Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Бибизаҳро баъзан барои набераҳояш афсона мехонад. Гоҳе Ҳингилдевро ба ёд меорад, гоҳе бузаки ҷингилапо ва кали зиракро. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар кӯлбори хотирааш бештар аз ин афсона надорад ва бисёр вақт набераҳояш ё рӯ ба телефон меоранд ё ба телевизион.
Як зани тоҷик дар Русия мегӯяд, мақомоти пулиси он кишвар на танҳо гумонбари латту кӯби ӯро дастгир накарданд, балки худи ӯро аз он кишвар ронданд.
Тоҷикистон даҳ сол пеш ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Бисёриҳо умед доштанд, ки ба фарёди худ фарёдрас пайдо карданд ва ба фарқ аз додрасу додситону пулис, Омбудсмен бештар аз мавқеи корафтодаҳо ҳимоят намуда, дарди дили онҳоро ба «боло» хоҳад расонд.
Як сокини ноҳияи Дарвоз, ки ҳангоми сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз баландии 33 метр афтода, маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Қурбоншо Элчиеви 38-соларо рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш деҳаи Дробак дафн карданд.
Баррасии парвандаи садамаи маргбор бо ширкати афсари Раёсати марзбонии Тоҷикистон аз ҷониби Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар давоми се соли наздик корхонаи "Сементи тоҷик", ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз фаъолият монда ба ҷои он дар як маҳаллаи наздик ба он корхонаи нави сементбарорӣ фаъол хоҳад шуд.
Тӯрахон Нурматов тақрибан ду моҳ асири қочоқбарони афғон буд ва аввали ҳафта озод шуд.
Мансур Наврӯзов, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои қатли лейтенант Муносиб Олимбеков даҳ сол зиндонӣ шуд. Ҳукмро Додгоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми феврал содир кард.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро надоранд, симкортҳои худро аз нав ба қайд мегиранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ин қарор аз рӯзи 9-уми феврал, тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар кишварро тағйир дод.
Қарори нави ҳукумат дар бораи сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ва аксаран манфиро ба бор овард. Санадро рӯзи 9-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.
Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, аксари маводҳое, ки аз ҷониби мақомотҳои судию тафтишотӣ бо гумони тарғиботи андешаҳои террористию экстремистӣ барои ташхис ба онҳо ирсол мегардад, тасдиқи худро намеёбанд.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳасан Азимов, молики корхонаи парандапарварии ин ноҳияро ба иттиҳоми қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин гунаҳкор дониста, барои 15 сол равонаи зиндон намуд.
Мақомоти Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон аз шеваи пешвозгирӣ аз мансабдорон дар маҳалҳо интиқод карда ва гуфтанд, ки "дигар чунин кор такрор нахоҳад шуд".
Чанд мақоми шаҳри Панҷакент ба хотири онки дар фасли зимистон духтаронро бо либоси тобистона ба пешвози раиси вилояти Суғд бароварда буданд, муҷозот шудаанд.
Додситонии ноҳияи Сино ба таҳқиқи худкушии Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи мактаб-интернати рақами яки Душанбе оғоз кардааст.
Интизор меравад, мақомоти Тоҷикистону Русия моҳи майи имсол масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони кориро баррасӣ ва ниҳоӣ кунанд. Ҳарду тараф ҳоло аз муҳоҷирон ба мисли гови ҷӯшоӣ истифода мекунанд, аммо зоҳиран омода нестанд, ки дар айёми пириву дармондагӣ дасти онҳоро бигиранд.
Тоҷикистон ният дорад, то панҷ моҳи дигар роҳи муҳоҷиронро ба бозори кори Қатар боз кунад. Ин имкон пас аз имзои созишнома миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нерӯи корӣ фароҳам шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, азм доранд, то камтар аз се соли дигар бо харҷи тақрибан 377 миллион сомонӣ деҳоту маҳаллаҳоро мисли "шаҳр" кунанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба таҳқиқи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русияро дар бораи интиқоли густурдаи ҷангҷӯёни "Давлатӣ исломӣ" ба марзҳои Тоҷикистон, шурӯъ намудааст.
Ёфтҳои бештар