Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯшноӣ, об ва лифт нест." Шикояти сокинони Душанбе аз норасоии барқ


Яке аз биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе
Яке аз биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки маҳдудият ё "лимит"-и нерӯи барқ ба пойтахт ҳам расидааст. Ба қавли онҳо, интиқоли нерӯи барқ ба баландошёнаҳо бе огоҳии қаблӣ қатъ шуда, хонаводаҳоро барои чанд соат дар вазъияти ногувор мегузорад. Мақомот гуфтанд, дар Душанбе маҳдудияти барқ ҷорӣ нашудааст, аммо сокиноне, ки дар як вақт аз 4 киловат зиёд истифода мебаранд, муваққатан аз барқ маҳрум мешаванд.

Дар баландошёнаҳои Душанбе барқ на танҳо василаи рӯшноӣ, балки воситаи асосии гарм кардани хона, пухтани хӯрок, расидани об ва истифода аз болобар (лифт) аст. Барои ҳамин, қатъи барқ дар як вақт сокинонро аз рӯшанӣ ва гармиву об маҳрум мекунад.

Абдумалик, сокини яке аз баландошёнаҳо дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе, рӯзи якуми декабр гуфт, “баъзеҳо 5-6 кӯдак доранд. Дар поёни бино мешинанд то барқ биояду бо лифт ба боло бароянд. Бечораҳо дигар чӣ кор кунанд, ба ошёнаи 14 баромадан осон нест. Дар набудани барқ об ҳам нест ва маҷбур аз берун оварда дар ҳоҷатхона мерезанд”.

Шикоят аз норасоии нерӯи барқ дар Душанбе аз ҳама гӯшаҳои пойтахт мерасад. Аммо чунин шикоятҳо аз баландошёнаҳои канори Душанбе дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур зиёдтар аст. Ба гуфтаи сокинон, қатъи барқ бидуни ҷадвали мушаххас ва огоҳии қаблӣ анҷом мешавад.

Зиннат Набиева аз ноҳияи Ванҷ ба хонаи фарзандаш ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, барқ соати 8-9 барқ хомӯш мешавад ва танҳо бегоҳӣ рӯшан мешавад. “Як соат ҳаст, як соат нест. Аҳвол ҳамин,” – гуфт ӯ.

Намояндагони ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва Шабакаҳои тақсими барқ дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ дар шаҳри Душанбе расман хабар надодаанд. Дар як номаи Шабакаҳои тақсими барқ, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, омадааст, дар пойтахт маҳдудият ҷорӣ намешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Рӯзи дароз мунтазир мешавем, ки барқ ояд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00


Масъулони Шабакаҳои тақсими барқ ҳамчунин бо фиристодани паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе ҳушдор додаанд, ки агар дар як вақт аз 4 киловат бештар барқ истифода баранд, интиқоли барқ ба хонаҳояшон барои 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мегардад. Аз мардум хоста шудааст, ки дар як вақт аз чанд дастгоҳи барқӣ, ба мисли уту (дарзмол), печҳо ва дастгоҳи ҷомашӯӣ истифода накунанд. Бар асоси тартиби нав ҳамчунин барқи идораҳои давлатӣ дар соатҳои ғайрикорӣ ва кӯчаву хиёбонҳо қатъ карда мешавад.

Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи октябр сахттар шуд. Ба гуфтаи сокинони минтақаҳо, феълан дар шабонарӯз то 3-4 соат барқ доранд. Солҳои гузашта ба мардуми минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон то 8 соат барқ медоданд.

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ва Шабакаҳои тақсими барқ наборидани барфу борон ва кам шудани сатҳи обанбори Норакро сабаби кам шудани истеҳсоли барқ медонанд. Мақомот ин вазъро муваққатӣ мегӯянд, аммо маълум нест то кай идома хоҳад кард.

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар фаслҳои тирамоҳу зимистон пурра бо барқ таъмин нестанд, аммо имсол маҳдудият сахттар шуда, шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла пойтахтро фаро гирифтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат хостааст, ки мақомот мондани панелҳои офтобиро дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳоро бо шабакаҳои барқии кишвар биомӯзанд. Маълум нест, ин тасмим кай амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG