Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Чин дар Қирғизистон баҳсбарангез шуд

Нодида гирифтани нақши рӯ ба афзоиши Чин дар Қирғизистон, торафт душвортар мешавад.

Тибқи омор, Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар нимаи аввали соли 2026 ҳудуди 61 ҳазор визаи корӣ содир кардааст, ки наздик ба 60 дарсади он ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дорад.

Бар пояи омори расмӣ, тайи се соли гузашта наздик ба 7 ҳазор ширкат, иттиҳодия ва дигар созмонҳои чинӣ сабти ном шудаанд. Ширкатҳои чинӣ дар бисёре аз калонтарин тарҳҳои зерсохтӣ, истихроҷи маъдан ва энержии ин кишвар, иштирок доранд. Баъзе аз ин тарҳҳо, иҷораи заминҳои давлатиро ба мӯҳлати то 49 сол дар бар мегиранд.

Чин ҳамчунин бузургтарин қарздиҳанда ба Қирғизистон ба шумор меравад. "Бонки содирот ва воридоти Чин" тақрибан 1,6 миллиард доллар ё 28 фоизи қарзи хориҷии давлатии Қирғизистонро, ки дар маҷмӯъ 8,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, дар ихтиёр дорад.

Дар кишваре, ки аҳолиаш каме беш аз 7 миллион нафар аст ва садҳо ҳазор нафар барои кор ба хориҷ аз кишвар (ба вижа Русия) мераванд ва маблағҳои фиристодаи онҳо рӯзгори бисёре аз хонаводаҳоро таъмин мекунад, пазириши шуморе зиёде аз коргарони чинӣ, барои бисёре аз мардуми Қирғизистон мояи нигаронӣ шудааст.

Ин вазъият нигарониҳоеро дар бораи ҷойҳои корӣ, замин, манбаъҳои табиӣ ва соҳибистиқлолӣ, доман задааст ва бисёре аз шаҳрвандони оддии Қирғизистон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки раҳбарони ин кишвар, манфиатҳои онҳоро ба назар намегиранд.

ҲОДИСАҲОИ ХУРД, ВОКУНИШҲОИ КАЛОН

Ин нигарониҳо ба таври афзоянда дар фазои маҷозӣ матраҳ мешаванд. Ҷойе ки ҳатто ҳодисаи хурди марбут ба шаҳрвандони чинӣ, метавонад бо суръат ба ҷанҷолҳои миллӣ табдил шавад.

Норизояти умумӣ дар рӯзҳои ахир пас аз нашри наворҳои чанд ҳодисаи марбут ба шаҳрвандони чинӣ дар фазои маҷозӣ авҷ гирифт.

Наворҳои видеоии нашршуда нишон медоданд, ки шаҳрвандони чинӣ зоҳиран бо истифода аз таҷҳизоти электрикӣ дар мамнуъгоҳи Арпа ба сайди моҳӣ машғуланд. Ин ҳодиса хашми умумиро дар фазои маҷозӣ барангехт ва боиси талаби таҳқиқи эҳтимоли нақзи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист гардид.

Нашри наворҳое, ки сайёҳони чиниро ҳангоми шиноварӣ дар соҳили Иссикул -- минтақае, ки вуруди сокинони маҳаллӣ ба онҷо манъ аст, нишон медод, мавҷи наве аз эътирозҳоро ба миён овард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин иддаоҳоеро дар бораи шикори ғайриқонунии паррандагони ваҳшӣ аз сӯи шаҳрвандони Чин, матраҳ карданд.

Ин паёмҳо ба суръат ба норозии умумӣ ва густурдаи мардум аз ончӣ онҳо онро нобаробарии иҷрои қонун ва муносибати махсус бо шаҳрвандони Чин дар Қирғизистон медонанд, доман зад ва ҳодисаҳои алоҳидаро ба баҳсе густурдатар дар бораи нақши Чин дар ин кишвар табдил дод.

Як паёме дар "Фейсбук" пас аз нашри ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, ки нишон медод, мақомоти Қирғизистон созмонеро бо номи Анҷумани муттаҳидшавии осоиштаи Осиёи Марказӣ ва Чинро сабт кардаанд, пурсид, "Оё Чин дар ҳоли ишғоли Қирғизистон аст?"

Як пости дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ нашр шуд, аз лағви виза ё раводид барои чиниҳо интиқод кард ва бо киноя аз раисҷумҳур Содир Ҷабборов "барои ҷорӣ кардани низоми бе раводид барои чиниҳо" изҳори сипос кард ва изҳор дошт, ки ин сиёсат ба меҳмонони чинӣ фоида меорад, дар ҳоле, ки шаҳрвандони қирғиз ҳанӯз барои сафар ба Чин ба раводид ниёз доранд.

ДОМАН ЗАДАН БА НОРОЗИГИИ УМУМӢ

Коршиноси улуми сиёсӣ Венера Сайфиддин ба ин бовар аст, ки ҳукумат натавонистааст бо пешниҳоди маълумоти шаффоф ва дуруст дар бораи муҳоҷират ва шуғли шаҳрвандони Чин, нигарониҳоро бартараф кунад.

Ӯ изҳор дошт, ки мақомот дар бораи мӯҳлати иқомати шаҳрвандони Чин дар Қирғизистон пас аз вуруд барои кор, шаффофият нишон надоданд ва ин боис шудааст, ки бисёре аз пурсишҳои мардум бепосух монанд.

