Моҳи ноябри соли 2005, расо 15 сол пеш, ҷараёни ба ихтиёри посбонони тоҷик супурдани муҳофизати сарҳади 1300 километрии Тоҷикистону Афғонистон хотима ёфт. Сарҳадбонони тоҷик бори аввал мустақилона ба муҳофизати ин марзи тӯлонӣ, ноҳамвору пурпечутобу хатарнок ва осонгузар барои қочоқбарон шуруъ карданд. Дар ин муддат даҳҳо нафарашон дар ҷанг бо қочоқбарони маводи мухаддир ҳам кушта шудаанд. Марзҳову марзбонони тоҷику русро дар ин аксҳо бубинед.
Аз рафтани русҳову омадани тоҷикон ба марзи дарозу хатарнок 15 сол гузашт

5
Баъди ҷанҷоли зиёд ва ҳаёҳуи расонаҳои Русия, ки марзбонони тоҷик тавоноии муҳофизати марзро надоранд, сарҳад дар ниҳоят соли 2005 ба дасти неруҳои Тоҷикистон гузашт. Инҷо марзбонони тоҷик дар канори рӯдхонаи Панҷ ҳастанд. Акса аз моҳи августи соли 2010.

6
Марзбонони тоҷик дар хати марз дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Панҷ. Яке аз гузаргоҳҳои аслӣ барои қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон.

7
Дар муддати 15 соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон се пуле сохтанд, ки ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Сарҳадбонони тоҷик ҳангоми тафтиши санади онҳое, ки ба Тоҷикистон мегузаранд.

8
Марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз роҳҳои асосии қочоқи афюну ҳероину банг ва дигар маводи мухаддир ба Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба ҳисоб меравад.