Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи мушкил аз Тоҷикистон то Русия. Автобуси фарсуда ба ҷои мусофирбари "люкс". ВИДЕО


Фарзона Саидова, зани муҳоҷир, ки ахиран аз Душанбе ба Маскав рафт, мегӯяд, ин тӯлонитарин ва пурмоҷаротарин сафар дар зиндагиаш буд. Сафари ӯ тавассути автобус як ҳафта идома кард. Ҳафт рӯзи пур аз мушкилу азият, ҷангу ҷанҷол ва пушаймонӣ.

Як зани ҳомила ҳамроҳамон буд, бечора гиря мекард. Як ҳамсафари дигарамон шароити автобусро дида, дар Узбекистон аз роҳаш баргашт

Мусофирбарҳои "люкс"-и русӣ куҷо шуд?

Бо умеди инки бо нархи арзон ва аз қатора (поезд) тезтар ба Русия мерасад, Фарзона Саидов бо тавсияи шиносҳо рӯзи 27-уми сентябри имсол аз “Автовокзал”-и Душанбе тавассути мусофирбари ширкати “Asian Еxpress” ҳамроҳи 40 мусофири дигар ба роҳ баромад. Ин зани муҳоҷир мегӯяд, ваъда буд, ки автобуси ширкат онҳоро то марзи Узбекистон мерасонад ва аз онҷо бо автобусҳои “люкс”-и русӣ ва дар шароити хуб сафарро идома медиҳанд.

  • “Аммо дар марз аз чунин автобус ному нишон набуд. Як автобуси фарсуда, пур аз чангу хоку ифлосро дидем. Бо азоб моро бурд, дар роҳ чанд бор вайрон шуд ва соатҳои тӯлонӣ дар кӯчаҳо интизор мемондем. Як зани ҳомила ҳамроҳамон буд, бечора гиря мекард. Як ҳамсафари дигарамон шароити автобусро дида, дар Узбекистон аз роҳаш баргашт”, - нақл кард ӯ рӯзи 6-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бо автобус аз Тоҷикистон то Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

​"Моро метарсонданд, агар пул намедодем"

Саидова мегӯяд, қарор буд, дар 3 рӯз ба Маскав бирасанд, вале дар ин сафар, ки як ҳафта идома кард, харҷи ӯ қариб баробари харҷи ҳавопаймо шуд. Ба ҷуз аз 1100 сомоние, ки барои роҳкиро сарф карда буд, ба гуфтаи Фарзона, дар роҳ ронандаҳо бо баҳонаҳои дигар аз онҳо пул талаб мекарданд.

“Масалан, агар милиса мошинро медошт, ронандаҳо мегуфтанд, пул надорем, худатон ҷамъ карда ба милисаҳо диҳед. Вагарна мо намеравем, меистем. Ҳамин хел моро метарсонданд”, - мегӯяд ӯ.

Азоби мусофирон дар роҳ бо автобуси куҳнаву вайрона ба Русияро Баҳрулло Одинаев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба навор гирифтааст. Дар ин навор дида мешавад, ки автобус дар Самарқанд аз кор монда, таъмир мешавад. Муҳоҷирон ҳам дар атрофи он ҷамъ омада, интизоранд ва аз ронанда хоҳиш доранд, ки ин бор хуб таъмир кунад, то дигар азият накашанд.

Муҳоҷирон иддао доранд, ки дар чунин шароит онҳоро то Русия мебаранд
Муҳоҷирон иддао доранд, ки дар чунин шароит онҳоро то Русия мебаранд

Чӣ ваъда карданд ва чӣ доданд?

Баҳрулло Одинаев рӯзи 6-уми октябр гуфт, ба хотири огоҳ шудан аз ҳоли муҳоҷирон дар роҳ махсус бо автобус ба сафар баромад.

