Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амният танҳо ба маънои набуди ҷанг нест"

Вилояти Ҳирот дар Афғонистон. Акс аз моҳи июни соли 2026
Вилояти Ҳирот дар Афғонистон. Акс аз моҳи июни соли 2026

Гузашти панҷ сол аз бозгашти Толибон ба қудрат, хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ва хатми ҷанг дар Афғонистон ба маънои таъмини амнияти мардуми ин кишвар нест. Ин нукта дар як мизи мудаввари Радиои Озодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он Лиза Куртис, раиси иҷроияи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, генерал Ҳерберт Макмастер, мушовири собиқи амнияти миллии ҳукумати Амрико, Шукрия Борикзай, сафири пешини Афғонистон дар Норвегия ва Аҳмад Халид Маҷидиёр, коршиноси минтақаӣ ширкат карданд.

Дар мизи муддавар гуфта шуд, ки Афғонистон ҳамчунон дар як чорроҳаи ҳассос қарор дорад, занон аз ҷомеа канор зада шудаанд, матбуот зери фишор мондаву фаъолияти ҷомеаи маданӣ сахт маҳдуд гаштааст. Шукрия Борикзай бо радди иддаои мақомоти Толибон, ки мегӯянд ба Афғонистони ҷангзада суботу амният овардаанд, гуфт, "амният танҳо ба маънои набуди ҷанг нест."

Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай

Ӯ афзуд: "Агар як духтар ба мактаб ва зан ба кор рафта натавонад ё озодона рафтуомад накунад, рӯзноманигор сухан нагӯяд ва ҳақиқатро инъикос карда натавонад ва мардум дар таъйини сарнавишти ояндаи кишвари худ саҳм надошта бошанд, ин амнияти воқеӣ нест."

Толибон соли 2021, ҳангоми ба қудрат расидан, ваъда дода буданд, ки ҳуқуқу озодиҳои мардумро дар Афғонистон нигаҳ медоранд, аммо ба ваъдаҳои худ вафо накарданд ва баръакс ба саркӯби гурӯҳҳои гуногун оғоз карданд. Онҳо занонро аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур карданд ва аз ҳаққи пӯшидани либоси хостаашон, рафтуои озод ва кору таҳсил маҳрум намуданд. Дар се соли охир, пас аз манъи таҳсил барои духтарони болотар аз синфи шаш, як духтар ҳам донишгоҳҳои Афғонистонро хатм накардааст.

Нишонаи дигаре аз бадтар шудани вазъ ин аст, ки Толибон охири моҳи майи имсол қонуни наверо қабул карданд, ки издивоҷ бо духтарони 9-соларо қонунӣ мегардонад. Ҳерберт Макмастер, генерали бознишаста дар давраи аввали раёсати Доналд Трамп, гуфт, барои нигоҳ доштани фишор болои Толибон ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд эътироф кунад, ки ин гурӯҳ "як созмони террористии фаромиллӣ ва васлшуда ба Ал-Қоида мебошад."

Толибон то ҳоло тамоми ниҳодҳои демократӣ ва машваратиро аз байн бурда, ҳукуматро дар дасти Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари худ мутамарказ сохтаанд. Ӯ бе таҳияи кадом барномае барои ҷомеа ва рушди иқтисодӣ фармон содир мекунад, ки аксарияти онҳо ҳам ба занону духтарон пайванд доранд.

Лиза Куртис
Лиза Куртис

Ҳамзамон, Толибон, ки аксарият аз қавми пашту мебошанд, қудратро дар ҳама ҷо дар дасти раҳбарон ва фармондеҳони худ қарор додаанд. Лиза Куртис, ки аз моҳи оянда роҳбарии Радиои Озодиро бар уҳда мегирад, гуфт, ҳукумати фарогир ва намоянда аз қавму қабилаҳои Афғонистон барои суботи дарозмуддати ин кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ба қавли ӯ, азбаски ҳеч мухолифи сиёсӣ дар ин кишвар ҳоло вуҷуд надорад, Толибон дигар ҳар кореро, ки хостанд, худсарона мекунанд.

“Ҳоло ҳеч роҳе барои мухолифони ин режими тоталитарӣ вуҷуд надорад, ки бидуни хатари боздошти ғайриқонунӣ ё осеб дидан садо баланд кунанд. Ман бар он боварам, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳампаймон аз сиёсатҳои саркӯбгаронаи Толибон, бахусус алайҳи занон, ҷомеаи шаҳвандӣ ва расонаҳо нигаронии ҷиддӣ доранд. Эътирофи ин вазъият талошҳоро дар амри посухгӯ сохтани Толибон, бахусус дар Конгресси Амрико, афзоиш хоҳад дод, зеро мавзӯи ҳимояти духтарон ва занони Афғонистон мавзӯест, ки ҳар ду ҳизби Амрико дар мавриди он назари яксон доранд,” – афзуд ӯ.

Генерал Ҳерберт Макмастер ҳам дар ин мизи гирд гуфт, ҷаҳон бояд “сохторҳои аминиятии Толибонро, ки озодиро бераҳмона саркӯб мекунанд, заиф ё суст гардонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Толибон ба Афғонистон чӣ оварданд? Амният ва ё мусибат?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG