Як дархости мақомоти тоҷик дар бораи худдории сокинон аз истифодаи таксиҳои ғайрирасмии маъруф ба "10 сомонӣ" ва рӯй овардан ба таксиҳои расмии "Jura" баъзе аз ронандаҳоро дар Душанбе бештар эҳтиёткор кардааст. Ба қавли онҳо, пас аз эълони мақомот санҷиши нозирони роҳ бештар шуда ва ҳар замон имкон дорад боздошту ҷарима шаванд.
"Ду рӯз боз тафтиш сахт аст"
Яке аз ронандагони таксии "10 сомонӣ" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо дидани нозирони БДА (ГАИ) борҳо роҳашро тағйир дода, вонамуд мекунад, ки ронандаи таксӣ нест. Мегӯяд, агар ба дасти нозирон афтад, чанд рӯз бе ризқу рӯзӣ хоҳад монд. Кори чунин таксиҳо ғайрирасмист ва барои ҳамин мусоҳиби мо нахост, ки чеҳраашро нишон бидиҳад ва номашро бигӯяд.
“Як-ду рӯз шуд амалиёт ҷараён дорад. Нозирони роҳ ҳамеша ҳастанд, вале ду рӯз боз тафтиш сахт аст," – афзуд ӯ.
Идораи назорат ба хадамоти нақлиёт дар Душанбе рӯзи 31-уми март бо муроҷиат ба сокинон гуфт, танҳо аз таксиҳои расмӣ истифода баранд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин таксиҳо пайваста муоина мешаванд ва ба талаботи амниятӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, таксиҳои “10 сомонӣ” низ аз муоинаи техникӣ мегузаранд ва таъмини бехатариро танҳо ба таксиҳои расмии “Ҷӯра” пайванд додан дуруст нест. Вай гуфт, ҳар рӯз 200 сомонӣ ва гоҳе бештар аз 300 сомонӣ ба даст меорад.
"Кӯшиш мекунам, ки аз чашми нозирони роҳ пинҳон кор кунам. Дар сурати ошкор шудан, гоҳе кори дурӯзаро ба ҷарима медиҳам. Кори ҳозираи ман аз ночорист. Ҷойи дурусти кор бошад, албатта, рафта кор мекунӣ. Кор нест. Сипас, бисёре аз мардум аз Русия ихроҷ шудаанд. Дар инҷо маҷбур дар таксӣ кор мекунанд," – гуфт мусоҳиби мо.
Вай афзуд, ронандаҳои таксии "10 сомонӣ" аксаран мошинҳои 50-70 ҳазор сомонӣ мегиранд. Арзиши мошинҳое, ки бояд дар ширкати “Ҷӯра” сабтином шаванд, то 150-200 ҳазор сомонӣ будааст. "Барои харидани чунин мошинҳо пул даркор аст. Баъд ҳар рӯз бояд ба ширкат 100 сомонӣ супорӣ," – илова кард ӯ.
Сокинон чӣ мегӯянд?
Дар як пурсиши сарироҳӣ дар Душанбе яке аз сокинон гуфт, "барои ман таксии “10 сомонӣ” хуб аст. Дигар он таксиро аз куҷо меёбӣ? Ба таксиҳои дигар бояд аз 40 то 70 сомонӣ ва аз 100 то 200 сомонӣ бидиҳӣ."
Дигаре афзуд, "ба 10 сомонӣ то ҷойи даркорӣ меравӣ. Таксиҳои “Ҷӯра” ҳар қадар дар танба бимонанд, боз бисёртар пул мегиранд."
"Таксиҳои расмӣ шуморо тезтар ба макони зарурӣ мерасонанд, чун як нафар мегиранд. Мисли таксиҳои "10 сомонӣ" мунтазири чанд мусофири дигар намемонанд," – иброз дошт яке аз сокинон.
Даъвати мақомот барои истифода аз таксиҳои расмӣ дар ҳолест, ки дар кӯчаҳои Душанбе баъзе аз ронандаҳои “Ҷӯра” мисли таксиҳои ғайрирасмӣ бар ивази 10 сомонӣ дар хатсайрҳои махсус ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Як ронандаи ширкати “Ҷӯра” бе зикри номаш гуфт, баъзан таваҷҷӯҳ ба таксиҳои “10 сомонӣ” бештар мешавад ва ӯ низ бар асоси талаботи муштариён кор мекунад, ҳарчанд ин кораш мумкин нест.
Намояндагони мақомот дар Душанбе гуфтанд, ки мавзуъро дертар шарҳ медиҳанд.
Нигарониҳо аз сатҳи хидматрасонӣ дар бозори таксиронии Душанбе вақтҳои охир бештар садо медиҳад. Миёни ронандаҳои ширкатҳои таксиронӣ шикоятҳо пас аз он бештар шуд, ки ҳукумати Душанбе танҳо ба чаҳор ширкат – “Эко Таксӣ”, “Олуча Авто”, “Ковиён” ва “Сафо Таксӣ” иҷозаи кор дод.
"Ҷӯра таксӣ" начандон пеш дар Душанбе ба фаъолият пардохт. Соҳибони аслияш маълум нест. Аммо чун ташвиқу тарғиби он ҳатто аз тариқи ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад, ин ширкатро аз атрофиёни афроди баландмақом дар ҳукумати Тоҷикистон медонанд.