Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як сарбози тоҷикро ба наздиконаш додаанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Ҷасади як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро ба наздиконаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ додаанд.

Умед Бекназарзодаи 18-сола тирамоҳи соли 2023 ба артиш бурда шуда, дар шаҳри Исфара хидмат мекард. Ӯро як ҳафта пеш дар зодгоҳаш гӯрондаанд.

Масъулони қисми низомии “02267” ба таври расмӣ сабаби марги сарбозро нагуфтаанд. Сайфуллоҳ Қурбонзода, муовини фармондеҳи ин қисми ҳарбӣ дар мавриди таълиму тарбия, рӯзи 31-уми январ бо шунидани суоли Радиои Озодӣ аз суҳбат худдорӣ кард.

Мақомот ҳангоми додани ҷасад ба волидонаш гуфтаанд, ки “Умедҷон бо як сарбози дигар барои нос ҷанг кард ва дар натиҷа ба ҳалокат расид”.

Пайвандонаш мегӯянд, ба ин фарзия бовар надоранд. Ба қавли падараш, Тоҷиддин Бекназарзода, “вақте ҷасадро оварданд, аз пушти сараш хун мерафт.”

“Бародараш ҷасади Умедҷонро шуст. Дар пушти сараш шикофи калонро дидааст. Писари ман ҳеч гоҳ нос намекашид. Агар бо сарбози дигар ҷанҷол мекарду мефавтид, ҳатман падару модари ӯ барои узрхоҳӣ ба хонаи мо меомаданд. Аз маргаш як ҳафта мегузарад, дараки касе нест,” – нақл кард ӯ рӯзи 31-уми январ.

“Бовар надорам, ки писарам ҷанҷол кардааст. Масъулони қисми ҳарбӣ сабаби асосии ба марг расидани фарзандамро бояд фаҳмонанд. Шикоф дар пушти сари ӯ аз куҷо буд?” – афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки, ба нақли Тоҷиддин Бекназарзода, писараш ду ҳафта дар рухсатӣ дар хонаашон буд ва рӯзи 22-юми январ январ ба хидмат баргашт: “Аз сарбозон шикоят надошт. Шабе, ки ба Исфара рафт, то расидан ба қисми ҳарбӣ ба зангҳо ҷавоб медод. Рӯзи дигар телефонаш дастнорас шуд. Пас аз чор рӯз хабари маргаш расид.”

Волидони Умедҷон Бекназарзода мегӯянд, ӯ фарзанди нахустини хонавода буд ва пас аз як соли муҳоҷирати корӣ аз Русия ронда шуду ба хидмат рафт.

Қисми ҳарбии “02267”-и қӯшунҳои хушкигарди Вазорати дифоъ, тавре дар сомонаи вазорат зикр шудааст, дар моҳи ноябри соли 2021 дар вилояти Суғд таъсис дода шудааст.

Ҳар сол дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон марги сарбозон сабт мешавад. Дар бештари ҳолат, наздикони сарбозон даъво мекунанд, ки онҳо бар асари латукӯб фавтидаанд. Мақомот дар баъзе маврид вуҷуди латукӯбро тасдиқ мекунанд, вале дар аксар ҳолат марги сарбозонро ба беморӣ ё ҳолатҳои дигар рабт медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2023 ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2022 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Омори нав ҳанӯз дастрас нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG