Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз шикоят. Ёрмандӣ ба мардуми осебдидаи Ҳалқаҷар. АКС


Хонаи яке аз осебдидагон.

Мақомоти расмии Хатлон мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои сели вайронгар даҳҳо маъмури наҷот ва садҳо корманди ихтиёриро ба ноҳияи Хуросон фиристодаанд.

Интиқоли 50 афсару сарбози Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва 400 ихтиёрӣ ба деҳаи Ҳалқаҷари ноҳия баъд аз он сурат гирифт, ки сокинони осебдида дар сел гуфтанд, муҳтоҷи кумакҳои фаврӣ ҳастанд, вале касе ба додашон намерасад ва аз аҳволашон намепурсад. Сокинон мегӯянд, баъд аз пахши шикояташон дар Радиои Озодӣ мақомот ба ёрӣ шитофтанд.

Шӯъбаи иттилоотии ҳукумати Хатлон рӯзи 25-уми март хабар дод, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои суръат бахшидан ба поксозии хонаҳои мардум аз гил, "4 тонна сӯзишворӣ ҷудо кардааст". Ҳамчунин "чаҳор мошини борбари Дулан барои кашонидани сангу шағал, 7 экскаватор ва дигар техника" ҷалб шудаанд.

Барои ҷилавгирӣ аз беморӣ хонаҳои осебдидаро безарар кардаанд.
Барои ҷилавгирӣ аз беморӣ хонаҳои осебдидаро безарар кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ "хона ва заминҳои наздиҳавлигии 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷар ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаобод, инчунин муассисаи таълимии рақами 24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо ва масҷидро дезинфексия ва ё безарар кардаанд."

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати деҳоти ба ном Садриддин Айнӣ, ки деҳаи Ҳалқаҷар тобеи он аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар поксозии деҳа садҳо нафар, аз ҷумла табибону омӯзгорон ва худи мардум ширкат доранд.

Пеш аз эълони ҳукумати вилояти Хатлон гурӯҳе аз сокинони Ҳалқаҷар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди фалокати табиӣ ба онҳо кумаки дуруст нарасониданд. Яке аз онҳо Зарина Мавлонова рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "як кас ба сӯи хонаи мо тоб намехӯрад. Ҳеч кас ҳам ёрӣ накардааст аз тарафи давлат, то лойро барорем."

Баъзеҳо шикоят карданд, ки маъмурони наҷот ва ё кормандони ҳолатҳои фавқулода корашонро дуруст анҷом намедоданд. Ёсин Абдуллоев, сокини дигари деҳа гуфт, "мӯзаҳои зард пӯшидаанд, ба даруни лой даромадан намехоҳанд".

Шарифалии Муродзод, сокини деҳаи Ҳалқаҷар гуфт, аз Радиои Озодӣ сипосгузор аст, чун то расонаӣ шудани вазъашон мақомот ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ надоштанд. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳоло мақомот ва афсарон ба ёрӣ омадаанд. "50 афсар вобаста шуда, хонаҳоро аз гил тоза доранд. Аммо ҳоло маълум нест, ки хисороти молӣ ва талафоти чорво барқарор мешавад ё на," - гуфт Шарифалии Муродзод.

Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва сели шоми 21-уми март дар деҳаи Ҳалқаҷар обу гил ба хонаҳои мардум ворид шуд ва як нафар сокини деҳа Мирзоқул Раҳмонқулови 59-соларо ба ҳалокат расонд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, арзёбии хисорот идома дорад, вале дар умум сел ба беш аз 200 хона осеб расонидааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то соли 2016 дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон тахминан 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён дидааст ва ин фалокатҳо ба мисли обхезиву, заминлразаву ярч ва тарма, ба 7 миллион нафар асари манфӣ гузоштаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG