Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони "бисёрҳизбӣ"-и президентӣ ё танқид ҳамчун "беҳурматӣ"


Ҳайати нави порлумони Тоҷикистон. 17-уми марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Вакилони "навтаъин" мегӯянд, агар онҳо ҳукуматро танқид кунанд, ҷомеа инро ҳамчун беэҳтиромӣ қабул мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки президент Раҳмон рӯзи 17-уми март ба раисии Абдуҳалим Ғаффоров дар ҷаласаи аввалини Маҷлиси намояндагон чӣ гуна баҳогузорӣ намуд. Аммо фикр намекунам ин қисмати маҷлис бе ягон лутфи Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфта бошад.

Ба ҳар сурат, 17-уми марти соли 2015 низ, ки раиси Ҳизби сотсиалист Ғаффоров ба сифати калонсолтарин вакили порлумон то интихоби спикер Шукурҷон Зуҳуров онро роҳбарӣ намуд, президент шӯхиву хушсуханиҳое ба ҷониби ӯ карда буд. Сотсиалисти №1 ҳангоми мусоҳиба бо инҷониб дар маъракаи пешазинтихобии ахир, вақте пурсидам, ки оё он ҳолатро ба хотир дорад, хеле бошавқ нақл намуд:

"Бале ин як ҳолати таърихист ва аз ёд намеравад. Хушбахтона, ба сифати вакили калонсолтарин ин рисолатро инҷониб иҷро кардам. То ҷое медонам, раисии инҷониб ба ҳама вакилон ва Президент ҳам писанд омад. Ҷаноби Олӣ вақти суханронии худ маро таъриф ҳам карданд ва гуфтанд, ки ҳамаи мусоҳибаҳоямро дар нашрияҳои даврӣ ва телевизион хондаву дидаанд. Дар ҳақиқат Ҷаноби Олӣ бо шӯхӣ ба ман гуфтанд: “Шиму костюматон ҳам зебанда аст”. Дар ҷавоб гуфтам, ки “мо аз Шумо ибрат мегирем, шахсияти Шумо барои мо намуна аст. Ҳар фарди Тоҷикистон аз номи Президенти худ мефахрад”.

Шиму костюми Ғаффоров дар даъвати нави Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз ба кори худ шурӯъ намуд, нав буд. Он дафъа шиму костюми кабуд ба бар дошту дина сиёҳ.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Аммо ин маъноеро набояд дошта бошад, ки акнун мо “вакили комилан дигар” хоҳем дошт. Даъвати нави қабати поёнии порлумон на танҳо бо он нукта ба порлумони собиқ монандӣ дорад, ки маҳз мисли панҷ сол пеш дар таърихи 17-уми март ба фаъолият пардохту онро Абдуҳалим Ғаффоров ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин мисли панҷ сол пеш номзад ба раисиро ин дафъа ҳам Рустам Латифзода – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Он вақт Зуҳуровро, ин дафъа Маҳмадтоҳир Зокирзодаро.

Воқеан, дар бораи вакили аз ҳама калонсол. Пешопеши ифтитоҳи маҷлиси аввал хабарҳое пахш шуда буд, ки онро раиси Ҳизби коммунист Меъроҷ Абдуллоев раисӣ хоҳад кард. Аслан дурусташ ҳам ин буд, чун дар ҳақиқат, соли таваллуди раиси нави коммунистҳо 1948 асту аз Ғаффоров, ки соли 1951 ба дунё омадааст, 3 сол калонтар мебошад. Аммо чаро ӯро бо Ғаффорови “озмудашуда” иваз карданд, мавзӯест, ки дар ҳеч куҷо баррасӣ нашуд. Оё аз ин хушашон наомад, ки ҷаласаи аввалро як коммунист оғоз бахшад? Коммунист, ки аз сотсиалист фарқи чандоне надорад. Ё Абдуллоев, ки ба гуфти худаш беш аз 30 сол корманди милиса будааст, мисле, ки бо журналистон сӯҳбат карда наметавонад, ҳунари ҷаласаороӣ ҳам надорад?

