Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот ва вайрониҳоро дар сарҳад кори бесарнишинҳо гуфтанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Намояндагони ҳукумат ва сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон мегӯянд, дар даргирии рӯзи 16-уми сентябр нерӯҳои Қирғизистон аз бесарнишинҳо истифода кардаанд. Ҷониби Қирғизистон вокуниш накард. Хабарҳо аз корбурди бесарнишинҳо аз тарафи Қирғизистон дар ҳолест, ки Душанбе ва Бишкек ду моҳ пеш гуфта буданд, дар бораи истифода накардани онҳо дар даргириҳои марзӣ созишнома имзо кардаанд.

Абдувосит “Портер”-ашро дар навор шинохт

Мошини хурди боркаш (Портер)-и бародарон Фаррух ва Абдувосит Амаковҳо, сокинони шаҳраки Шӯроби Исфара, 16-уми сентябр ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Онҳо гуфтанд, он рӯз бо шунидани садои тиру тӯп ба мадади сарбозон рафта, мехостанд, захмиёнро ба бемористон баранд, вале баъди чанд лаҳза шоҳиди таркиши сахт шуданд. Бовар доранд, ҳамла бо дрон шудааст.

Фаррух Амаков, сокини Шӯроб, ҳодисаро чунин нақл кард: “Мошин таркид. Сарбозон ҳар тараф хобида буданд. Аксарият сахт захмӣ шуданд.” “Шаш нафар захмӣ шуда, ду кас ба ҳалокат расид. Боқимондаҳоро бо мошини сокинон ба беморхона бурдем,” – идома дод Абдувосит Амаков.

Бародарон мегӯянд, дар ин ҳодиса осеби равонию ҷисмӣ низ диданд. Ба қавли Фаррух Амаков, “ҳангоми бор кардани сарбозони захмӣ ба мошини сокинон ду снаряди дигар афтод. Пораҳо ба як тарафи дастам заду маро гирифта партофт. Дастам захмӣ шуд, гӯшташ дарид”.

Соҳибони “Портер” мегӯянд, баъди ин ҳодиса навори ҳамла ба нақлиёташонро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз корбарони кишвари ҳамсоя дидаанд. Абдувосит Амаков бо тасдиқи нишонаҳои мавқеъгирии мошинаш ва манзараи атрофи он гуфт, онҳоро тариқи паҳпод ё дрон аз боло задаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Шӯроб гуфтанд, ки ба онҳо бо дрон ҳамла шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Ҳамла ба хона, мактаб ва масҷид

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр дар брифинге дар ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе аз зарбаи паҳподҳо ба деҳаҳои марзӣ гуфт.

Ӯ ҳамзамон афзуд, Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон нерӯҳои изофӣ ва аслиҳаи сангинро дар наздикии марз истифода бурд: “Усули ғайриинсонӣ истифода шудааст. Мо амалкарди низомиёни Қирғизистонро нақзи меъёри ҳуқуқи башар меҳисобем, зеро онҳо натанҳо иншооти низомӣ, балки хонаҳои мардум ва хатти барқу алоқаро ҳадаф гирифтанд. Як нуктаро махсус зикр мекунам, ки чанд мактаб тахриб шуда, масҷид мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор гирифтааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳамларо ба масҷиди Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон) кори паҳпод ё бесарнишинҳои тарафи ҳамсоя номид. Дар он ҳамла дар рӯзи 16-уми сентябр зиёда аз даҳ нафар кушта шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон изҳороти тарафи Тоҷикистонро рад ё тасдиқ намекунанд.

"Байрақтар", "Абобил-2"...

Қирғизистон соли 2021 ҳавопаймои бесарнишини “Байрақтар ТБ-2” харид. Раиси ҷумҳури ин кишвар, Содир Жапаров, моҳи октябри соли гузашта гуфт, барои навсозии таҷҳизоти низомии Қирғизистон, бахусус харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Русия ва Туркия, 100 миллион доллар ҷудо мекунанд.

Дар моҳи апрели имсол дар бораи инки Тоҷикистон низ дар ҳоли хариди "Байрақтар"-и Туркия аст, гузорише расид. Дертар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, муайян кардааст, чунин созише сурат нагирифта.

Дертар, дар моҳи май, расонаҳо гузориш доданд, ки Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини “Абобил-2” кушод.

Дар пайи муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ин даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҳарду тараф мегӯянд, барои исботи инки ҳамларо ҷониби дигар оғоз кардааст, факту далел доранд. Мақомоти ҳарду кишвар якдигарро ба “таҷовузкорӣ” айбдор мекунанд.

Сабаби ҷанг садҳо километр марзи аломатгузориношудаи ду кишвар ва ҷанҷолу даъвои сокинон барои замину обу чарогоҳ аст. Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд ва бо гузашти бештар аз 30 сол аз истиқлоли хеш натавонистаанд, онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG