Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шарти гирифтани шаҳрвандии ин кишварро сахттар кард


Шиносномаи Русия
Шиносномаи Русия

Ҳукумати Русия ба пешниҳоди аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани онҳое, ки баъди гирифтани шиносномаи ин кишвар худро дар коммисарити ҳарбӣ дар қайд намегузоранд, ризоият дод.

Бар асоси ризоияти ҳукумат, қонунҳо “Дар бораи ӯҳдадорӣ ва хидмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйир меёбанд.

Дар қонуни нав гуфта мешавад, ки ҳар нафар бо гирифтани шаҳрвандии ин кишвар бояд зуд аз қайди ҳарбӣ гузарад ва агар шахс ин корро накард, дар нисбати ӯ қарори сарпечӣ “аз уҳдадории қайди ҳарбӣ” содир мешавад ва аз шаҳрвандӣ маҳрум мегардад.

Пас аз оғози ҷанги Русия дар хоки Украина ва эҳтиёҷи зиёди ин кишвар ба сарбоз, мақомот дар Маскав талош доранд, ки шаҳрвандони нави ин кишварро ба ҷанг ҷалб кунанд.

Таваҷҷӯҳ ва дилгармӣ ба шаҳрвандии Русия, ба бовари ташаббускорони меъёри нав, бояд омодагии шахсро барои хидмат дар артиши Русия ҳам дар назар дошта бошад.

Муаллифони тарҳи қонун мегӯянд, масалан, як шахс имрӯз соҳиби шиносномаи Русия, яъне шаҳрванди ин кишвар шуд, ӯ бояд дар давоми ду ҳафта ба комиссариати ҳарбии ҷои зисташ биравад ё вориди саҳифаи интернетии хадамоти давлатии Русия, яъне “Госуслуги” шуда, худро ба қайди ҳарбӣ даровард. Агар шахс ин корро накард, дар давоми панҷ рӯзи корӣ комиссариати ҳарбӣ ӯро ба идораи Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи суроғаи зисташ мефиристад. Ин кор бо мақсади аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани ин нафар карда мешавад. Вале агар шахс дар давоми 30 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд, қарор дар бораи аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани ин нафар бекор мешавад.

Муаллифони қонун мегӯянд, ки қонуни то ҳол амалкунанда тарзи иҷрои ин талаботро пешбинӣ намекард.

Онгуна, ки муаллифони тарҳи қонун мегӯянд, шахс метавонад такроран танҳо баъди се сол барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.

Иловаи нави дигаре, ки ин тарҳи қонун дорад, пешниҳоди аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани хешовандон, аз ҷумла фарзандони шаҳрвандони нав мебошад.

Дар матни тарҳи қонун дар як ҷо таъкид шудааст, ки маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ дар сурати “сарпечии шаҳрванди нав аз қайди ҳарбӣ бе сабаби узрнок” сурат мегирад.

Бархе мақомот дар Русия қабули муқаррароти нави маҳрум кардан аз шаҳрвандиро аз он ҷо зарур медонанд, ки мегӯянд, солҳои охир садҳо ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, ба хотири осон шудани шароити кору зисташон дар Русия паспорти русӣ мегиранд. Дар ин сурат, ин нафарон бояд пеш аз ҳама омода бошанд, ки ба ҷанг рафта садоқати худро ба ин давлат нишон диҳанд. Бо ин ки Русия дар беш аз се соли ҷанг ҳазорҳо шаҳвандони Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақаро ихтиёрӣ ва маҷбурӣ ба ҷанг сафарбар кардааст, ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, аксарият барои ширкат дар ин ҷанг майл нишон намедиҳанд ва асосан ангезаҳои корёбӣ ва иқтисодӣ онҳоро ба фикри гирифтани шиносномаи русӣ мебарад. Дар давоми солҳои охир Русия додани шаҳрванрдиро бо роҳи осон хеле суръат бахшид ва дар панҷ соли гузашта на камтар аз ним миллион шаҳвранди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG