Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои осебдидагони Исфара кумак ҷамъ карданд. ВИДЕО


Кумакҳои ҷамъшуда барои сокинони зарардидаи Исфара

Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварии кумак ба оилаҳое оғоз шудааст, ки ҳангоми муноқиша дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст додаанд. Масъулонаш гуфтанд, ба осебдидагон хӯроку либос ва ҷиҳози дигари рӯзгор мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз зарари расидаро эълон накардаанд. Бар асоси аксҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, чандин хона сӯхтаву вайрон шудааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар даргириҳои марзӣ даҳҳо иншоот, аз ҷумла хонаҳои мардум осеб дидааст.

Пас аз зӯҳри 20-уми сентябр як мошини ҳомили ёриҳо аз Душанбе ба самти шаҳри Исфара ба роҳ баромад. Онро шахсони алоҳида ва хайрхоҳ довталабона ҷамъ оварданд.

Юля Демо яке аз онҳост. Ӯ замоне аз Украина ба Тоҷикистон омад, ки дар кишвараш ҷанг сар шуд ва ҳамин тавр дар ин ҷо монд. Юля дар баробари ихтиёриёни дигар ба ҷабрдидагони муноқишаи ахири марзӣ бо Қирғизистон мадад кард.

Юля Демо аз Украина омадааст
Юля Демо аз Украина омадааст

“Шунидам, ки сокинони ҷабрдидаи марз ба ёрӣ ниёз доранд. Дар хона чанд кӯрпаву болишти зиёдӣ доштам ва онро ба ин ҷо овардам. Ба сафи ихтиёриён пайвастам. Бигзор, ин ба каси дигар кумак шавад, зеро ниёзмандон ҳастанд," -- гуфт Юля рӯзи 20-уми сентябр.

Дар як рӯзи эълони ҷамъоварии кумак ба мардуми зарардида, ки блогер Зарнигор Ҳусейнова дар Инстаграм нашр кард, даҳҳо нафари хайрхоҳ асбоби рӯзгор, зарф, либос, хӯрокворӣ ва дору ҷамъ карданд. Ба гуфтаи ӯ, баъзе хурдсолон ҳам мехоҳанд, ба ҳамсолони зарардидаи худ ёрӣ расонанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Фаъолон барои мардуми ҷабрдидаи деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистон ёриҳои башарӣ ҷамъ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Зарнигор Ҳусейнова гуфт: "Дар инҷо ҳама чиз ҳаст. Бозичаҳо хеле зиёданд. Аз як духтари хурдсол пурсидам, бозичаҳоятро ба дигарон медиҳӣ? Гуфт, ман аллакай бозӣ кардам, бигзор дигарон бозӣ кунанд. Дар камтар аз 24 соат ёрии зиёде ҷамъ шуд. Интизорашро надоштем. Бисёриҳо хостанд, тавассути мо ба зарардидагон пул фиристанд, вале рад кардем, чун масъулияташ зиёд аст."

Зарнигор Ҳусейнова
Зарнигор Ҳусейнова

Дар баробари Зарнигор ва дӯстонаш, чанд блогеру созмонҳои хайрия дар пайи ҷамъоварии кумакҳои пулӣ барои зарардидагони муноқишаи марзӣ ҳастанд.

Дар Хуҷанд низ ризокорон (волонтёрон) ва созмонҳои хайрия нуқтаҳои ҷамъоварии кумакҳоро фаъол кардаанд. Чандин нафар омодагии худро барои мадад ба зарардидагон баён карданд. Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки расондани ёриро ба зарардидагон вазифаи ҷонии ҳукумат медонанд. Мақомот гуфтанд, аллакай ба афроди осебдида мадад расондаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар манзили яке қурбониёни муноқиша
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар манзили яке қурбониёни муноқиша

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 20-уми сентябр ба хонаи зарардидагон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, барои таъсиси ситоди вижа ва санҷиши хонаҳои харобшудаву зарардида супориш додааст.

Дар ҳодисаҳои гузашта сокинони осебдида дар марз аз он шикоят доштанд, ки мақомот дар рӯзҳои аввал ваъдаи зиёд дода, ё онро иҷро накарданд ва ё бо гузашти моҳҳо ва дархостҳои зиёд ба додашон расиданд.

Дар рӯзҳои аввали даргирии охир дар сарҳад маъракаи довталабона супоридани хун ҳам ба захмиён роҳандозӣ шуд. Масъулонаш гуфтанд, ҳаҷми зарурии захираи хунро ҷамъ оварданд. Мақомот мегӯянд, дар муноқишаи марзӣ чандин нафар захмӣ шуда, баъзе дар ҳолати вазнин ҳастанд.

Дар пайи муноқишаи рӯзҳои 14-17 сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо манзили сокинон вайрон шуда, тибқи маълумоти расмӣ, 41 нафар аз ҷониби Тоҷикистон ва 59 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанҷол ва таҷовуз ба хоки якдигар гунаҳкор карда, осори даргириро ба кишвару созмонҳои хориҷӣ намоиш доданд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG