Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд.
Амиршоҳ Саидов, сокини 57-солаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, даҳ рӯз боз ба ҷустуҷӯи писараш меравад. Ӯ дар зери тарма бенишон шудааст.
Ҳар нафари севум дар Тоҷикистон аз ҳузури зан ё шавҳари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозӣ будааст. Ба андешаи муҳаққиқоне, ки масоили пойдории оиларо омӯхтаанд, ҳузури ҳамсарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари аз ҳам пошидани хонаводаҳоро дар пай дорад.
Сарвиноз Шариповаи 32-сола аз баландии 70 метр биноҳои зебои пойтахтро мебинад, ки дар бунёди онҳо саҳм гузоштааст.
Сарвиноз Шарипова ҳашт соли охир дар сари фармони крани сохтмонӣ кор мекунад. “Утоқ”-и кории Сарвиноз Шарипова дар баландии 70 метр ҷойгир аст ва аз ин баландӣ ӯ тамоми ҷараёни сохтмонро назорат мекунад.
Сокинони баъзе аз хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди онки имсол нархи оби ошомиданӣ боло бурда шуд, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба об кам нагардид.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи барфрезиҳои шадиди ду шабонарӯзи ахир ва фаромадани тарма, дар муҳосира қарор гирифта, шоҳроҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе баста шудааст.
Дар ними роҳ дармондани троллейбусҳо ва чеҳраи норозии мусофирон, ки ба ҷое шитоб доранд, тасвири барои пойтахти Тоҷикистон шинос аст.
Файзулло Сангалиеви 65-сола, раиси маҳаллаи Арачаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 8-уми январ худро дар зери шифти хонааш ба дор овехт ва сокинони ин деҳаи хурдро ҳайрон кард.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии шадиди мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард.
Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишастаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов, баъд аз ҳудуди 25 рӯз, аз дарёи Вахш пайдо шудааст.
Барзу Абдураззоқов – коргардони маъруфи тоҷик – пас аз фаъолияти сесола дар театри “Жаc Саҳна”-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ ҳадди ақал шаш соли охир дар Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст.
Ишқи Сафар ва гул се сол пеш аз тамошои гулфурӯшиҳои канори бозори "Саховат" шурӯъ шуд.
Сафар Шамсиев 15 сол дорад ва аллакай як гулпарвари ботаҷриба аст. Дар ду соли гулпарвариаш 200 навъи бунафшаҳои хонагиро парвариш ва зиёд кардааст.
Қурби рубли русӣ, ки муҳоҷирони тоҷик ҳосили заҳматҳои худро асосан бо ин асъор ба Тоҷикистон мефиристанд, дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Бархе аз моликони корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон аз манъ шудани ҳамагуна тафтиш ва дахолат ба кори онҳо дар ду соли оянда оҳи сабук кашидаанд. Вале мегӯянд, ки бояд ҳукумат ҷараёни татбиқи дастури раиси ҷумҳурро ҷиддӣ назорат кунад, то гап дигару амал дигар нашавад.
Тоҷикистон дар қатори нӯҳ кишваре қарор гирифт, ки сатҳи андозбандияшон сангин гуфта мешавад.
Ёфтҳои бештар