Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: "Хуруҷ аз созиши ҳастаӣ фоидае барои Эрон нахоҳад дошт"


Президенти Русия мегӯяд, ки хуруҷи Эрон аз барномаи ҳастаӣ, барои Эрон фоидае нахоҳад дошт. Владимир Путин рӯзи чоршанбеи 15-уми май дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, "ошкор бигӯям, ман далеле намебинам, ки онҳо (эрониҳо) бихоҳанд аз барномаи ҳастаӣ хориҷ шаванд".

Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", раиси ҷумҳури Русия дар идома гуфт, ки мавзеи худро ошкор баён мекунад, зеро ин масъаларо ба эрониҳо гуфтааст.

Ба гуфтаи вай, хуруҷи Эрон аз ин созиш "дар ниҳоят боис мешавад, ки Теҳрон гунаҳкори фурӯпошии созиши ҳастаӣ шинохта шавад, на Вашингтон, ки ин равандро оғоз кард".

Оқои Путин изҳор дошт, "ман борҳо дар гуфтугӯ бо тарафи эронӣ гуфтаам, ки ба назари ман, маслиҳати болои Эрон тақозо мекунад, ки дур аз ҳар гуна иттифоқе, дар ин созиш бимонад. Чун бо берун шудани Эрон аз ин созиш, ҳама фаромӯш хоҳанд кард, ки Амрико сабаби фурӯпошии ин созиш аст ва Эрон муқассир шинохта мешавад".

Раиси ҷуҳури Русия дар бораи танишҳои ахир байни Эрон ва Амрико ва коҳиши ӯҳдадориҳои Эрон ба созиши ҳастаӣ гуфт, "бояд бубинем, чӣ ҳодиса рух хоҳад дод. Русия оташнишонӣ нест, мо наметавонем ҳар чизеро наҷот диҳем, вақте қазия комилан дар дасти мо нест".

Путин бо баёни ин, ки "Русия масъулияти худро анҷом додааст", афзуд, "мо омодаем ба иҷрои нақши мусбати худ идома диҳем, вале ин масъала фақат ба мо вобаста нест. Вобастагӣ ба ҳама шарикон ва бозигарон, аз ҷумла Амрико, кишварҳои аврупоӣ ва Эрон дорад".

Владимир Путин ва Майк Помпео.
Владимир Путин ва Майк Помпео.

Изҳороти Путин як рӯз пас аз мулоқоташ бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар Сочӣ баён мешавад. Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди равобити дуҷониба ва ҳамчунин танишҳои ахир байни Теҳрон ва Вашингтон суҳбат кардаанд.

Амрико ҳафтаи гузашта эълон кард, ки дар вокуниш ба "таҳдидҳои ахири Эрон", киштии ҳавопаймобари худро ҳамроҳ бо шуморе аз ҳавопаймоҳои ҷангии F-52, ба Халиҷи Форс фиристодааст. Амрико чанд рӯз баъд саноати оҳану пӯлоди Эронро таҳрим кард.

Эрон ҳам ҳафтаи гузашта хабар дод, ки ба хотири хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ ва бинобар он, ки то ба ҳол нафъе аз созиши ҳастаӣ набурдааст, бархе аз ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯбаи ин созишро коҳиш медиҳад.

Ҷанги лафзии мақомҳои Эрон ва Амрико дар рӯзҳои гузашта то андозае боло гирифт, ки боиси нигарониҳои зиёд дар бораи сар задани бархӯрди низомии ду кишвар шуд. Бо ин ҳол, мақомҳои Эрон ва Амрико рӯзи сешанбе гуфтанд, ки хоҳони ҷанг бо якдигар нестанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG