Ғам болои ғам. Зилзилаҳои пайиҳам ҳаёти аҳолии Ҳиротро вазнин кард
Ҳанӯз пайомадҳои заминларзаи пурталафоти чанд рӯзи пеш бартараф нашуда, боз як зилзилаи пуршиддати дигар вилояти Ҳироти Афғонистонро такон дод. Сокинон мегӯянд, заминларзаи субҳи 11-уми октябр ранҷу азоби мардуми ғамзадаи вилоятро дучанд кард. Дар зилзилаи панҷ рӯз пеш дар ин минтақа беш аз ду ҳазор нафар ҷон бохтаву, деҳаҳо ба харобазор табдил ёфтанд.

1
Навраси афғон, дар сари қабрӣ бародари хурдсолаш гиря мекунад. Ӯ рӯзи 9-уми октябр бар асари заминларза дар ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳироти Афғонистон ҷон бохт.
11 октябр дигарбора зилзилаи 6,3-дараҷаӣ ин ноҳияро такон дод ва 700 хонаро дар деҳаи Чоҳак хароб кард.
11 октябр дигарбора зилзилаи 6,3-дараҷаӣ ин ноҳияро такон дод ва 700 хонаро дар деҳаи Чоҳак хароб кард.

2
Мардони афғон ҷасади занеро мебаранд, ки рӯзи 9-уми октябр дар ноҳияи Зиндаҷон фавтид.
Маркази заминларза тақрибан дар 40 километрии шимолу ғарби вилоят буд. Масъулини беморхонаи маҳаллӣ гуфтанд, бар асари заминларзаи нав дасти кам 1 нафар кушта ва 65 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Маркази заминларза тақрибан дар 40 километрии шимолу ғарби вилоят буд. Масъулини беморхонаи маҳаллӣ гуфтанд, бар асари заминларзаи нав дасти кам 1 нафар кушта ва 65 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

3
Наҷотдиҳандаҳо шабу рӯз аз зери харобаҳо ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи мақомоти Толибон, дар чанд зилзилаи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот беш аз 2000 нафар ҷон бохтаанд.

4
Гиряи як марди афғон дар назди хонаи валангоршудааш. Фархан Ҳақ, як сухангӯи Созмони Миллал дар Афғонистон гуфт, дар зилзила аз ҳама бештар ноҳияи Зиндаҷон осеб дидааст. Дар ин ҷо беш аз 1300 нафар ҷон бохта, тақрибан 500 кас бедарак шудаанд.