Номаълум...

Вале чизи дигар чун рӯз равшан аст. Ҳамаи шахсони ба порлумон роҳёфта сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Ин гуна “изҳори муҳаббат”-ро онҳо на танҳо дар сӯҳбатҳои камшумори худ ҳангоми маъракаи пеш аз интихоботӣ бо мардум ва расонаҳои хабарӣ мегуфтанд, ки ҳамчунин дирӯз қисме аз онҳо, пас аз анҷоми ҷаласаи аввал дар сӯҳбат бо хабарнигорони шабакаҳои давлатии телевизионӣ боифтихор таъкид намуданд:

“Мо кӯшиш мекунем боварии Пешвои миллатро сазовор бошем!”

Ҷаласаи нахустини ҳайати нави порлумони Тоҷикистон. 17-уми марти 2020
Ҷаласаи нахустини ҳайати нави порлумони Тоҷикистон. 17-уми марти 2020

Бо ҳамин, оё “вакилони бовиҷдон” иқрор шуданд, ки сару садо дар бораи “кисагӣ” будани онҳо беҷо нест ва бештар аз ин, мардум, ки гӯё ба онҳо раъй додааст, ба изҳори сипос зарурат надорад, чун онҳо “дар ҷои дигар интихоб” шудаанд?

Ба ин тартиб, ба порлумоне, ки акнун 20-сола мешавад, гуфтан мумкин мардуми Тоҷикистон одат кардаанд. Аз ҳамин ҷост, ки эътимоду муроҷиат ба онҳо ками кам аст. Ҳарчанд Шукурҷон Зуҳуров пешопеши рафтани худ дар ҷаласаи ахир гуфт, ки “дар давоми даъвати панҷум ба унвони вакилон 3177 нома ва 19653 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гаштааст”, аммо биёед ин “рақами воҳимаро” ҷиддӣ нагирем.

Аввалан, барои 5 соли 63 вакил ин теъдод, ҳатто дар сурати ворид шуданашон, ночиз аст ва баъдан итминони комил дорам, ки ҳатто Зуҳуров хуб медонад: ба ӯву вакилон бо масъалаҳои ҷиддӣ муроҷиат намекунанд.

Ин нуктаро спикери собиқ дар суханронии аз коғаз берунаш ба маъное эътироф кард: “Вале сад афсус, ки гоҳе аз бемасъулиятӣ ва дастрас набудани масъулону маъмурони идораҳо дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандон маҷбур мешаванд барои ҳалли масъалаҳои одии хеш ба Президенти кишвар ва Маҷлиси Олӣ муроҷиат намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон, зимнан, дирӯз дар ҷаласаи порлумон ҷойгоҳи хос дошт. Гап ҳатто дар бораи курсии зарҳалини ӯ намеравад, ки аз роҳбарияти порлумон ва вакилон фарқ мекард. Матни суханронии президент дар ягон расонаи хабарӣ нашр нашуд, аммо аз гузоришҳои телевизионӣ бармеомад, ки ӯ ба таври камсобиқа бе коғаз гап мезанад. Ба эҳтимоли қавӣ аз таҷрибаи вакилии худ дар солҳои 90 ва мақоми ин шохаи ҳокимият дар он давра бо ҳарорат суҳбат дошт.

Порлумони солҳои 1990-95, ки дар муҳити иҷтимоӣ – сиёсии Тоҷикистон ба он назарҳо якхела нест, ба ҳар сурат ҳамчун ягона порлумоне ном бурда мешавад, ки рукнҳои демократиро дар худ ҷо дода буд. Маҳз ин порлумон боис ба зуҳури шахсияте чун Эмомалӣ Раҳмон гашт, ҳарчанд то апрел – майи соли 1992 ӯро ҳам ба ҷумлаи вакилони фаъол ҳамроҳ кардан имкон надошт. Гурӯҳи 15 – 20-нафарии блоки демократии депутатҳо буданд, ки ягон иҷлосияро “бе гап” анҷом намедоданд ва ин ҳама тариқи ТВ ва радио пахш мешуд.

