Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Дастикам 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Мақомот мегӯянд, ягон ҷойи ба воҳима афтодан нест, чун дар Русия ҳазорон нафар мубталои коронавирусанд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар марз бо Қирғизистон сахттар карда, ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро зери заррабин гирифтанд. Ҷое, ки дар як тарафи кӯча Тоҷикистон ва дар тарафи дигар Қирғизистон воқеъ аст.
Як ҳавопаймои "Сомон Эйр" субҳи 8-уми апрел аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Масъулони ширкат гуфтанд, асосан шаҳрвандони хориҷиро ба Аврупо бурданд, вале ошкор накарданд, ки ҳавопаймо ҳангоми бозгашт киҳоро меорад.
Тоҷикистон дархости як вакили мудофеи хориҷиро барои ҳимоят аз ҳуқуқи Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), генерали зиндонӣ ва фармондеҳи пешини Горди президентиро рад кардааст. Мақомот гуфтаанд, қонунҳои Тоҷикистон фаъолияти вакилони хориҷиро дар кишвар, ба ҷуз аз баҳсҳои иқтисодӣ, иҷозат намедиҳад.
Парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристодаанд. Дар назар аст, рӯзҳои наздик мурофиа шуруъ шавад, аммо ҳанӯз санаи дақиқи он маълум нест.
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳрониеро таҳия кардааст, ки ҳадафаш кам кардани хатарҳои коронавирус ба иқтисоди кишвар гуфта мешавад.
Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шуруъ шуд. Мақомот дар ҳоле маъракаро оғоз бахшиданд, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар зиндонҳо мулоқоти маҳбусонро бо наздиконашон муваққатан манъ кардаанд.
Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи парвандаи ҷиноии Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро ба поён расонда барои бознигарӣ ва хулосаи ниҳоӣ ба Додситонии кулл фиристодаанд.
Дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд.
Ба думболи сарсониву саргардонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки мақомоти расмӣ масъалаи ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани онҳоро баррасӣ дорад.
Баъди шикояти даҳҳо нафар аз шароити номуносиби карантин дар яке аз осоишгоҳҳои Варзоб, мақомоти расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи дигар ва шифохонае ба Душанбе интиқол додаанд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки чаҳор рӯз боз дар фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд ва на имкони ба Тоҷикистон баргаштанро доранд, на дар Русия монданро. Онҳо аксаран аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ билет харидаанд. Ин ширкатҳо феълан иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро надоранд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” эълон карданд, ки рӯзи 20-уми март ба шаҳри Маскав парвозҳои вижа анҷом медиҳанд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон иҷозат дод, ки аз 20-уми март дар масҷидҳои кишвар намозҳои дастҷамъӣ хонда шаванд
Мақомоти Узбекистон ба як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар роҳи бозгашт ба ватан дар марзи ин кишвар дармонда буданд, иҷозаи гузаштан додаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, баъд аз 17 соати интизорӣ онҳо тавонистанд, аз сарҳади Қазоқистон ба ҳудуди Узбекистон ворид шуда, роҳро идома диҳанд.
Ёфтҳои бештар