“Ба мо гуфта буданд, автобусе, ки аз марз Шуморо мегирад, “Wi-Fi”, “печка” ва “кондитсионер” дорад. Хулоса, бисёр таъриф карданд. Аммо ин тавр набуд. Дуд мекард, бӯйи ғализ дошт. Бухорӣ надошт. Аз Қазоқистон ин тараф ҳаво хунук буд. Ду шабонарӯзи мо дар чӯлу биёбон бо гуруснагиву ташнагӣ ва дар ҳавои сард гузашт. Вақте дар роҳи Қазоқистон меомадем, ноқилхои автобус аланга гирифт, ҳамаро аз автобус берун баровардем. Барои зани ҳомила маҷбур шудем, ки як курсии автобусро шиканем, то бихобад”, - нақл кард ӯ.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз бемасъулиятии ширкатҳои нақлиётӣ зимни сафар аз Тоҷикистон ба Русия шикоят мекунанд. Азбакси нархи билети ҳавопаймо гарон аст, солҳои охир муҳоҷирони тоҷик бештар тариқи автобус ва мошинҳо аз Душанбе ва Хуҷанд аввал ба марзи Узбекистон ваё Қирғизистон мераванд ва баъдан роҳи Русияро пеш мегиранд. Аммо аксар мусофирон аз он шикоят мекунанд, ки берун аз Тоҷикистон, ширкатҳо онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд ё тавассути автобусҳои фарсуда ба Русия мефиристанд.

Гузориши видеоӣ аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Як автобуси ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дармонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

"Мо ба онҳо мефаҳмондем, ки то марз мебарем"

​Вале дар робита ба ҳодисаи охир масъулини ширкати “Asian Еxpress” гуфтанд, онҳо дар воқеъ то имрӯз ба далели онки иҷозаи хориҷ шудан аз марзи кишварро надоштанд, мусофиронро то марзи Узбекистон мебурданд. Аз онҷо тибқи шартнома ширкатҳои хусусӣ, масъулияти то Русия расонидани мусофиронро ба дӯш доштанд.

Садриддин Азизов, намояндаи ширкати “Asian Express” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо чанд нафарро гусел карда, ба онҳо гуфта будем, ки то марз ҳамин автобусҳо мебаранд, аз марзи кишвар он тараф автоубсҳои дигар шуморо мебаранд. Ин гапро пеш аз рафтан мефаҳмондем. Шароит ҳамин хел буд. Шартномаи мо ин буд, ки автобусҳо онҳоро дар роҳ намепартоянд ва то ҳозир напартофтаанд.”

Садриддин Азизов
Садриддин Азизов

Масъулини ширкати “Asian Еxpress” бо бовар мегӯянд, аз ин ба баъд ин мушкилот пурра баратараф мешавад. Ин ширкат пас аз талошҳои зиёд иҷозаи сафари мустақим аз Душанбе ба шаҳрҳои Русияро ба даст овард. Ба гуфтаи Садриддин Азизов, аз рӯзи 8-уми октябр нахустин автобуси “Asian Express” ба роҳ мебарояд. “Барои муҳоҷирон хеле сабук мешавад, чун сифати автобусҳои ширкат ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст ва шароити хуб дорад. То рафта расидани мусофир ширкат ҷавобгӯ аст. Дар як ҳафта ду бор меравем, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе.”

Ҳоло ба иттилои масъулини ширкат, беш аз 10 автобус дар Самарқанд аз таъмири куллӣ гузашта, омодаи сафар ба Русия ҳастанд.

Нархи билети ҳавопаймо гарон. Ё қатор ё мусофирбар

Ҳудуди 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик ҳамасола ба Русия барои кор мераванд. Аммо дар мавсими муҳоҷират нархи билети ҳавопаймо то 3 ва 4 ҳазор сомонӣ боло меравад. Аксар муҳоҷирон имкони харидории чиптаро бо ин нарх надоранд ва ба нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла мошину автобусҳо рӯ меоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба шикоятҳои мусофирон аз шароити бади автобусҳо ва бемасъулиятии ширкатҳо, ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифт, ҳаракати автобусҳоеро, ки бидуни иҷозатнома ба Русия мусофир мекашонанд, манъ кунад.

Дар як ҳодиса баҳори имсол, дар натиҷаи ду дафъа хароб шудани автобуси муҳоҷирони тоҷик, ки аз Суғд ба Русия ҳаракат мекард, 47 мусофир ҳадди ақал як рӯз дар ҳудуди Қазоқистон ва бидуни кумак монданд. Шикояти онҳо дар шабакаи иҷтимоии YouTube пахш шуда буд. Дар пай вазорат аз мусофирон даъват карда буд, ки бо автобусҳои бе иҷозат ба Русия сафар накунанд.

XS
SM
MD
LG