Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
Шикоятҳо аз кори додрасҳо дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Аммо мақомоти додгоҳӣ ҳамеша кори худро одилона арзёбӣ карда, ба таъмини волоияти қонун ва мустақил буданашон таъкид мекунанд.
Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои Афғонистон гуфт, ин кишвар аз бадтарин ҳамла ба баробарии ҳаққи зану мард ранҷ мекашад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ин амалкарди Толибон беэътиноӣ накунад.
Ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ бо эҳтимоли зиёд барои ширкат дар ҷанги зидди Украина ба артиши Русия пайвастаанд. Сомонаи тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” феҳрасти ному насаби зодагони Осиёи Марказиро нашр мекунад, ки дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Идораи мубориза бо фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки чанде аз раҳбарони пешини баландмақоми фурудгоҳи Душанберо, ки ба дуздии миллионҳо доллар гумонбар мешаванд, аз боздошт раҳо кардаанд.
Танҳо сохтани роҳҳои дутабақаву сетабақа, ба танзим даровардани чароғакҳову пиёдагузарҳо кофӣ нест, ки масъалаи тамбашавии роҳҳо дар Душанбе ҳал шавад. Балки дар шаҳру шаҳракҳои дигар шароит фароҳам овард, то ин ки аҳолӣ маҷбур набошад, ки ба пойтахт кӯчанд, мегӯяд Темур Идрисов, фаъоли экологӣ.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар як вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи се мавриди сарбозшикор ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ҳарсе ҳолатро рад кард. Аммо ҷустуҷӯ ва таҳқиқи бештар нишон медиҳад, ки баръакс раддияи вазорат ба воқеият рост намеояд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, паёмадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани паёмадҳои манфии он “бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Сафари Асҳоб Тамаев, блогери чечентабор, ки бо мусоидати мақомоти расмӣ ва ширкатҳои хусусӣ ба Тоҷикистон рафтааст, баҳсу кашмакашҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.
Нишастҳои 8-10-уми октябри Душанбе дар фазои расонаӣ ва таблиғотии Тоҷикистон бештар чун сафари Путин бозтоб мешаванд, ҳарчанд ба ҷуз сафари давлатии Путин ба Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо Нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
“Падари миллат”, “нури Яздон”, “машъалафрӯзи фардои дурахшон” — аз камтарин тавсифҳое буданд, ки тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар зодрӯзи ӯ гуфтанд ва талош намуданд, ин санаро чун як “ид” таҷлил кунанд.
12 созмони байнулмилии ҳомии ҳуқуқ дар солгарди боздошти Бузургмеҳр Ёров аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки ин вакили дифои шинохтаро “бидуни қайду шарт” озод кунад.
Бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон донишҷӯён, хонандагони мактаб, омӯзгор ва кормандони мақомоти давлатӣ рӯзҳои 27-28 сентябр ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.
Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳ бо чанде аз зердастони собиқаш, ки бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буданд, баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Низомиёни украинӣ ва коршиносони байналмилалӣ якдилона мегӯянд, ки маркази "Рубикон" яке аз муассиртарин ташаббусҳои Вазорати дифои Русия дар бахши истифодаи ҷангии паҳпод (дрон)-ҳо мебошад.
Дар чанд соли охир даҳо нафар аз мухолифони сиёсӣ ё фаъолони маданӣ бо ёрии давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бозгардонданд ва аксарият зиндонӣ шуданд. Аммо шуморе аз шаҳрвандон гӯё бо хоҳиши худ ва бо орзуи афв бармегарданд. Бархе афв мешаванд, вале аксарият бар пояи “далелҳои нав” зиндонӣ мегарданд.
Игор Лосик, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пас аз сипари кардани панҷ соли зиндон дар Белорус, озод шуд.
Ёфтҳои бештар