Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои дохилии Русия ба таҳқиқи видеои латукӯби муҳоҷир дастур додааст


Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев
Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев

Вазири корҳои дохилии Русия дар посух ба дархости ҳамтои тоҷики худ ба кормандони худ дастур додааст, навори латукуби бераҳмонаи марде, ки эҳтимол меравад, аз Тоҷикистон аст, таҳқиқ ва омилони ҷиноят боздошт шаванд.

Владимир Колоколтсев пас аз дархости мақомоти тоҷик дар бораи таҳқиқи навори латукӯби як муҳоҷири тоҷик ба зердастонаш дастур додааст, то омилони ҷиноятро пайдо кунанд. Навори латукӯби ин ҷавон ду рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш хост, омилони ҷиноятро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ирина Волк, ёрдамчии вазири корҳои дохилии Русия дар як иттилоия шоми 2-юми сентябр гуфт, «дар ҳоли ҳозир навори видеоӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бояд шахсияти ашхоси дар наворбуда, вақт, ҷойи ҳодиса ва шароити содир шудани ҷиноят муайян шавад".

Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки аз натиҷаи санҷиши навор мақомоти Тоҷикистон огоҳ карда хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр ҳамла ба муҳоҷирро “бераҳмона” ва кори дасти “схинхедҳо ё гуруҳи миллатгаронёни рус” хонд. Намояндаи он ба Радиои Озодӣ гуфт, Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш хостааст, “ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур, ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.”

Ёвари Вазири корҳои дохилии Русия Ирина Волк мегӯяд, пулиси ин кишвар ҳамеша талош ба харҷ медиҳад, ки афроди ҷинояткор қатъи назар аз мансубияти миллии ҷабрдида ва афроди гумонбар дар кутоҳтарин муддат боздошт ва ҷиноят ошкор шавад. Аз ҷумла ин ниҳод аз куштори Сергей Чуев, устоди гуштинии юнониву римӣ ёдоварӣ карда, бар он ишора намудааст, ки бо гумони иштирок дар ин қазия шаш шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ин қазия низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд ба миён оварда буд, чун боздоштшудагон аз тарафи кормандони пулиси Русия таҳқир диданд. Пас аз боздошт онҳоро маҷбур карданд, ақиби худро урён кунанд ва ин акси боздоштшудагон дар интернет мунташир гашт. Он гоҳ, аввали моҳи июл мақомоти Тоҷикистон ба ин таҳқир вокуниш нишон дода, аз мақомоти Русия таҳқиқи ҳодиса ва муҷозоти омилони онро талаб карда буданд. То ҳол маълум нашудааст, ки аксҳои беобрӯкунандаро кӣ бардошт ва дар шабакаҳо паҳн намуд.

Куштори варзишгар низ бештар ба як тасодуф монанд аст ва бо вуҷуди он ки муҳоҷиронро дар қатли донистакорона айбдор намуданд, онҳо гуфтанд, ки ҳадафашон куштор набуд ва ҳам панҷ тани боздоштшудагон дар ҳодиса даст надоштаанд. Барои таъсири бештари воқеа гуфта шуд, ки гӯё муҳоҷирон ба зани ҳомиола ҳамла кардаанд ва варзтишгар ба ҳимояти ин зан бархостааст, аммо дар нахустин мурофиаи додгоҳ ошкор гашт, ки ин иттиҳом асос надорад.

Ба фарқ аз қазияи куштори Сергей Чуев дар воқеаи ахир, қатл бар пояи эҳсосоти нажодпарастона ва бегонаситезона сурат гирифтааст. Ин нуктаро Вазорати умури дохилии Русия нодида мегирад. Алексей Казак, блогери маъруфи рус омилони латукуби ваҳшиёнаи муҳоҷирро шадидан интиқод намуда, даъват кард, ки бинандагон воқеаро ба ҳамаи мардуми рус нисбат надиҳанд.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шуд, ки бар асоси гузориши расмии Омбудсмени кишвар тақрибан сӣ нафари онҳо "ба қатл расонда шудаанд". Ба иттилои расмӣ, муҳоҷирони дигар бештар дар садамаҳо, маҳалли сохтмон ва аз беморӣ ҷон додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ним миллион ва ҷониби Русия мегӯяд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд.

Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон ба шумор меравад, худро то он ҷо расондаанд.

XS
SM
MD
LG