Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Агар умр вафо мекард, рӯзи 20-уми март Убайдуллои Раҷаб, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, 85-сола мешуд. Ӯ соли 2021 дар замони пандемияи коронавирус даргузашт.
Як ниҳоди расмӣ кори сокинон, нафақа ва кумакпулиҳоро сарчашмаи даромади мардум дар Тоҷикистон номида, вале дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ва кишварҳои дигар ҳарфе нагуфтааст. Дар асл, тоҷикистониҳо чӣ қадар даромад доранд ва чӣ гуна рӯз мегузаронанд?
Додгоҳи ҳарбии Маскав 13 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҳамла ба толори “Крокус” ба ҳабси абад маҳкум кард. Се тоҷикистонии дигар 19-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд. Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе рӯзи 13-уми март гуфтанд, ки "бачаҳо ҳайф шуданд".
Хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ се сол боз иди касбии худро паси панҷара, дар гӯшаи зиндону дур аз наздикон таҷлил мекунанд. 11-уми март дар Тоҷикистон Иди матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Радиои Озодӣ бо пайвандони ин рӯзноманигорони зиндонӣ суҳбат кард.
Чаҳор сол аст, ки хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ иди касбии худро паси панҷара, дар гӯшаи зиндону дур аз наздикон таҷлил мекунанд. 11-уми март дар Тоҷикистон Иди миллии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Радиои Озодӣ бо пайвандони ин рӯзноманигорон сӯҳбат кард.
Як маъмури собиқи муассисаи ислоҳии ноболиғони душвортарбия дар Душанбе иддао дорад, ки баъзе аз кормандони ин муассиса ба ҷойи тарбияи муносиб бо наврасон бадрафторӣ мекунанд. Ба қавли ӯ ин бадрафториҳо мумкин аст, ки наврасро то ба худкушӣ расонад.
"Занг мезанем, ҳеч кас ҷавоб намедиҳад. Тахминан 200 бор занг задем." Акбарҷон Зокиров аз шаҳри Хуҷанд бо баёни ин ҷумлаҳо гуфт, наметавонад бист ҳазор сомонии худро аз корти "Душанбе Сити Бонк" бигирад ва ба кораш идома диҳад. Касе аз намояндагони бонк шарҳ намедиҳад, ки чаро ин вазъ пеш омад.
Бархе аз роҳи заминӣ аз Эрон ба Озарбоҷону Арманистон ва Туркманистон гузашта, қисме ҳанӯз дар Иморот ва Исроилу гӯшаҳои дигари Ховари Миёна мунтазир истодаанд.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 додрасҳо бештар аз 150 ҳазор парванда ва пешниҳоду дархостро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набароварданд. Яъне, аз миёни гумонзадҳо касеро бегуноҳ надонистанд.
Дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор карда, вале ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор кардаву ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Таҳмина Азизова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ӯ ва аъзои оилааш, дар умум бист нафар, аз хонаи худашон берун карда шудаанд. Ҷое, ки бист соли охир якҷоя зиндагӣ доштанд. Ҳоло сарпаноҳе надоранд ва ба гуфтаи ӯ дар ба дар мегарданд.
Як хонаводаи бистнафарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят дорад, ки зани соҳибкоре онҳоро бехонаву дар гузоштааст. Муомила сари қарз ва ба гарав гузоштани хона, оилаи Таҳмина Азизоваро бо кӯдакони зиёд дар кӯча гузоштаву дар ба дари хонаи хешовандонашон кардааст.
"Судиҷрочӣ гуфт, се сол шуд роҳаш бастааст. Агар омад, дастгир мекунем." Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, се сол боз наметавонад пули алименти ягона фарзандашро аз шавҳари собиқаш бигирад. Бо далели пеш наомадани мушкил дар хонавода нахост чеҳрааш нишон дода шавад.
Ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар кишвар қариб 58 ҳазор нафар ё 2 дарсад расман чун бекор сабт шудаанд. Аммо бархе аз мансабдорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки ҷавонон ҷойҳои холии кориро қабул намекунанд.
Раёсати корҳои дохилии Хатлон рӯзи дувуми феврал бо нашри як навор аз боздошти ду гурӯҳе хабар дод, ки дар Кӯлоб ба фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла моддаи сахттаъсири метамфетамин ё кристал машғул будаанд. Дар Душанбе ҳам се нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шуданд.
"Вақтҳои охир истеъмоли ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва метамфитамин ё кристал ... маъруфият пайдо карда, муомилоти он бештар шудааст."
Як духтари ноболиғ талош дорад, ки мақомот падарашро аз зиндон озод ва ӯро пурра бегуноҳ эълон кунанд. Ин мард ду сол пеш бо гуноҳи дастарозӣ ба номуси ду духтари наврасаш 23 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Духтарон ҳоло дар ятимхона ҳастанд.
Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз баҳсу даъво миёни муштариён ва ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе низоми наве роҳандозӣ кардааст то мардум пеш аз хариди хона қонунӣ будани кори ширкатҳоро санҷанд.
Баҳси шудгор кардани кишти гандум барои кишти маҷбурии пахта аз мавзӯҳои асосии нишасти хабарии вазири кишоварзии Тоҷикистон дар рӯзи 29-уми январ буд.
Ёфтҳои бештар