Он бахши таърихи Русия, ки бо номи Владимир Путин пайванд мегирад, аз 9-уми августи соли 1999 сар мешавад. Он вақт касе пешбинӣ карда наметавонист, ки мудири начандон маъруфи ФСБ раиси ҳукумати Русия мешавад. То ин дам ба замони раёсати ӯ бар Русия бист сол гузаштааст. Ва касе намедонад, ки даврони Путин то кай идома хоҳад кард. Дар ин нигористон ҳамаи тағйирот, аз ҷумла дар ҳаёт ва сиёсатҳои Путин дар бист соли ҳукуматдориаш, тасвир ёфтааст.
Чиҳил акс аз бист соли ҳукуматдории Путин. Чӣ тағйир ёфт?

29
Владимир Путин баъд аз чаҳор соли нахуствазирӣ, соли 2012 боз президенти Русия интихоб шуд. Дар акс Путин бо ҳамсараш Людмила тасвир ёфтааст, ки пас аз адои савганд калисоро тарк мекунанд. 7 майи 2012. Баъд аз як соли ин воқеа, ҳамсари Путин дар бораи талоқ хабар дод. Президенти Русия расман муҷаррад аст.

30
Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Амрико Барак Обама дар нишасти раҳбарони G8 дар Ирландияи Шимолӣ. Июни 2013. Соли 2014 пас аз ишғоли Қрим ва оғози низоъ дар Украина Русия аз гурӯҳи ҳаштгона ронда шуд.

31
Владимир Путин дар Минск ҳангоми дидор бо президенти Украина Петро Порошенко. Августи 2014

32