Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурахшонтарин ситораи футболи тоҷик 70-сола шуд


Владимир Ғуломҳайдаров
Владимир Ғуломҳайдаров

Владимир Ғуломҳайдаров, футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик, 70-сола шуд.

Футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров, ки 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешавад. Ӯ нимҳимоятгари моҳир буд ва мухлисонро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.

Шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969-1970) шарафи дастаи машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

Владимир Ғуломҳайдаров - нафари аввал аз тарафи чап
Владимир Ғуломҳайдаров - нафари аввал аз тарафи чап

Тӯли 40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Владимир Ғуломҳайдаров 20 сол инҷониб дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алматӣ), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алматӣ), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст. Феълан нафақахӯр аст. Оиладор, соҳиби ду духтару ду набера мебошад.

Лаҳзае аз сӯҳбатҳои шореҳи варзиши Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Владимир Ғуломҳайдаров
Лаҳзае аз сӯҳбатҳои шореҳи варзиши Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Владимир Ғуломҳайдаров

Сар аз соли 2013 моҳи август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаи футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад, ки ӯ ҳамеша ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат меварзад. Мусобиқаи имсола, ки моҳи август барпо мегардад, ба ҷашни 70-солагии ин устоди бузурги тӯби чармин бахшида мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25-уми октябри соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии байналмилалии рафиқона байни собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав барпо гардида буд. Ин бозиро Федератсияи футболи Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии нахустин ширкати “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ ташкил карда буд.

Дар ин бозии рафиқона дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, ба мисли Георгий Ярсев, Юрий Гаврилов, Олег Романсев, Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Вагиз Хидиятуллин, Сергей Шавло, Валерий Шмаров ва дигарон ба майдон омаданд.

Дар ҳайати “Помир” бошад, дурахшонтарин ситораҳои футболи солҳои 70-80-ум, бо шумули Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Алексей Чередник, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Анатолий Воловоденко, Владимир Ермолаев ва дигарон бозӣ карданд.

Ин бозии дӯстона, ки бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин хеле шавақангез сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 4-4 ба анҷом расид. Дар ин бозии рафиқона Владимир Ғуломҳайдаров, ки ба ҳайси капитани “Помир” ба майдон омад, ба синну соли худ нигоҳ накарда, маҳорати баланд, бахусус техникаи хуби бозӣ, нишон дод.

70-солагии Владимир Ғуломҳайдаров ҷашни суруру шодмонии ёру дӯстон, ҳамкасбон ва мухлисони футболи тоҷик аст. Соҷибҷашнро бо зодрӯзаш самимона табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва пирӯзиву комёбӣ орзу менамоем.

XS
SM
MD
LG