Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалокати табиӣ дар чанд гӯшаи Тоҷикистон даҳҳо оиларо бехона гузошт. ВИДЕО, АКС


Деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Баъди фалокат дар деҳаи Навобод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гуруҳи дигаре аз мардум тарсону нигаронанд, ки хонаҳои онҳо низ зери хок мешавад ва ҳосили заҳмати чандинсолаашон барбод меравад.

Рӯзи 8-уми май дар натиҷаи лағжиши хок дар ин гӯшаи вилояти Хатлон даҳҳо хонаву киштзорҳои васеъ вайрон шуд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро мақомот ба мардум дар ҷое барои хонасозӣ замин додаанд, ки оқибаташ чунин вайронӣ аст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ нишон хоҳад дод, ки чаро чунин ҷойи ҳамворе ба вайрона табдил шуд.

"Дар 20 соли охир бори дуюм чунин мешавад"

Дар ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасид, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд. Маблағи осебҳои расида ҳанӯз маълум нест. Нигаронии сокинон аз ин аст, ки яке аз пайи дигар фурӯ рехтани киштзору манзилҳо, мумкин аст, идома кунад ва осеби ба маротиб бештар расонад.

Момагул Мирзомуродова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонаи ӯ ва чаҳор писараш зери хатари нобудиянд, зеро офат тадриҷан ба ҷойи зисти онҳо наздиктар мешавад.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, сар задани чунин ҳодисаро пешбинӣ намекарданд, аммо сокинон мегӯянд, дар 20 соли охир бори дувум аст, ки ҳамингуна фурӯрезии заминро дар деҳаҳои наздик мушоҳида кардаанд. Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оё ба минтақаи хатар шомил мешуд ё не.

Наворро дар ин ҷо бинед:

"Нимашаб буд, ки бало омад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

"Ҳама чизамро аз даст додам"

Ҳоло осебдидагон дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо на танҳо хона, балки ҳамаи дороиҳои худро аз даст додаанд. Сокинон мегӯянд, нишонаҳои аввал ё саршавии фурӯравии замин рӯзи 5-уми май сар шуда, 7-уми май шиддат гирифт ва ҳамоно идома дорад.

Мир Олимов, яке аз сокинони зарардида, рӯзи 9-уми май гуфт, "ҳодиса се рӯз пеш буд. Аввал хонаи маро бурд. Ҳамаи чизамро аз даст додам. Дар хона панҷ оила мезистем. Ҳама чизро аз даст додем." Аҳолӣ иҷозат надорад, ки ба ҷойи ҳодиса наздик равад.

Сокиноне, ки хонаҳояшон вайрон шудаанд, ба хаймаҳо таъмин шуда, баъзеи онҳо бо кӯдаконашон ба хонаи хешу наздиконашон бурда шудаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ба зарардидагон ёрии башардӯстона расонда шуд.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Аъзам Бобошоев, як масъули ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гуфт, барои оилаҳои зарардида се вақт хӯрок ва хайма додаанд. "Баъдан барои онҳо аз ҷойи дигар қитъаҳои замин дода хоҳад шуд", -- афзуд ӯ.

Муродҷон Муҳиддинов, масъули бахши иттилооти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ситод таъсис шуда, мардум ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд. Ин масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода тасдиқ кард, ки фурӯрезии замин ҳоло ҳам мушоҳида мешавад ва хатари он бартараф нашудааст. Ӯ афзуд, кормандони ситод имрӯз бори дигар пайомадҳои офатро мешуморанд ва зарари молиро гузориш медиҳанд.

Аксҳои бештар:

Офатҳои табиӣ аз Ашт то Ховалингу Сангвор

Дар панҷ рӯзи охир ба ҷуз аз ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ офатҳои табиӣ рух додааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, аз 5-уми май ба ин тараф қариб дар даҳ шаҳру ноҳияи кишвар сар задани офатҳои табииро сабт карданд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ашту Деваштичи вилояти Суғд, Муъминобод, Ховалинг, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор дар минтақаи Рашт сел омадааст. Мақомот гуфтанд, дар шаҳри Панҷакент сангрезӣ ба манзили сокинон осеб расонд ва мақомот 12 оиларо ба ҷойи бехавф кӯчонданд.

Умеда Юсуфӣ
Умеда Юсуфӣ

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, офатҳои табиӣ дар пайи боронгариҳо сар зад. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 10-уми май гуфт, офатҳои табиӣ то ин дам талафоти ҷонӣ надоштанд: "Ягона зараре, ки расид, ба майдонҳои наздиҳавлагии сокинон обу лойқа даромад. Қисман пулҳо зарар диданд ва иншооти муҳофизатӣ."

Рӯзи 6-уми май баъзе аз сокинони ноҳияи Ашт бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар пайи омадани сел, роҳу хонаҳои мардум вайрон шудааст. Бино бар иттилои расмӣ, селоб беш аз 8 километр роҳ ва 10 пулро дар ноҳияи Ашт хароб кардааст. Сокинон мегӯянд, селоби зиёновар онҳоро аз оби ошомиданӣ ҳам маҳрум сохт.

Дар ноҳияи Деваштич борони шадид ва сел роҳу заминҳои кишти мардумро шуставу валангор кардааст. Сокинон, ки мегӯянд, боғу заминдорӣ манбаи асосии таъмини зиндагияшон буд, ҳоло намедонанд аз кадом ҳисоб рӯзгори худро пеш мебаранд.

Навори дувумро дар ин ҷо бинед:

Дар Тоҷикистон хатари офатҳои табиӣ аз байн нарафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки хатари омадани сел ҳамчунон зиёд аст ва сокинон бояд эҳтиёт бошанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, кормандонашон ба ҳолати омодабош даромадаанд ва вазъро зери назорат доранд. Ҳарчанд баъзе аз сокинон дар минтақаҳои офатзада гуфтанд, ёрии зарурӣ дарёфт накардаанд.

Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

XS
SM
MD
LG