва ду чархбол" ба Тоҷикистон фирор карда буданд, номаълум мемонад.
Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро “бегуноҳ” умрбод зиндонӣ карданд. Мақомот гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.
30 сол пеш, шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 1991, ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравиро дар маркази Душанбе канданд. Ин воқеа, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, оғози ба ду гуруҳ тақсим шудани ҷомеаи Тоҷикистон ва заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Дар як маросиме дар шаҳри Душанбе ёди Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро гиромӣ доштанд, ки 10 сол пеш ӯро як "қосиди сулҳ"-и Толибон кушт.
Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик бо умеди боз шудани роҳашон ба Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ марз бастааст ва аз тарафи дигар аз рӯйи ихтисоси худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳ наёфтаанд.
Як масъули Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" ба расонаҳо гуфтааст, Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳа, дар дохили Афғонистон аст.
Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, пас аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, барои ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо Толибон гуфтугӯро оғоз кардааст.
Баъд аз панҷ соли сардӣ дар равобити Душанбе ва Теҳрон, раиси ҷумҳури Эрон аз оғози фасли тозаи ҳамкориҳо хабар дод.
Расмиёти қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуруҳи Толибонро ба султалабӣ муттаҳам кард.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба зарурати гуфтугӯ бо "Толибон" таъкид кард, аммо президенти Тоҷикистон ин гуруҳро барои ташкили аморати исломӣ "бо қоидаҳои асримиёнагӣ" танқид намуд. Дар ҷаласа аз вазъи Панҷшер ҳам гуфтанд.
Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 14-уми сентябр дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи "Толибон" ва Покистон шиор доданд. Ҳарчанд мақомоти Покистон борҳо даст доштани худро дар ҷанги Афғонистон рад кардаанд, иддае ба он бовар надоранд.
"Намояндагони Афғонистон дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе ширкат намекунанд." Дар ин бора расонаҳои русӣ аз қавли Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи вижаи президенти Русия, хабар доданд.
Наздикони Отаҷон Дадобоев, сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд, даъво доранд, ки кормандони пулис сардори хонаводаро боздошт карда, баъд аз понздаҳ соат ҷасадашро ба онҳо додаанд. Мақомот сабаби марги Дадобоевро "бемории қалб" гуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ бемории дил надошт.
Бо қабули қонуни афв роҳ ба озодии беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳамвор шудааст. Бар илова, муҳлати ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигарро кам мекунанд. Аммо суолу норӯшаниҳо дар бораи ин санад ҳамчунон зиёд аст.
Ёфтҳои бештар