Вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон мегӯяд, ки як ҳайати 300-нафара аз мақомот ва бозаргонони Узбекистон бо раҳбарии Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири ин кишвар дар ин форум, ки рӯзи 26 июл дар Кобул оғоз шуд, иштирок карданд.
Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон мегӯяд, 10 ҳазор тонна пахтаи Афғонистон ба таври озмоишӣ ба Узбекистон содир шуда, ин кишвар ҳоло ӯҳдадор ба хариди 100 ҳазор тонна пахтаи дигар шудааст.
Эҳсонуллоҳ Эҳсон, сухангӯи Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 400 тоҷири афғон ба ҳамроҳии садҳо тоҷири узбек дар ин Форуми тиҷорӣ ширкат карданд ва дар умуми 22 созишнома ба арзиши 200 миллион доллар байни ду тараф имзо шуд.
"Қарордодҳои асосӣ ва калон дар бахши газ сурат гирифтааст. Дар бахши воридоти гази моеъ миёни як ширкати афғонӣ ва як ширкати узбекистонӣ ба арзиши 50 миллион доллар қарордод имзо шуд. Бар асоси ин қарордод, ба Афғонистон гази моеъ ворид мешавад ва ба мушкили камбуди гази моеъ, ки дар бозорҳо эҳсос мешавад, ба таври оҷил расидагӣ мекунад".
Ӯ афзуд, ки чандин созишнома дар бахши сохтмон, воридоти дору ва содироти меваҳои хушк ва сангҳои қиматбаҳо, имзо шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин қарордодҳои сармоягузории муштарак дар бахши коркарди маъдан, кишоварзӣ ва тавлиди дору низ имзо шудааст, ки интизор меравад даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ фароҳам кунад.
Тибқи гузоришҳо, ҳаҷми тиҷорат миёни Афғонистон ва Узбекистон дар соли гузашта ба ду миллиард доллар расидааст. Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон дар ин Форуми тиҷорӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, афзоиши тиҷорат байни ду кишвар ба панҷ миллиард доллар аст.
Ҷанг дар Ховари Миёна тиҷорати Афғонистонро аз тариқи Эрон ба мушкил дучор кардааст. Пас аз баста шудани роҳҳои тиҷорӣ байни Афғонистон ва Покистон дар октябри соли гузашта, тоҷирони афғон барои тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ ба бандарҳои Осиёи Миёна ва Эрон рӯй оварданд.
Аммо ахиран ҷанг дар Ховари Миёна тиҷорати Афғонистон аз тариқи Эронро низ ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Ҳарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият нашнохтаанд, аммо робитаҳои дипломатӣ ва муомилаҳои тиҷории қобили таваҷҷуҳе бо Афғонистони зери ҳокимияти онҳо доранд.
Узбекистон ҳамчунин як бозори тиҷории муштарак бо Афғонистон дар шаҳри Тирмиз дорад, ки дар соли 2024 барои тақвияти робитаҳо, густариши тиҷорат ва фароҳам кардани имкониятҳои тиббӣ барои беморони афғонистонӣ таъсис шуд.
Гуфтугӯ