Бо вуҷуди солҳо таҳримҳои иқтисодӣ, эрониҳо ҳамчунон метавонистанд нони шаби худро таъмин кунанд, аммо ҳоло дигар не. Афзоиши саросемавори хароҷот ва камбуди мавод, ки бинобар ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон пеш омадааст, бахше бузурге аз зерсохтҳо ва саноати Ҷумҳурии Исломиро ба вайронӣ кашонида ва ба таваррум ва бекорӣ доман задааст.
Нон ҳамвора аз камшумор маводи мавриди ниёзи аввал будааст, ки ба воситаи ёрона ё кумакҳои давлатӣ қобили дастрасӣ буд, зеро ҳукумат ордро бо арзиши поин дар ихтиёри нонвойхонаҳо қарор медод. Аммо дар шаҳрҳое монанди Теҳрон нархи нон нисбат ба соли гузашта ду баробар шудааст ва бисёре барои таъмини ин маводи мавриди ниёзи аввал рӯйи дастурхонашон ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.
Зане дар пойтахти Эрон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "вазъ бисёр бад аст." Ин зан, ки бинобар тарс аз бархӯрди мақомот нахост номаш фош шавад, дар бораи ин бӯҳрон дар Эрон гуфт, дигар гӯшт намехарад, камтар дар берун хӯрок мехӯрад ва моҳҳо боз ҳеч чиз барои худаш нахаридааст.
Теҳрон ва Вашингтон як созиши муваққат барои поён додан ба ҷанге, ки наздик ба чаҳор моҳ давом кард, имзо намуданд ва акнун дар як марҳилаи 60-рӯза барои расидан ба созиши сулҳи ниҳоӣ музокира мекунанд. Дар ҳоле ки дипломатҳо бар сари матни созиш баҳс мекунанд, миллионҳо эронӣ ҳамчунон бо пайомадҳои иқтисодии он дасту панҷа нарм мекунанд ва бархе ҳатто бо як бор хӯрок дар рӯз иктифо кардаанд.
Қимати нон аз сӯи ҳукумат муайян мешавад. Мақомҳо дар Теҳрон рӯзи 22-юми июн ба афзоиши қимати нон иҷозат доданд ва аз ваъдаҳои пешинаи худ барои ҳифзи кумакҳои давлатӣ ба манзури арзон мондани нон ақибнишинӣ карданд.
Афзоиши ғайрирасмии нарх пештар ба вилоятҳои дигар ҳам сироят карда ва хароҷот дар баъзе аз минтақаҳо ду баробар шудааст. Арзиши нони лаваш, ки маъмулан арзонтарин навъи нон дар фурӯшгоҳҳо ва нонвойиҳо аст, аз ним то як доллар афзоиш ёфтааст.
АФЗОИШИ НАРХИ МАВОДИ ҒИЗОӢ
Афзоиши қимати маводи ғизоӣ ба нон маҳдуд намешавад. Бар асоси гузориши Маркази омори Эрон, нархҳо дар ин кишвари дорои 90 миллион аҳолӣ, дар моҳи апрел ҳудуди 130 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин севумин афзоиши пайдарпайи моҳона дар таваррум ё баландшавии сатҳи умумии нарх аст, ки акнун андаке камтар аз 58 дарсад қарор дорад.
Сандуқи Байнулмилалии Пул пешбинӣ мекунад, ки таваррум дар Эрон дар соли 2026 ба наздики 69 дарсад мерасад. Ин рақам аз замони Инқилоби исломӣ дар соли 1979 бесобиқа хоҳад буд.
Иқтисоди Эрон аз солҳо ба ин тараф зери фишори таҳримҳои сахти Амрико ва идораи нодурусти ҳукумат қарор дорад. Дар моҳи январи имсол, суқути арзиши пули миллии ин кишвар боис ба эътирозҳои густурда дар Эрон шуд.
Чанд ҳафта баъд, ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил зерсохтҳои калидии энержӣ ва боркашонии ин кишварро вайрон кард ё ба шиддат ба он осеб зад. Бахшҳои муҳими саноат низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки ин амр тавлиди дохилиро зарар расонд ва қимати маводи мавриди ниёзи аввалро афзоиш дод.
Муҳосираи баҳрии бандарҳо ва киштиҳои Эрон аз сӯи Амрико, содироти нафтро, ки ҳукми раги хунгарди иқтисоди кишварро дорад, зарба зад. Ҳамзамон, тасмими Эрон барои қатъи чандмоҳаи интернет ба бисёре аз касбу корҳо ва мутахассисон осеб расонд.
Фишори иқтисодӣ дар хонаводаҳои эронӣ, ки маоши миёнаи онҳо ҳудуди 16 миллион туман (баробар ба 91-92 доллар) аст, ба таври ошкор дида мешавад. Бар асоси гузорише аз рӯзномаи "Дунёи иқтисод", як хонаводаи чаҳорнафарӣ ба таври миёна ҳудуди 70 дарсади даромади худро харҷи маводи мавриди ниёзи аввал мекунад.
"ҲАМА ЧИЗ ГАРОН ШУДААСТ"
Зани дигаре дар Теҳрон гуфт, дӯсташ, ки модаре танҳост, бинобар нотавонӣ дар пардохти иҷора маҷбур шудааст, ки ба хонаи падару модараш бозгардад. Ӯ ба Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, гуфт, "ҳамаи даромадаш харҷи хӯрок мешавад, он ҳам фақат заруритаринҳо. Ҳатто наметавонад барои бачаҳояш як бозича бихарад".
Ҳасан, як нонфурӯш, гуфт, қимати нон натиҷаи боло рафтани нархи иҷора ва дигар хадамот аст. Вай дар саҳифаи Радиои Фардо дар Инстаграм навишт, "шумо фақат як тарафи масъаларо мебинед. Ҳама чиз сад баробар қимат шудааст".
Ҷавод Раҳимпур, коршиноси иқтисодии сокини Теҳрон, ба бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, иқтисоди Эрон дучори як нокоромадии сохторӣ аст. Ӯ гуфт, "касбу корҳо дар ҳама сатҳҳо афзоиши хароҷотро мепазирад ва онро ба истеъмолкунандаҳо мунтақил мекунад".
Раҳимпур афзуд, як созиши сулҳи шомил бо Амрико метавонад то ҳадде оромиши муваққатро ба вуҷуд биёрад. Аммо таъкид кард, ки низоми тиҷоратӣ ва иқтисодии Эрон " сарфи назар аз ҳар созише, ниёзманди бозсозии густурда" аст.