Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ду соҳибкоре, ки бо харҷи миллионҳо сомонӣ дар ноҳияи Рӯдaкӣ мактаб сохтаанд, мегӯянд, бунёди мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои худии онҳо анҷом ёфтааст.
Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ, ҷарима кард.
Нурулло Наимов, раҳбари барканоршудаи тарҳи "Манзили дастрас" ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шудааст.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ризоият дод, ки тақрибан 8 ҳазор гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави пойтахт ворид карда шавад. Ин заминҳо аз ҳудуди ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва “Россия” мебошанд.
Фурӯши реферат ва ё корҳои мустақили эҷодӣ дар мағозаю марказҳои китобфурӯшӣ ва бархе марказҳои интернетии шаҳри Душанбе ба як бозори гарм табдил ёфтааст.
Дар пайи мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрдории Душанбе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба муроҷиати шаҳрвандон расидагӣ мекунанд, Оҷонсии “Тоҷикстандарт” низ бо истифода аз паёмрасонҳо назорати сифати маҳсулотро дар кишвар пурзӯр намуданист.
Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон ба таҳқиқи марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ҷасади 5 узви як хонаводаро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар Файзобод ба хок супурданд.
Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.