Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар пайванд ба муноқишаи марзӣ 5 касро муҳокима мекунад. Ду нафар аз Тоҷикистон ҳастанд


Ин хона дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сӯхтааст. Деҳаи Сомониёни Исфара, 2-юми майи соли 2021
Ин хона дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сӯхтааст. Деҳаи Сомониёни Исфара, 2-юми майи соли 2021

Қирғизистон дар пайванд ба задухӯрди моҳи апрели имсол дар сарҳад бо Тоҷикистон ба муҳокимаи панҷ нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон, оғоз кардааст. Се гумонбари дигар шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон ҳастанд.

Бино ба санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин афрод ба "хиёнат ба ватан", "ғайриқонунӣ гузаштан" аз марз ва "қочоқи маводи мухаддир" муттаҳаманд. Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рӯзи 13-уми сентябр эълон кард, ки онҳо ба ғорати хонаҳои мардум ҳангоми даргириҳои мусаллаҳона низ гумонбаранд.

Ба келину набераам иҷозаи гузаштан аз марз намедиҳанд, то ба хонаи худ оянд ва барои ҳимоят аз писарам гап зананд ё коре кунанд. Дар мурофиа танҳо мани пир иштирок дорам.
Раъно Исоева

Вакили мудофеи гумонбарон нахост, қазияро шарҳ диҳад. Наздикони баъзе аз онҳо гуфтанд, барои ҳимояти пурра аз фарзандони худ дасткӯтоҳанд ва айни замон иттиҳомҳоро беасос номиданд.

Тоҷикистон то ҳол дар бораи муҳокимаи шаҳрвандонаш дар кишвари ҳамсоя изҳори назар накардааст. Маълум нест, онҳо кай ва таҳти чӣ шароит дастгир шудаанд. Манобеи Радиои Озодӣ аз онҳо Абдурозиқ ва Аскар ном бурданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, мурофиа 13-уми сентябр шуруъ шуда, 15-уми сентябр идома кард. Мурофиаи навбатӣ ба 21-уми сентябр гузошта шудааст.

Норозигии наздикони Акмалҷон

Яке аз панҷ нафаре, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, Акмалҷон Исоев, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, аст. Ҳамсару ду кӯдакаш дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд банд мондаанд. Модараш, Раъно Исоева, дар деҳаи Исфанаи Қирғизистон қарор дорад.

Хонум Исоева 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Қирғизистон, аз ҷумла хиёнат ба ватан, гумонбар аст. "Ҳамроҳ бо ӯ дар курсии айбдорӣ шаҳрвандони дигари тоҷиктабори Қирғизистон, Аюбҷон ва Амонҷон, нишастаанд. Онҳо низ бо гуноҳи хиёнат ба ватан муҳокима мешаванд", -- нақл кард ӯ.

Вале ӯ аз шеваи боздошт ва тафтишу муҳокимаи фарзандаш норозист, чун мегӯяд, "ба ӯ туҳмат карданд". "Писарам то ба ҳол гуноҳро ба гардан нагирифтааст, худро бегуноҳ мешуморад. Илова ба ин, келину набераамро иҷозаи аз марз гузаштан намедиҳанд, то ба хонаи худ оянд ва барои ҳимоят аз писарам гап зананд ё коре кунанд. Дар мурофиа танҳо мани пир иштирок дорам", -- нақл кард Раъно Исоева.

Маҳинбону Мукаррамӣ, ҳамсари Акмалҷон Исоев, мегӯяд, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел онҳо дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон монданд. Вай афзуд, "шавҳарам дар Исфана буд. Мақомоти интизомии Қирғизистон ӯро моҳи майи имсол дастгир карда, ҳамзамон ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кардаанд, ки асос надорад."

Ба нақли ӯ, "мақомоти Қирғизистон борхалтаеро дар хонаи хушдоманам ба навор гирифта, аммо дохилашро накушодаанд. Маълум нест, ки онҷо чӣ ҳаст. Дар навори дигар мегӯянд, дар дохилаш маводи мухаддир аст. Ин иттиҳоми сохта аст."

Вакили мудофеъ гуфт, "гап намезанад"

Кӯшишҳои мо барои дарёфти назари наздикони чаҳор нафари дигар то ин дам бенатиҷа буд.

Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябр бо вакили давлатии гумонбарон, Мелс Абдураимов, дар тамос шуд. Ӯ дар посух гуфт, "дар ҳоли ҳозир муносибати Тоҷикистону Қирғизистон хуб нест, марзҳо бастаанд" ва аз ин рӯ ҳаққи суҳбатро надорад ва гӯширо гузошт.

Мукаррами Ҳотамҷон, тағои Акмалҷон Исоев, мегӯяд, қаблан бо ҳадафи расидагии мунсифона ба қазия ба унвонии президент, додситонию амният ва додгоҳи олии Қирғизистон нома навишта, аммо ҳеч акси садое нашуниданд.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд.

Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд. Маълум нест, муҳокимаи панҷ нафар дар Қирғизистон бахше аз он аст ё ҷудогона сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG