Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҷой меҷунбидем, мепаронданд." Гузориши HRW дар бораи ҷанҷоли марзӣ


Акс аз сомонаи Human Rights Watch
Акс аз сомонаи Human Rights Watch

Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар бораи нақзи қонунҳои ҷанг дар ҷараёни даргирии марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 2-юми май нашр шуд.

"Садое дар гӯшам танин андохт. Тамоми майдонро дуди ғализе фаро гирифт. Мардум ба ҷастухез даромаданд... Хуни зиёде рехт. Дасте аз бадан ҷудо шуда буд."

Ин нақли зани 40-сола аз Тоҷикистон аст, ки дар ҳаводиси 16-уми сентябри соли 2022 аз партоби бомби ҳидояти лейзерӣ тавассути нерӯҳои Қирғизистон дар маркази деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷони солим бадар бурдааст.

"Аввал ба писарам тир паронданд. Гуфт, пойин шавед. Баъд шавҳарамро заданд. Баъд мо аз мошин пиёда шудем ва канори роҳ рӯйи замин дароз кашидем. ... Аз ҷой меҷунбидем, мепаронданд. Гулӯлаҳо болои сарамон дар парвоз буд."

Ин нақли зане 63-сола аз Қирғизистон аст, ки мошини хонаводааш дар ҳоли фирор аз маҳалли даргирии 16-уми сентябр дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак ҳадафи тирандозии сарбозони Тоҷикистон қарор гирифтааст.

ШАРҲИ КӮТОҲИ ҲОДИСА

Ба муддати чаҳор рӯз дар моҳи сентябри 2022 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар як минтақаи сарҳадии мавриди баҳс идома дошт. Ҷое, ки аз муддатҳо пеш манбаи таниш дар равобити ду кишвар будааст.

Исфара, Тоҷикистон
Исфара, Тоҷикистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар мавридҳои ҷиддии нақзи қонунҳои ҷангро аз ҳарду тарафи даргирӣ сабт кард. Кушта ва маҷрӯҳ шудани ғайриқонунии шаҳрвандон ва хисороти чашмгире, ки бар хонаҳои шахсӣ, мактабҳо, марказҳои беҳдоштӣ ва мағозаҳо ворид шудааст.

Нерӯҳои Қирғизистон ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ, худравҳои шахсии хонаводаҳои тоҷики дар ҳоли фирор аз маҳалли даргирӣ тирандозӣ карданд. Як бомбаи ҳидояти лейзерӣ, ки онҳо аз тариқи паҳпод ба маркази деҳаи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон андохтанд, камаш 10 кушта барҷо гузошт. Нерӯҳои Тоҷикистон низ ба худравҳои ҳомили ғайринизомиёни қирғиз тирандозӣ карданд ва ҳадди ақал 8 нафарро дар шароити мухталиф ба таври ғайриқонунӣ куштанд. Дар рустоҳои қирғизнишини таҳти контроли Тоҷикистон ғорат ва оташ задани манзилҳои шахсӣ сабт шудааст.

Чанде аз ҳамлаҳо аз сӯи ҳарду тараф эҳтимол ҳамтироз ё баробари ҷинояти ҷангӣ аст.

Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ҳар кадоме аз мавридҳои қонуншиканӣ аз сӯйи неруҳои мусаллаҳи худро таҳқиқ кунанд ва сабабгорони эҳтимолии ҷинояти ҷангиро ба дасти адолат бисупоранд. Илова бар иҷрои тааҳҳудоташон ба ҳуқуқи байнулмилалӣ, ин иқдомот барои эҷоди эътимод байни кишварҳо ва нишон додани иродаи сиёсӣ ба ҳалли мусолиматомези муноқишаи дарозмуддати марзӣ бисёр муҳим хоҳад буд.

МУНОҚИША АЗ ЧӢ САР ЗАД?

Мақсад, Қирғизистон
Мақсад, Қирғизистон

Танишҳо байни Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябри соли 2022 ба даргирии мусаллаҳона дар марзи муштараки ду кишвар дар водии Фарғона табдил шуд. Дар ин минтақа обгирҳои бисёр муҳиме барои обрасонӣ ба маркази ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва обёрии заминҳои кишоварзии фаровон дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд доранд.

