Як додраси ноҳиявӣ дар Амрико рӯзи 30 май дархости севуми Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои судури "қарори манъи муваққат" ё TRO алайҳи Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM)-ро пазируфт ва ба ин созмон дастур дод, то будҷаи моҳи майи ин расонаро фавран пардохт кунад.
Додрас Ройс Ламберт ҳамчунин пешниҳоди USAGM-ро дар бораи инки дигар кӯмакрасонҳо ният доранд Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҳимояи молӣ кунанд ва Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико вазифадор ба пардохти будҷаи ин радио нест, рад кард.
Ройс Ламберт гуфт, ки ҳар ду тарафи даъвогар "тақрибан дар ҳамон вазъияте ҳастанд, ки як моҳ пеш дар он қарор доштанд". Дар он замон додгоҳ бо судури "қарори манъи муваққат", USAGM-ро вазифадор ба пардохти беш аз 12 миллион доллар буҷаи моҳи апрел карда буд.
Ройс Ламберт дар ҳукми рӯзи 30 май афзуд, ки USAGM бори дигар аз "тамдид"-и якмоҳаи тавофуқ барои пардохти будҷаи моҳи майи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ худдорӣ кард ва РАО/РО маблағеро, ки Конгресс барои ин моҳ ҷудо кардааст, дарёфт накардааст.
Ройс Ламберт афзудааст, "Далели додгоҳ, ки "қарори манъи муваққат"-ро дар моҳи апрел асоснок мекард, "акнун ба ҳолати худ боқӣ мемонад ".
Стив Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ дубора ҳукме содир кард, ки бар пояи он, USAGM бояд ин маблағро пардохт кунад.
Капус дар баёнияе гуфт, "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қарор аст буҷаи ҷудошуда барои моҳ майро, ки акнун як моҳи комил аз вақти он гузаштааст, дарёфт кунад, то дар ростои ҳадафи муҳими амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Амрико, ба фаъолияти худ идома диҳад".
Ӯ афзуд, "бинобар сарпечии USAGM аз сари вақт пардохтани ин маблағ, рӯзноманигорони содиқи мо беасос баҳои гарони онро мепардозанд".
Дар ҳукми додрас омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки 5,5 миллион евро ба Бунёди Аврупо барои демократия (EED) ҷудо хоҳад кард ва бахше аз он ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, дода хоҳад шуд.
USAGM далел пеш овард, ки бо назардошти ин эълони Иттиҳоди Аврупо, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дигар наметавонад ҷуброн талаб кунад. Аммо додрас Ламберт гуфт, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ интизор надорад, ки ҳеҷ яке аз ин маблағҳоро то 30 июн дарёфт кунад".
Дар ин фармон омадааст, "Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ бе маблағгузорӣ, бахши аъзами фаъолиятҳояшро то охири моҳи июн қатъ мекунад".
Ин додрас дар ҳукми худ мегӯяд, ваъдаи миқдоре маблағгузории номаълум дар баъзе марҳилаҳо дар оянда, "ҳеҷ чизе барои коҳиши осеби ҷуброннопазире, ки акнун Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ бо он рӯбарӯ аст, анҷом намедиҳад".
Ӯ афзуд, "бинобар ин, додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки "қарори манъи мувақққат" ё TRO-и фаврӣ барои пешгирӣ аз фурӯпошии қарибулвуқӯи Радиои Озодӣ, зарурӣ аст".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март дар бораи ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод.
Чанд соат пас аз нашри ин фармон, номае бо имзои Кэри Лейк, мушовири USAGM расид, ки тибқи он, ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қатъ гардид.
Дар натиҷа, фаъолияти бахшҳои РАО/РО маҳдудтар шуд, як бахши хабарнигорон ба истироҳати маҷбурӣ фиристода шуда, кор бо кормандони кироя ё фрилансерҳо қатъ шудааст.
Бо ин вуҷуд, РАО/РО ба рисолати касбии худ барои расонидани хабарҳои саривақтӣ ва муҳим дар 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, идома медиҳад.
Гуфтугӯ