Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Қарор аст, додгоҳе дар Душанбе ба баҳси тарроҳи ҷавон ва ҳамкори ӯ нуқта гузорад. Зани ҷавон даъво дорад, ки аз рӯзҳои аввали ҳамкорӣ, коршарикаш бо ӯ муносибати дағал мекард ва рӯзе модарашро дашном дода ва гулӯяшро гирифтааст.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як ҷавондухтари тарроҳ ва коршарикаш шуруъ кард.
Як ширкати фароҳамкунандаи IP адресҳо дар гузорише навиштааст, ба бозори интернет дар Тоҷикистон ширкати наве бо номи “Авесто интернет” ворид шудааст.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи президентиро таҳрим кардааст, мегӯяд, ӯву ҷонибдоронаш ба райъдиҳӣ нарафтанд, вале ҷараёни овоздиҳиро назорат доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президент рӯзи 11-уми октябр дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Душанбе раъй дод. Ӯ бо хабарнигорон суҳбат накард ва фақат дар бораи ширкати мардум дар интихобот пурсид.
Як донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ҳар сол бояд тақрибан 7 ҳазор сомонӣ ҳаққи таҳсилро супорад, вале имсол натавонист, чун ба далели пандемия падараш ба Русия нарафт ва дар дохили кишвар ҳам кор надорад.
Маъракаи пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ба поён расид. 10-уми октябр "рӯзи хомӯшӣ" аст ва ҳизбҳо ҳақ надоранд, номзадҳояшонро таблиғ кунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ситодҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафтанд ва бубинед, чӣ диданд.
Таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, “Қирғизистонро инқилоби нав интизор нест”, аммо эътирозҳои ахир “таносуби қудратро иваз хоҳад кард”.
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод, ки афроди ношинос шабона писарашро латукӯб кардаанд. Маҳмурод Одинаев гуфт, бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст. Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар рӯзи 4-уми октябр доир ба роҳҳои хатми ҷанг дар ин кишвари ҳамсоя ва нақши Тоҷикистон барои ба ҳам овардани тарафҳои мухолиф гуфт.
Профессор Мукаррама Қосимова, забоншиноси маъруфи тоҷик, ки бештар бо китоби "Матни классикӣ" шуҳрат дошт, рӯзи 2-юми октябр дар 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карданд. Наздиконаш мегӯянд, Мукаррама Қосимова чанд рӯзи ахир бемор буд.
Масъулони сафоратҳои Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз муҳоҷирону шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ даъват кардаанд, ки рӯзи 11-уми октябр дар интихоботи президентӣ раъй диҳанд.
Дар ҳоле ки бисёре аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси нав дар Тоҷикистон бардошта шудаанд, баъзе аз сокинон мепурсанд, ки чаро ҳанӯз дари масҷидҳо баста мемонанд?
Бахши ҷаҳонгардии Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии туризмро имсол дар шароити нохуб ва бо оқибаҳои бади пандемияи коронавирус пешвоз мегирад.
Маъракаи таблиғи номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон расман оғоз шуд. Довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ мегӯянд, бо кӯлбори пур аз барномаву ваъдаҳо ба назди сокинон мераванд, вале намегӯянд, ки барои маъракаи таблиғотӣ чӣ қадар пул доранд.
Ёфтҳои бештар