Баъди он, дар даъвати 1995 – 2000-ум ҳам ҳузури “боевикҳо” то ҷое тавозунро ҳифз мекард ва порлумонро ба сифати як шохаи мустақили давлат муаррифӣ менамуд. Ёдоварӣ аз онҳо фақат ба хотири ҳифз кардани ҳамин тавозун зарурат дорад. Вагарна гумон аст, ки онҳо дар бораи кори порлумон ва нақши қонунофарӣ тасаввуроте доштанд. Дар даъвати соли 2000, ки акнун “порлумони касбӣ” ва дутабақа доштем, ҳузури ҳамагӣ чанд вакил эҳсос мешуд. Он замон коммунистҳо пас аз ҳизби ҳоким аз нигоҳи шумора ҷойи дуюмро дар Маҷлиси намояндагон ишғол мекарданд. Барои ҲНИТ, ки он замон ҳоло ҳизби расмӣ буд, 2 вакил “меъёр” муқаррар шуда буд, ки дар даъватҳои 2005 -2010 ҳам ҳифз мешуд. Аммо мавқеи коммунистон дар порлумон оҳиста – оҳиста коҳиш меёфт ва дар ҳар интихобот теъдоди номзадҳояш кам мешуд. Ниҳоят соли 2015 на ҲКТ ва на ҲНИТ ба қабати поёнии порлумон роҳ наёфтанд.

Бо ҳамин як давраи фаъолияти порлумон, ки таҳлилгарон мегуфтанд, ҳадафи ҳукумат аз чунин шакл доданаш, ҳушдор ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи тезиси “Пас аз ҲХДТ фақат ҲКТ ва ҲНИТ дар Тоҷикистон мақом дорад. Ба Шумо маъқул аст, ки бо коммунистҳо ё исломиҳо ҳамкорӣ кунед?” ифода ёфта буд, тамом шуд.

Пас аз ин “давраи бисёрҳизбии порлумон” пеш омад ва акнун дар он намояндагони ҳизбҳои навпайдову камтаъсире чун аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалист ва демократ ҷо дода шуданд. Аммо даъвати ахир ҳам нишон дод, ки танҳо як вакили фаъол ва он ҳам дар охири фаъолият – Сайҷаъфар Усмонзода аз ҲДТ дорад. Сотсиалист Ғаффоров ҳарчанд дар ҷаласаҳои порлумон баҳсҳои иҷтимоие мекард, Маҷлиси намояндагонро ба сифати як шохаи мустақил муаррифӣ нанамуд. Сухан сари набуди тавозун меравад, ки гӯё порлумон бисёрҳизбӣ шудааст, аммо онро соҳиб намешавад.

Ба назар мерасад, ки чунин як порлумони номустақилро ҳатто дар сатҳи ҳукумат ҷиддӣ намегиранд.

Ба ҳар сурат, иҷлосияи аввали порлумон дар соли 2015, Шукурҷон Зуҳуров аз вазирону раҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ талаб намуд, ки ҳангоми баррасии қонуну санадҳои марбут ба соҳа, шахсан худашон ширкат кунанд. Ин ҳушдори раиси Маҷлиси намояндагон бо таваҷҷуҳ ба “нописандӣ”-и раҳбарони се вазорат дар иҷлосияи он рӯз сурат гирифт. Гап дар бораи вазирони корҳои дохилӣ, молия ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мерафт, ки дар иҷлосия ширкат надоштанд. Зуҳуров вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба қавле “сафед” кард, ки онҳо субҳ занг зада, маъзарат хостаанд, ки дар иҷлосия худашон ширкат карда наметавонанд ва ба ҷояшон муовинонашон мераванд.

“Аммо вазири молия бидуни огаҳӣ ширкат надорад” - шикоят карда буд ӯ.

Зуҳуров ҳарчанд дар чанд иҷлосияи панҷ соли ахир, ба қавле гапи ба мардум наздик гуфт, аммо натавонист кори маҷлисеро, ки ба анҷом расонд, мустақил арзёбӣ намояд. Бо ин вуҷуд, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш карду “комилан касбӣ” хонд. Спикери собиқ вобаста ба интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқидҳои мухолифон гуфт: "Онҳо, масалан, мегӯянд, замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир бошад, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, бемамоният қабул ё тасдиқ мешавад, ё худ, вакилон бо равиши об шино мекунанд".

Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, ҳукумат бо порлумон шарики якдигаранд ва "байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад". Ва афзуд: "Мо дар оинаи нилгун мебинем, дар кишварҳое, ки парламентҳо ва ҳукуматҳо ба тарафкашию муноқишаҳо моиланд, оқибати корашон чӣ шуда истодааст".

Ба ин монанд президенти Русия Владимир Путин ҳам чанде пеш изҳори назар кард ва гуфт, “порлумон ҷои баҳс аст, на макони задухӯрд ва “пиар” -и худ”.

Воқеан, порлумон, ки баромада аз вожаи англисист (англ. parliament, фр. parlement, аз parler - гуфтан), маҳз дар Англия бори аввал ташкил шудааст. Он ҳам дар заминаи ихтилофи назари байни подшоҳ ва феодалҳо дар андозбандии беадолатона. Дуруст, мо ҳоло расман подшоҳ ва феодал надорем, аммо порлумон ба сифати як шохаи ҳукумат, ки масъалаҳоро дар минбари он бо роҳи баҳс дар қонунгузориҳо ҳал мекунанд, бояд вуҷуд дошта бошад.

Тайи 20 соли вуҷуди худ Маҷлиси намояндагон чунин рисолатеро бо дилпурӣ гуфтан мумкин, ки иҷро накардааст ва ҳарчӣ ҳукумат хост, онро “ҷомаи расмӣ” пӯшонд.

Бештар аз ин, ҳамон Абдуҳалим Ғаффоров, ки имрӯз дар борааш зиёд гуфтем ва дина қариб як соат спикер ҳам буд, ба саволи дигари мо, ки агар порлумони мо шохаи мустақил асту онҳо намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф, чаро ҳукуматро интиқод намекунанд, посухи аҷибе дод:

"Мо раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар мухолифати конструктивӣ бо ҳизбҳои фаъол қарор дорем, дар муносибат бо ҳам фарҳанги баландро дар мадди аввал мегузорем. Таҳаммулпазирем. Соли 2006 вақте номзад ба президентӣ будам, аз ман хабарнигорони хориҷӣ пурсиданд, ки чаро Шумо рақибони худро сахт танқид намекунед? Посухи ман ин буд, ки фарҳанг ва ҷомеаи Шарқ аз Ғарб комилан фарқ мекунад. Дар мо, баръакс, агар рақибро сахт интиқод кардед, мардум дар симоятон нафареро мебинанд, ки ҳарифи худро эҳтиром намекунад."

Пас аз ин гуна вакил ва ҳизби сиёсӣ чӣ метавон интизор шуд?

Дар давраи интихобот латифае бофта буданд, ки мардум онро бошавқ байни ҳам нақл мекарданд:

"Аз Абдуҳалим Ғаффоров пурсиданд, ки 5 сол дар порлумон хоб будед. Пас чаро номзадии худро аз нав пешбарӣ кардед?

Посухи ӯ:

- Агар ҷои хобамро иваз кунам, хобам намебарад!"

Хоби хуш, вакилони мӯҳтарам!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG