Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҷонибек Хӯҷамуродов, донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, баъд аз бозпурсӣ шудан дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб шаби 18 ба 19-уми декабр худкушӣ кардааст. Як намояндаи мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфт, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Зулайхо Алимаҳмадова, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, мегӯяд, шавҳараш соли 2012, ҳангоми кор дар ҳайати як ширкати Эрон дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳалокат расид, вале ширкат аз пардохти нафақаи фарзандонаш сарпечӣ мекунад. Тафсилотро дар видео бинед
Дар охири мавсими имсолаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш, дар шаҳри Кӯлоб "сарбозшикор" ё "облава"-и ғайриоддӣ сурат гирифтааст. Тафсилоти ҳодисаро дар видео бинед.
Аксар дарахтони ороишӣ ва сояафкани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳи сентябри имсол аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд, хушкидаанд. Чаро? Дар ин навори видео бинед.
Баъд аз ду соли зориву тавалло Оишамоҳ волидонро розӣ кард, ки ӯро бигузоранд ба мактаб равад. Вай 11-сола ва маъюби гурӯҳи якум аст. Аз тифлӣ ба фалаҷ гирифтор аст. Деҳаашон дар ноҳияи Муъминобод мактаб надорад. То мактаби деҳаи ҳамсоя 5 километрро ӯ бо кумаки хоҳар ва ҳамсинфонаш тай мекунад.
Баҳс сари оби як чоҳ миёни аҳолии деҳаи навбунёде дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ва як соҳибкор, аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад.
Ёфтҳои бештар