Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Баъд аз симхоркашии қисмате аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон, азнавсозии роҳҳои марзӣ дар чанд ноҳияву шаҳрҳои вилояти Суғд имконпазир шудааст. Яке аз роҳҳои харобе, ки солҳои пеш бо сабаби монеаҳои ҳуқуқии ҳарду кишвар таъмир намегардид, ҳамакнун азнавсозӣ мешавад.
Сокинони ду бинои нави истиқоматӣ дар маркази Хуҷанд мегӯянд, се сол боз на ҳуҷҷати хонаҳоро гирифта метавонанд ва на шароити муносиби зист доранд. Масъулони ширкати бинокор қазияро шарҳ надоданд.
Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳамсару духтараш шоми 7-уми декабр дар шароити номаълум фавтидаанд. Наздиконаш мегӯянд, аҳволи аъзои ин оила баъди истеъмоли хӯроки шом бад шуда, се нафарашон то даъвати пизишкон ҷон доданд.
Аъзои як оила дар шаҳри Хуҷанд даъво доранд, ки бист сол боз ҳаққи худро аз корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" ва як тарабхона дар шаҳри Гулистон гирифта наметавонанд. Раёсати корхонаро Зафар Азимов, домоди 43-солаи сарвазир Қоҳир Расулзода, бар дӯш дорад. Ӯ ва зердастонаш дар ин бора суҳбат накарданд.
Даҳҳо сокини Пунук дар ноҳияи Ашт тақрибан як моҳ боз Акмал Ҳомидови ҳамдеҳаашонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ рӯзи 3-юми ноябр ҳамроҳи бародаронаш ба нигоҳубини чорво ба кӯҳу теппаҳо рафта, вале нопадид гаштааст.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 3-юми ноябр дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дафн карданд. Абдумуталиб Аюбов 27 сол дошта, ба қавли пайвандонаш, дар Русия зиндонӣ буд.
Худкушии як духтари ноболиғ дар ноҳияи Спитамен сабаби баҳси ду хонавода шудааст. Пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева иддао доранд, ки дар худкушии ӯ модари дӯстписараш гунаҳкор аст. Ҷониби дигар иддаоро рад мекунад. Додситонӣ тафтиши сабабҳои худкуширо оғоз кардааст, ки 6 моҳ пеш рух додааст.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳу барангехта буд. Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баҳори имсол дар Душанбе баргузор гардид. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳуро барангехта буд. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст. Филм назари интиқодӣ ба даврони Шӯравӣ дорад ва гуфтугӯи наслҳои гузаштаву имрӯзро дар бар мегирад.
Дар аксар навоҳии пахтакори Тоҷикистон наврасонро ба пахтачинӣ ҷалб кардаанд.
Муқим Ашӯров соҳибкор ва қудои пешини Сарвазири Тоҷикистон 1-уми октябр аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Вай тақрибан ду моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ гумонбар мешуд.
Баръакси ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо орзуи рӯзгори беҳтар барои худу фарзандон талоши ҳиҷрат ба хориҷаро доранд ва зери зулму ситам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, оилае аз Австролиёи дурдаст аз будубош ва кораш дар Тоҷикистон изҳори хушбахтӣ мекунад.
Тоҷикони муқими Қирғизистон мегӯянд, пас аз имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиндагии онҳо комилан дигар шудааст.
Ёфтҳои бештар