Як узви "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, иддао дорад, ки мақомот барои фаъолиятҳои сиёсии ӯ беш аз як сол боз падару модарашро ором намегузоранд.
Беҳрӯз Игамов рӯзи ҳафтуми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фархор "ҳафтае то се бор", ба истилоҳ, меҳмони хонаашон мешаванд.
"Ба падару модарам фишор меоранд, ки писарат аз хориҷа баргардад ва танқиди ҳукумат ва фаъолиятҳои сиёсиро бас кунад," – гуфт Беҳрӯз Игамов.
Масъулони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор ба зангҳои мо посух надоданд.
Игамов мегӯяд, ду маъмури интизомӣ бо худи ӯ телефонӣ тамос гирифта, гуфтаанд, бар пояи моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "терроризм”, гумонзад аст ва бояд аз хориҷа баргардад. Далели мақомот рӯшан нест.
Пештар ӯро ба ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ гумонзад дониста буданд.
"Гуфтанд, агар бо хоҳиши худ барнамегардӣ, ҳатман туро меорем. Ман гуфтам, шумо ваъда дода будед, ки афв мекунем. Марҳамат, дар ғайби ман парвандаҳои маро бекор кунед, сипосгузор мешавам, аммо ҳоло баргаштан намехоҳам. Дар инҷо кор мекунам. Дар Фархор чунин кор пайдо кардан душвор аст," – гуфт ӯ.
Беҳрӯз Игамови 31-сола ва соҳиби се фарзанд соле пеш низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки мақомот барои бозгаштани ӯ фишорро ба хонаводааш афзудаанд.
Вай мегӯяд, соли 2013 ба муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта, як муддат ҳамроҳи Иззат Амон, ҳомии ҳоло зиндонии муҳоҷирон, дар созмони "Маркази тоҷикон" кор кардааст. Сипас, соли 2022 ба сафи “Гурӯҳи 24” пайваста, дар хориҷа қарор дорад. Як намояндаи ин созмони мухолиф соли 2025 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ узвияти Беҳрӯз Игамовро тасдиқ карда буд.
“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам бо гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардуро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.