"Мақомот бояд ба таври ошкор эълон кунанд, ки чӣ миқдор шаҳрвандони Чин ворид шудаанд ва чӣ теъдод аз онҳо хориҷ шудаанд. Дар ғайри он, баҳсҳо дар байни мардум рӯз ба рӯз афзоиш меёбад".

Қубод Абдимен, таҳлилгари сиёсӣ аз Бишкек ҳушдор дод, ки агар мақомот иҷрои баробари қонунро барои ҳамаи шаҳрвандон таъмин накунанд, хатари амиқтар шудани норизоятии умумӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Ӯ гуфт, "ҳукумат бояд афкори умумиро ба назар бигирад ва қонунро бо қатъият иҷро кунад, то аз рафторҳои мутакаббирона ва худсаронаи шаҳрвандони Чин дар Қирғизистон пешгирӣ шавад".

МАСЪАЛАИ ҲАССОСИ МАРБУТ БА ЧИН

Вокунишҳои ахир, баҳси густурдатареро дубора гарм кард, ки моҳи гузашта, пас аз боздошти фаъол ва сиёсатмадор Мавлон Аскарбеков, шиддат гирифт. Боздошти ӯ пас аз интиқод аз ҳузури рӯ ба афзоиши шаҳрвандони Чин дар Қирғизистон, аз ҷумла, иштироки онҳо дар тиҷоратҳои хурду миёна, сурат гирифт.

Мақомот ӯро ба он айбдор карданд, ки тавассути нашри паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кинаву адовати қавмӣ, миллӣ ва минтақавиро барангехтааст. Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Як рӯз пас аз боздошташ, президент Содир Ҷабборов аз истифодаи коргарони хориҷӣ дар тарҳҳои калон ҳимоят кард ва аз касоне, ки ба гуфтаи ӯ, нақши Чинро аз ҳад зиёд нишон медиҳанд, интиқод намуд.

Ӯ гуфт, "блогерон, чеҳраҳои мухолиф ва сиёсатмадорони популист, ки ба дунболи худнамоӣ ҳастанд, бо тарҳи иддаоҳое монанди "онҳо ҳуҷум овардаанд" ва "онҳо назорати корҳоро ба даст гирифтаанд", монеа эҷод мекунанд. Мо бояд ба ин кор хотима бахшем ва қатъиян пеши чунин амалҳоро гирем".

Ҷабборов афзуд, "дар ҷойҳое, ки тавонашро дорем, худамон корро анҷом медиҳем, аммо дар корҳое, ки аз ӯҳдааш намебароем, яъне муҳандисон, таҷриба ё дониши зарурӣ намерасад, мо аз кишварҳои ҳамсоя кӯмак мегирем. Агар мо даст рӯи даст бигузорем ва бигӯем, "ҳама чизро худамон месозем", пас такмили тарҳҳо тавассути муҳандисони худамон 15 то 20 сол тӯл мекашанд".

Дар ҳоле, ки ҳукумат аз иштироки Чин ба унвони амре зарурӣ барои рушд дифоъ кардааст, нигарониҳо дар бораи чигунагии тасмимгирӣ ва иҷрои чунин тарҳҳо ба таври густурда вуҷуд дорад.

Филип Нубел, коршиноси масоили Чин ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд ки нофаҳмӣ байни тасмимгирандагон ва ҷомеаҳои маҳаллӣ, ба норизоятӣ дар бораи сармоягузории Чин доман задааст.

"Муҳимтар аз ҳама, миллатгароӣ метавонад аз ҷониби гурӯҳҳое истифода шавад, ки ҳар гуна сармоягузории чиниро ҳамчун таҳдид тасвир мекунанд".

Аз назари Нубел, ин фазо ба ончи ӯ "амниятисозӣ"-и сармоягузории Чин дар хориҷ аз кишвар хонд, кӯмак кардааст.

МАҶБУР БА ПОСУХГӮӢ

Бо вуҷуди талошҳои Ҷабборов барои дифоъ аз сиёсатҳои вобаста бо Чин ва интиқод аз мухолифонаш, афзоиши хашми умумӣ дар фазои маҷозӣ, мақомотро ба вокуниш водошт.

Рӯзи 14 июл мақомот эълон карданд, ки пас аз чанд ҳодисаи шикор, моҳидории ғайриқонунӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва нӯшидани машрубот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, онҳо ба корҳои фаҳмондадиҳии коргарони хориҷӣ дар саросари кишвар барои риояи қонунҳои Қирғизистон, оғоз кардаанд.

Дар ҳамон рӯз блогерони наздик ба ҳукумати Ҷабборов гузарномаи як шаҳрванди чинии муттаҳам ба моҳигирии ғайриқонуниро нашр карданд ва иддао намуданд, ки ӯ ихроҷ шудааст.

Ба таври алоҳида, Вазорати адлияи Қирғизистон тасдиқ кард, ки сабти номи Анҷумани мусоидат ба муттаҳидшавии осоиштаи Осиёи Марказӣ ва Чинро пас аз он, ки ин созмон мавриди интиқодҳои густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт, лағв кардааст. Ин вазорат далели ин тасмими худро шарҳ надодааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG