Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё бо сабабҳои дигар? ВИДЕО


Лаҳзае аз барнома
Лаҳзае аз барнома

Чаро теъдоди занони тоҷик, ки фарзандонашонро дар Тоҷикистон мемонанду барои кор ба Русия мераванд, зиёдтар мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2021 аз ним миллион нафаре, ки барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафтанд, 13 дарсад занон буданд. Онҳоро чӣ маҷбур кардааст, ки кӯдакон ва хонаводаро гузошта ба Русия бираванд?

Мавзӯи "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст. Меҳмонон: Ойниҳол Бобоназарова, мудири созмони "Перспектива плюс" ва Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик. Масъулони Кумитаи занонро ба барнома даъват кардем. Онҳо дар номае тасдиқ карданд, ки як намояндаашон иштирок мекунад, вале ӯ дар лаҳзаи охир бо баҳонаи беморӣ наомад.

Суолҳои барнома:

  • Занони тоҷике, ки ба муҳоҷират мераванд, бештар аз кадом қишри ҷомеаи кишвар ҳастанд?
  • Ин гуфта ҳаст, ки беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи зан дар дохил, издивоҷҳои бармаҳалу зуд ҷудо шудан, зери таънаву маломат мондан ва танҳову дастнигар шудани занони ҷавон аз омилҳои муҳоҷирати занон аст. Назари шумо чист?
  • Дар як гузориши Созмони Милал гуфтаанд, агар дар кишваре сиёсати ҳукумат нисбат ба занон табъизомез бошад, занону духтарон ба кор, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва таҳсил дастрасӣ надошта бошанд, муҳоҷирати кории занон зиёд аст. Оё дар Тоҷикистон ҳаминро мушоҳида мекунед?
  • Занон дар муқоиса ба мардон ҳамеша як табақаи осебпазир буданд ва мо медонем, ки чӣ гуна ҳуқуқи мардони муҳоҷир дар Русия зери по мешавад. Занони муҳоҷири тоҷик бештар ба кадом сахтиҳо рӯбарӯ ҳастанд?
  • Дар умум муҳоҷирати кории занони тоҷик ва дур мондани онҳо аз фарзандон барои ҷомеаи Тоҷикистон чӣ оқибат дорад?
  • Муҳоҷират, албатта, фақат балову мушкилиҳо надорад, баъзан бар манфиати занон ҳаст, ки зиндагиашон беҳтар мешавад. Метавонед бигӯед, ки дар умум муҳоҷирати корӣ чӣ хубиҳое барои занони тоҷик дорад?

Иқтибосҳое аз барнома:

"Асосан қишре ҳастанд, ки вазъи хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надоранд. Ин як. Дувум, ба назди ҳамсари худ мераванд. Севум, чанд нафар ба ман гуфтанд, ки дар Русия назар ба Тоҷикистон шавҳар ёфтан осон аст.”

“Қисми асосӣ аз оила ҷудо шудаанд. Зиндагияшон вайрон аст. Онҳо маҷбуранд, ки ба муҳоҷират бираванд, то як бурида нон ёбанд. Мутаассифона. Қисми дигар донишҷӯ ҳастанд, аммо бисёр кам.”

“Ҷомеаи Тоҷикистон фарҳанги оиладориро аз даст дод. Мардум фақат дар ғами шикам ҳастанд. Мактаб, оила ва муҳит тарбияи дуруст надоранд. Арзишҳо дигар шуд... Пештар чанд ташкилот аз муҳоҷирон муҳофизат мекарданд. Имрӯз ҳамаи онҳоро “агентҳои хориҷӣ” эълон карданд. Барои як ё ду нафар ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон мушкил аст. Мо бояд роҳҳоеро ёбем, ки танҳо барои Русия кадр омода накунем. Беҳтарини беҳтаринҳо рафта истодаанд. Мо бо кӣ мемонем? Вазифаи аслии Кумитаи занҳо ёрӣ ба занони муҳоҷира аст. Бояд бо диаспораҳо дар тамос бошанд.”

“Ин масъала бояд дар дохили ҷумҳурӣ ҳал шавад. Роҳҳои ба давлатҳои дигар бурдан ҳаст, вале намедонам аз чӣ сабаб истифода намекунанд. Ё намехоҳанд, ки мардуми мо ҷаҳондида шаванд. Ин давлатҳо озод ҳастанд ва шояд метарсанд, ки мардум баъди бозгашт ҳуқуқи зиёд талаб мекунанд. Ҳамаро ба муҳоҷират мефиристанд, ки худ қути лоямутро ёфта биоед. Агар мо пулу қути лоямутамонро ёбем, суоле бармеояд, ки шумо дар сатҳи боло чӣ даркор ҳастед?”

“Фарзандоне, ки дар кӯча ҳастанд, оқибат насле мешаванд, аз маърифату худшиносиву имон хеле дур. Мегӯем, ки ояндаи мо ҷавонон ҳастанд. Агар ҷавонони мо имрӯз аробакашӣ ва гадоӣ кунанд, чиро мунтазир шудан мумкин? Оқибати бад дорад. Миллатро мешиканад. Мо бояд сармояҳоро ба Тоҷикистон биорем. Набояд ба умеди Хитой ва Русия шуд. Муҳоҷиратро кам кунем. Бе ин ҳам ҳар рӯз мурда меоранд. Пештар фақат тобути мардонро меоварданд, ҳоло тобути занонро меоранд... Дар давлате, ки фасод ҳаст, қонун нест, хубӣ намеорад.”

“Агар муҳоҷират бист дарсад фоида дорад, ҳаштод дарсад зиён дорад. Бисёре аз муҳоҷирони мо бемори равонӣ шудаанд. Инҳо стресс мегиранд. Пулис медорад, патент надоранд, кор мекунанд, вале пулро гирифта наметавонанд. Бисёриҳоро хунук мезанад. Ман занеро медонам, ки ду фарзандаш дар Русия аст, вале модари худро рафта намебинанд, ёрӣ намекунанд. Одамони мо аз муҳоҷират фоидаи камтар мегиранд. На дар Русия қонун ҳаст, на дар Тоҷикистон.”

Барномаро дар инҷо бинед:

Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё сабабҳои дигар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:42:21 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG