Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳои "осмонӣ" дастархони рамазонии мардумро хурд кардааст. ВИДЕО


Яке аз бозорщои шащри Душанбе
Яке аз бозорщои шащри Душанбе

Болоравии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон дастархони мардумро дар моҳи Рамазон хурдтар кардааст. Баъзе аз сокинон гуфтанд, ба мисли солҳои қабл хони онҳо дар вақти ифтор меваву гӯшт надорад.

Бо фишор як-ду соат ё як-ду рӯз мешавад нархро муътадил нигоҳ дошт, вале намешавад бозорро ба зӯрӣ нигоҳ дошт. Бояд аз корхонаҳое, ки барои ворид кардани маҳсулот имтиёз гирифтаанд, пурсида шавад, дар ивази сабукӣ чӣ қадар маҳсулот оварданд ва нархро то куҷо муътадил карданд?
Масъуд Собиров

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, мақомот набояд танҳо тамошобини вазъ бошанд ва барои поин бурдани нархи маҳсулот бояд роҳе пайдо кунанд. Мақомот мегӯянд, барои поин бурдани нарх талош доранд ва бо ин мақсад ярмаркаҳо ташкил карданд.

“Бо 700 сомонӣ чӣ гуна моҳи Рамазонро гузаронам?”

Сабоҳат Муҳиддинова дар шаҳри Душанбе омӯзгор аст ва, ба гуфтаи худаш, 700 сомонӣ маош мегирад. Шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Чаҳор фарзанд доранд. Хонум Муҳиддинова гуфт, бо маоши якмоҳааш, ки тақрибан ба ҳафтод доллари амрикоӣ баробар аст, намедонад, чӣ гуна моҳи Рамазон ва моҳҳои ояндаро гузаронад.

"Чаро бо фарорасии моҳи Рамазон ё ягон ҷашну ид нархи маҳсулот якбора боло меравад? Ин айби кӣ аст? Хоҳишмандам, нархи маҳсулотро дар бозорҳо назорат кунанд. Аз тоҷирон як хоҳиш дорам. Ҳамон хайру садақаеро, ки дар ятимхонаҳо мекунед, бардоред ва нархҳоро поин кунед", -- гуфт Сабоҳат Муҳиддинова рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ташкили ярмарка оё масъаларо ҳал мекунад?

Болоравии нархҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Баъзе аз сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, мегӯянд, чанд намуди маҳсулоти хӯрокворӣ барояшон дастнорас шудааст.

Як ҳамсуҳбати мо дар шаҳри Бохтар гуфт, агар барояш гӯшт хеле зарур шавад, танҳо бо 15 сомонӣ чанд грамми онро мехарад. Нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон феълан аз 55 то 70 сомонӣ аст.

Мақомот низ вуҷуди мушкилро тасдиқ мекунанд. Оҷонси омор дар гузориши охири худ гуфтааст, танҳо дар моҳи марти имсол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон қариб 2,5 дарсад афзудааст. Аз ҷумла, ба иттилои Оҷонсӣ,

  • нархи картошка 30%
  • сабзавот 23%
  • шакару равған 7,5%
  • гӯшт 4,3%

гарон шудааст. Сарони бозорҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, барои фаровон кардани маҳсулот ва поин овардани нархҳо талош доранд. Ташкили ярмаркаҳо ва “назорат барои беасос боло набурдани нархҳо” аз чораҳои мақомот барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот номбар мешавад.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар чанд бозори Душанбе нишон дод, ки ин чораҳо чандон ҷилави болоравии нархро нагирифтаанд. Аз як сӯ, дар ярмаркаҳо маҳсулот кам аст ва аз тарафи дигар талаботи ҳамаи сокинонро қонеъ намекунад.

Бархе аз сокинон мегӯянд, бо боло рафтани нарх барояшон танҳо як роҳ мемонад, ки хариди маҳсулотро камтар кунанд.

“Ҳар сол дар дастархон мева мемондем, гӯшт ҳам мехаридем. Мисол, солҳои гузашта дар як моҳ 2-3 бор гӯшт мегирифтем, ҳоло дар як моҳ як бор мехарем”, -- мегӯяд Аҳмадҷон Ҳомидзода, сокини Душанбе.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Нархи баланд хони рамазониро мухтасар кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

“Бояд зарари тоҷирон ҷуброн карда шавад”

Коршиносон бар инанд, ки мақомот барои танзими нархи маҳсулот набояд дигар аз таҷрибаи фишор ба тоҷирон истифода кунанд. Роҳе, ки дар солҳои гузашта баробари болоравии нарх аз он истифода мешуд ва, ба гуфтаи коршиносон, ноком буд ва боис ба камчинии маҳсулот дар бозорҳо мешуд.

Ба таъкиди иқтисодшинос Масъуд Собиров, ягона нақше, ки ҳукумат метавонад барои поин кардани нарх анҷом диҳад, “ҷуброни зарари тоҷирон аст”. Собиров афзуд, вақте мақомот аз тоҷирон талаб мекунанд, ки нархи маҳсулотро паст кунанд, бояд ҷуброни зарарро бипардозанд.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров

Роҳи дигар, ба гуфтаи коршинос, таъмини воридкунандагони мол бо асъори хориҷӣ, бахусус доллар, аст, чун болоравии қурби он ба нархи бозор таъсир мерасонад: “Яъне, бо зӯр намешавад. Бо фишор як-ду соат ё як-ду рӯз мешавад нархро муътадил нигоҳ дошт, вале намешавад бозорро ба зӯрӣ нигоҳ дошт. Дигар ин ки бояд аз корхонаҳои давлатие, ки барои ворид кардани маҳсулот имтиёз гирифтаанд, пурсида шавад, дар ивази сабукӣ чӣ қадар маҳсулот овардаанд ва нархро то куҷо муътадил кардаанд.”

Шикоят аз гаронии нархи маҳсулот солҳои қабл низ садо медод ва мақомот борҳо аз тоҷирон даъват кардаанд, то аз боло бурдани нарх дар арафаи иду ҷашнҳо худдорӣ кунанд. Тоҷирон мегӯянд, танҳо даъват ва баъзан фишор масъаларо ҳал намекунад, чун ба гуфтаи онҳо аксари маҳсулот аз хориҷа меояд ва пасту болоравии нарх ба харҷи роҳу қурби асъор сахт вобаста аст.

XS
SM
MD
LG