Пас аз истиқлоли ҳарду кишвар дар соли 1991 ин қисмат аз хати марз ҳанӯз ба таври қатъӣ мушаххас нашуда ва пайваста маҳалли таниш ва даргириҳои хурду бузурге байни сокинони ду кишвар бар сари дастрасӣ ба манобеи обу замин аст. Гаҳгоҳе, аз ҷумла дар моҳи апрели соли 2021, марзбонони ду кишвар вориди чунин даргириҳое шудаанд.

Дар моҳи сентябри соли 2022 даргирӣ фақат ба нерӯҳои марзбонӣ маҳдуд набуд, аз тарафи Тоҷикистон низомиён ва шибҳинизомиён ҳам мудохила карданд. Дар ин даргирӣ аз худравҳои зиреҳӣ ва тӯпхона ҳам истифода шуд ва ҷониби Қирғизистон аз паҳподҳо ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳам истифода кард.

Ин гузориш бар асоси 86 мусоҳибаи ҳузурӣ ва аз роҳи дур бо шоҳидони айнӣ, қурбониён ё бастагони қурбониёни даргириҳо ва низ натиҷаи як мутолеаи анҷомшуда тайи 10 рӯз дар маҳалли ҳодиса дар ҳарду тарафи марз дар авохири моҳи октябр ва авоили моҳи ноябри соли 2022 таҳия шудааст.

Илова бар ин, Дидбони Ҳуқуқи Башар асноди пизишкӣ ва санадҳои дигар ва тасовири моҳвораиро баррасӣ карда, 12 филм аз ҳамлаҳо ва пайомадҳои онро ростиозмоӣ намуд ва аз моделсозии себуъдӣ (3D) барои таҳлили пайомадҳои ҳамлаи бомби ҳидояти лейзерӣ ва ҳамлаҳо ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ истифода кардааст.

КУШТОРИ ҒАЙРИНИЗОМИЁН

Дар умум, Дидбони Ҳуқуқи Башар кушта шудани камаш 37 ғайринизомӣ, аз ҷумла панҷ кӯдак ва маҷрӯҳ шудани 36 ғайринизомии дигар аз ҳарду тарафи марзро дар ҷараёни даргирии чаҳоррӯза сабт кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба матолиби расонаӣ ва додаҳои расмӣ, теъдоди кулли ғайринизомиёни кушташуда метавонад 51 тан ва захмишудагон 121 тан бошад.

Теъдоди оворагони дохилӣ танҳо дар Қирғизистон 130 ҳазор нафар баровард шудааст, ки то моҳи январи соли 2023 дастикам 4 ҳазор нафар аз онҳо ҳанӯз ба хонаҳои худ бознагашта буданд. Иттилооти марбут ба оворагони дохилӣ дар Тоҷикистон дар дастраси умум нест.

Дар севумин рӯзи даргирӣ, 16-уми сентябр, бештарин мавридҳои нақзи қонунҳои ҷанг сурат гирифтааст. Далелҳо баёнгари онанд, ки дар ин рӯз, наздикии соати 5-и баъд аз зуҳр, нерӯҳои Қирғизистон як бомбаи ҳидояти лейзериро аз тариқи як паҳподи навъи Bayraktar TB-2 ба минтақае партофтанд, ки нерӯҳои тоҷик онҷо ҷойгир буданд.

Ин бомба дар арзи чанд дақиқа пас аз ҳозир шудани нерӯҳои Тоҷикистон дар майдони марказии рустои марзии Овчӣ-Қалъача афтод. Дар он лаҳза бисёре аз сокинони маҳаллӣ дар майдон ҷамъ шуда буданд, ки дастикам 10 тан аз онҳо кушта шуданд. Аксари онҳо мардоне буданд, ки пас аз ташйиъи ҷанозае дар беруни масҷиди деҳа ҷамъ шуда буданд. Дастикам 13 ғайринизомии дигар дар ин ҳамлаи беравия ва номутаносиб захмӣ шуданд.

Ҳамон рӯз нерӯҳои Тоҷикистон низ ба худравҳои ҳомили фирориёни қирғиз дар чанд ҷода дар дарозии марз тирандозӣ карданд. Дар ин ҳамлаҳо ду мард кушта ва ҳадди ақал чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Зане 63-сола, ки шавҳар ва писараш дар ҷараёни тирандозӣ захмӣ шудаанд, тавзеҳ дод, ки аъзои хонаводааш чигуна аз худрав пиёда шуданд, «то дар сурати инфиҷори он кушта нашаванд». Ба гуфтаи ӯ, онҳо соатҳои дароз рӯи замин дароз кашида буданд, зеро бо кӯчактарин ҳаракат ё такон хӯрдан сарбозон ба самти онҳо дубора тир меандохтанд.

ҲАМЛА БА МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ

Пеш аз 16-уми сентябр ду мошини ёрии таъҷилӣ бо нишонаҳои комилан мушаххас ва қобили мушоҳида ва як худрави шахсии мутааллиқ ба атбои тоҷик дар наздикии пуле дар деҳаи Чорбоғи Тоҷикистон ҳадафи гулӯлаборони шадиди қирғизҳо қарор гирифтанд.

Дар натиҷа, даҳ ғайринизомӣ, аз ҷумла чаҳор кӯдак, се зан ва ду корманди беҳдоштӣ кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бозсозии себуъдии маҳалли тирандозӣ аз сӯи Дидбони Ҳуқуқи Башар нишон дод, ки ин ҳамла ба эҳтимоли зиёд аз рустои Дустуки Қирғизистон, дар фосилаи ҳудуди 110 метр аз маҳалли ҳодиса, ва эҳтимолан аз қароргоҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон сурат гирифтааст.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ, замоне ки аз онҳо истифодаи тиббӣ сурат мегирад, таҳти ҳимояти вижаи қонунҳои байнуламилалии башардӯстона ҳастанд. Тибқи Асосномаи Руми Додгоҳи Кайфарии Байнулмилалӣ, агар дар ҷараёни як даргирии мусаллаҳона мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо нишонаҳои мушаххас ва қобили мушоҳида ҳадафи ҳамла қарор гиранд, ин рафтор ҷинояти ҷангӣ талаққӣ мешавад.

Тайи ин рӯз нерӯҳои Тоҷикистон нерӯҳои қирғизро ақиб ронданд ва рустоҳои марзии Қирғизистонро ба тасарруфи худ дароварданд. Ба дунболи ин, мардоне, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд, дар либоси ғайринизомӣ вориди амал шуданд. Нерӯҳои Тоҷикистон дастикам шаш марди ғайринизомиро куштанд, ки ба назар мерасад се тани онҳо дар талош барои фирор аз маҳалли даргирӣ буданд ва ду нафар зоҳиран ба таври ғайриқонунӣ кушта шуданд.

Дар ҷараёни ин тасарруфи сареъ, афроде дар либоси ғайринизомӣ зери назари нерӯҳои Тоҷикистон ба ғорати густарда даст заданд. Дар айни ҳол садҳо манзили хусусӣ ва зербиноҳои дигари иҷтимоӣ – кӯдакистонҳо, мактабҳо, марказҳои тиббӣ ва сохтмонҳои идорӣ – дар талоше ошкор барои водоштани мардуми маҳаллӣ ба тарки ин қаламрав оташ зада шуданд.

Даргириҳои низомии чаҳоррӯза дар моҳи сентябр ба як муноқишаи мусаллаҳонаи байнулмилалӣ табдил шуд, ки қонуни байнулмилалии башардӯстона бар он ҳоким аст.

АЗ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ЧӢ ХОСТАНД?

Ин амр ҳамаи тарафҳоро водор мекунад, ки ҳамеша байни ҷангҷӯён ва шаҳрвандони ғайринизомӣ тафовут қоил шаванд. Тибқи ин қонун, ҳамлаҳои барқасдона ба шаҳрвандони ғайринизомӣ ва ҳамлаҳои беравия ё бидуни ташхис мамнӯъ аст, зеро дар ин гуна ҳамлаҳо муҳоҷимон байни аҳдофи низомӣ ва ғайринизомӣ фарқ қоил намешаванд ё наметавонанд онҳоро аз ҳам ташхис бидиҳанд. Ё ин ҳамлаҳо номутаносиб аст, ба ин маъно, ки мардум ва таъсисоти ғайринизомӣ дар он осеб мебинанд ва ин амр дар баробари аҳдофи мушаххаси низомӣ навъе фузунхоҳӣ ё зиёдаравӣ аст.

Тарафҳои ҷанг вазифадоранд, ки тамоми иқдоми эҳтиётии мумкинро барои пешгирӣ аз осеб дидани ғайринизомиён ё ба ҳадди ақал коҳиш додани ин осебҳо ё зарари ҷанг анҷом диҳанд.

Давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд иттиҳомҳои марбут ба қонуншиканиҳои суратгирифта аз сӯи низомиён ё шаҳрвандони ғайринизомии худро дар минтақаҳои таҳти контроли нерӯҳояшон таҳқиқ кунанд ва сабабгорони ҷароими ҷангиро ба маҳкама кашанд.

Онҳо бояд нерӯҳои амниятӣ ва низомиёни худро дар бораи қонуни башардӯстонаи байнулмилалӣ омӯзиш диҳанд, то итминон ҳосил шавад, ки меъёрҳо ва муқаррароти он дар ҷараёни даргириҳои эҳтимолии оянда нақз нахоҳад шуд.

Давлатҳои ҳарду кишвар бояд замонат диҳанд, ки дар чорчӯби ҳаргуна тавофуқе бар сари таъйини хати марз, чи доимӣ ва чи муваққат, бояд ба ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла ҳаққи дастрасӣ ба омӯзишу парвариш, ҳаққи дастрасӣ ба маскани муносиб ва ҳаққи дастрасӣ ба об эҳтиром бигузоранд.

Онҳо бояд дар фароянди марзбандӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва созмонҳои ҷомеъаи маданӣ ройзаниҳои фаъолонае анҷом диҳанд. Дар манотиқи марзӣ лозим аст барномаҳое барои эҷоди эътимод байни ҷомеаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла тарҳҳое барои коҳиши таниш ва муқобала бо забони танаффур тадвин ва иҷроӣ шавад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз давлатҳои ҳарду кишвар тақозо мекунад, ки ба Эъломияи мактабҳо ё мадориси эмин ва Эъломияи сиёсӣ барои тақвияти ҳифозат аз ғайринизомиён дар баробари пайомадҳои башарии силоҳҳои инфиҷорӣ дар манотиқи маскунии пурҷамъият бипайванданд.

Шарикони байнулмилалии Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд аз иқдомоти амалии ҳарду давлат дар ҷиҳати таҳқиқ ва муҳокимаи касоне, ки дар ҷараёни даргирии марзии моҳи сентябри 2022 муртакиби мавридҳое аз нақзи ҷиддии қонуни башардӯстонаи байнулмилалӣ шудаанд, пуштибонӣ кунанд.

Шарикони байнулмилалӣ бояд ба ҳимояти молӣ ё кумакҳои дигар барои омӯзиши меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байнулмилалӣ ба кадрҳои низомӣ ва ҳамчунин иқдомоти дигар барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои мушобеҳи ончи дар сентябри 2022 рух дод, омода бошанд.

Тавсияҳо ба давлатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон:

  • Таҳқиқоти мустақиллона ва пурра дар мавриди иттиҳомоти марбут ба нақзи қонунҳои байнулмилалии башардӯстона анҷом диҳанд ва омилону муртакибони ин қонуншиканиҳоро муҷозот кунанд.
  • Ба хонаводаҳое, ки аз мавориди нақзи қавонини байнулмилалии башардӯстона осеб ё зарар дидаанд, ҷуброн пардозанд ва кумакҳои равонӣ ироа диҳанд.
  • Барномаҳои омӯзишии мавҷуд дар бораи шеваҳои риояи ҳуқуқи башардӯстонаи байнулмилалӣ дар шароити ҷанг ё даргирӣ барои кадрҳои низомиро густариш диҳанд ё дар дастури кори худ қарор диҳанд.
  • Итминон ҳосил кунанд, ки дар чорчӯби ҳаргуна тавофуқнома барои таъйини хати сарҳад ё ҷорӣ кардани тартиботи муваққат ба ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла ҳаққи дастрасӣ ба омӯзишу парвариш, ҳаққи дастрасӣ ба маскани муносиб ва ҳаққи дастрасӣ ба об ва ҳамчунин ҳаққи бархурдорӣ аз зиндагии шоиста, аз ҷумла, дар сурати лозим, имкони касби даромад аз фаъолиятҳои иқтисодии фаромарзӣ, эҳтиром гузоранд.
  • Замонат бидиҳанд, ки ҳаргуна дороиҳои аздастрафтаи сокинони маҳаллӣ мутобиқ бо қонунҳои байнулмилалӣ ба андозаи кофӣ ҷуброн мешавад, масалан дар сурати мубодилаи эҳтимолии заминҳое, ки боиси маҳрумияти мардум аз хона ва дороиҳояшон мешавад.
  • Ба шахсони осебдида аз даргириҳо, аз ҷумла оворагони дохилӣ ё касоне, ки аз дороиҳои худ маҳрум шудаанд, кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла сарпаноҳ, ғизо, об, васоили беҳдоштӣ ва муроқибатҳои пизишкӣ ироа диҳанд.
  • Иқдомоте барои эҷоди эътимод ва афзоиши огоҳӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ дар минтақаҳои марзӣ дар чорчӯби меъёрҳои ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи башардӯстонаи байнулмилалӣ анҷом диҳанд.
  • Кӯдакистонҳо, мактабҳо ва муассисоти беҳдоштии осебдида ё тахрибшуда дар ҷараёни даргириҳоро таъмир ва ё бозсозӣ кунанд.
  • Ба Эъломияи мактабҳо ё мадориси эмин ва Эъломияи сиёсӣ барои тақвияти ҳифозат аз ғайринизомиён дар баробари паёмадҳои башарии истифода аз силоҳҳои инфиҷорӣ дар манотиқи маскунӣ ва пурҷамъият бипайванданд.

Ба давлати Қирғизистон:

  • Ба Асосномаи Руми Додгоҳи Кайфарии Байнуламилалӣ бипайвандад.

Ба давлати Тоҷикистон:

  • Иддаоҳои марбут ба мавридҳои ғорату тахриби зерсохтҳои иҷтимоиро дар рустоҳои Қирғизистон тавассути ғайринизомиёни тоҷик зери назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҳқиқ ва бозҷӯӣ кунад.

Ба Иттиҳодияи Аврупо:

  • Бо истифода аз тамосҳои худ дар сатҳҳои болоӣ аз давлатҳои ҳарду кишвар дар бораи мавориди нақзи қонунҳои башардӯстона дар ҷараёни даргириҳои марзӣ тақозои анҷоми таҳқиқоти мустақил кунад ва исрор варзад, ки дар фароянди таъйини хати сарҳад ба ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ эҳтиром гузоранд. Пешрафт дар ин фарояндро ҳангоми таҳияи Мувофиқатномаҳои Мушорикат ва Ҳамкории Пешрафта бо ҳарду кишвар ва ҳангоми тасвиби ин тавофуқномаҳо тавассути кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва порлумони Аврупо бояд мадди назар дошт.
  • Бавижа, ин мавзуъро дар бофтори назорат бар иҷрои таъаҳҳудоти Қирғизистон дар чорчӯби Системи Умумии Тарҷеҳоти Тиҷорӣ (GSP+) ва дар бофтори таҳияи дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба ин режим матраҳ кунад.
  • Аз Қирғизистон қотеъона тақозо кунад, ки Асосномаи Руми Додгоҳи Кайфарии Байнулмилалиро тасвиб кунад.
  • Ба ҳарду кишвар дар чорчӯби Барномаи кумак ба мудирияти марзҳо дар Осиёи Миёна (BOMKA) пешниҳоди кумакҳои фаннӣ ва миёнҷигарӣ кунад. Ва аз талошҳо барои таҷдиди ҳамкории фаромарзӣ дар чорчӯби Санади ҳимоят аз сулҳу сабот (IcSP) ба манзури тарвиҷи эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар мудирияти марзҳо пуштибонӣ намояд.

Ба шарикони байнулмилалии Қирғизистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид:

  • Аз иқдомоти ҳарду давлат барои таҳқиқи мавридҳои нақзи ҷиддии қонуни башардӯстонаи байнулмилалӣ дар ҷараёни даргирии марзӣ дар моҳи сентябри 2022 ҳимоят ва дар мавриди посухгӯии омилон итминон ҳосил кунанд. Шарикон бояд омода бошанд, ки аз давраҳои омӯзиши низомиён дар бакоргирии меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ҳимоят кунанд.
  • Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бахусус ба унвони як платфурми чандҷонибаи пешгом дар минтақа дар умури мудирияти масоили амниятӣ, бояд нақши худро дар ҳимоят аз ҳамкории марзии мубтанӣ бар ҳуқуқи башар ва коҳиши танишҳо тақвият кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG